logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Вазири маориф:”Аз кор рафтани омӯзгорон падидаи нав нест аз он фоҷиа насозед”

Масъалаи аз кор рафтани омӯзгорон ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Your tj

12:0003.02.2022

Вазири маориф:”Аз кор рафтани омӯзгорон падидаи нав нест аз он фоҷиа насозед”

Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илми Тоҷикистон, имрӯз 3 феврал дар нишасти матбуотӣ, хабари аз кор рафтани 2067 нафар омӯзгорони вилояти Хатлонро тасдиқ намуд ва гуфт, ки ин танҳо як падида аст ва аз он фоҷиа насозед.

Вазир гуфт, ки аз кор рафтани омӯзгорон ҳамасола ба назар мерасад ва он омилҳои гуногун дорад.

“Аз кор рафтану ба кор қабул кардани омӯзгорон дар мактабҳои кишвар ҳамасола ба назар мерасад.  Ин падидаи нав нест, аз он фоҷиа насозед. Омӯзгорон на танҳо аз сабаби кам будани маош ва муҳоҷират балки баъзеи онҳо ба нафақа мебароянд, баъзе беморанд ва ё ҷои истиқоматашонро иваз мекунанд”, - изҳор дошт, Муҳаммадюсуф Имомзода.

Ҳамчунин вазир қайд кард, ки соли гузашта аз миёни 140 ҳазор омӯзгор 593 нафар бемор шуда ё фавтиданд, 2228 нафар ҷойи зисташонро иваз карданд ва 1031 нафар ба нафақа баромаданд. Аммо ӯ нагуфт, ки шумораи умумии муаллимони аз кор рафта дар соли 2021 чӣ қадар аст.

Чанд рӯз пеш Раёсати маорифи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотиаш хабар дода буд, ки  , соли гузашта аз ин вилоят 2067 омӯзгор аз кор рафтаанд.

Тавре вазир қайд кард дар мактабҳои Тоҷикистон норасоии муаллимон на он қадар зиёд ба назар мерасад. Ба гуфти ӯ ҳамасола муассисаҳои олии омӯзгорӣ наздики 16 ҳазор кадрҳои нав омода мекунанд, ки ба ҷои муаллимони рафта ба кор қабул мешаванд.

Имомзода гуфт,  дар соли таҳсили 2021 – 2022 муассисаҳои таълимӣ ба 2 ҳазору 166 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доштанд ва ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 ҳазору 124 нафар омӯзгор намерасад.

Малика Сафарзода

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

2 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

2 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

4 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

5 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

5 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ