Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Дата публикации: 14:0003.02.2022
Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илми Тоҷикистон, имрӯз 3 феврал дар нишасти матбуотӣ, хабари аз кор рафтани 2067 нафар омӯзгорони вилояти Хатлонро тасдиқ намуд ва гуфт, ки ин танҳо як падида аст ва аз он фоҷиа насозед.
Вазир гуфт, ки аз кор рафтани омӯзгорон ҳамасола ба назар мерасад ва он омилҳои гуногун дорад.
“Аз кор рафтану ба кор қабул кардани омӯзгорон дар мактабҳои кишвар ҳамасола ба назар мерасад. Ин падидаи нав нест, аз он фоҷиа насозед. Омӯзгорон на танҳо аз сабаби кам будани маош ва муҳоҷират балки баъзеи онҳо ба нафақа мебароянд, баъзе беморанд ва ё ҷои истиқоматашонро иваз мекунанд”, - изҳор дошт, Муҳаммадюсуф Имомзода.
Ҳамчунин вазир қайд кард, ки соли гузашта аз миёни 140 ҳазор омӯзгор 593 нафар бемор шуда ё фавтиданд, 2228 нафар ҷойи зисташонро иваз карданд ва 1031 нафар ба нафақа баромаданд. Аммо ӯ нагуфт, ки шумораи умумии муаллимони аз кор рафта дар соли 2021 чӣ қадар аст.
Чанд рӯз пеш Раёсати маорифи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотиаш хабар дода буд, ки , соли гузашта аз ин вилоят 2067 омӯзгор аз кор рафтаанд.
Тавре вазир қайд кард дар мактабҳои Тоҷикистон норасоии муаллимон на он қадар зиёд ба назар мерасад. Ба гуфти ӯ ҳамасола муассисаҳои олии омӯзгорӣ наздики 16 ҳазор кадрҳои нав омода мекунанд, ки ба ҷои муаллимони рафта ба кор қабул мешаванд.
Имомзода гуфт, дар соли таҳсили 2021 – 2022 муассисаҳои таълимӣ ба 2 ҳазору 166 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доштанд ва ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 ҳазору 124 нафар омӯзгор намерасад.
Малика Сафарзода
Комментарии (0)
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад