Новости
Истории
Подкасты
Афиша
Бизнес
Ҳушдори Вазорати меҳнат ба муҳоҷирон: ашёи бегонагонро дар Русия барои интиқол қабул накунед
Дата публикации: 12:5612.03.2025
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ҳангоми сафар ба ин кишвар ё бозгашт ба Ватан дар фурудгоҳҳо бағоҷ, ҳуҷҷатҳо ва дигар ашёи шахсони ношиносро қабул накунанд.
“Ҳангоми сафар ба Русия ё зимни бозгашт ба Ватан дар фурудгоҳҳо бағоҷҳои шахсони ношинос, ҳуҷҷатҳо ва дигар ашёи номуайянро барои интиқол додан ба кишвари дигар қабул накунед”,- омадааст дар изҳороти намояндагӣ.
Инчунин, гуфта мешавад, муҳоҷироне, ки дар дохили Русия аз як вилоят ба вилояти дигар сафар мекунанд, аз қабули бағоҷи шахсони бегона худдорӣ намоянд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, шахсоне, ки ба фаъолияти таксиронӣ ё хизматрасонии интиқоли фармоиш машғуланд, бояд қабл аз қабул, пурсон шаванд, ки онҳо чиро интиқол медиҳанд.
Намояндагӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки “аз интиқоли ашёи иҷозаташон мамнуъ ва истифодаашон ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд”.
Барои маълумоти бештар шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp) ба намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Читайте также
«Это не маркетинговый ход»: зачем владелец BreadCoffee в Душанбе сделал свое кафе pet-friendly
3 дня назад
«Девочки, газуем!»: как Марина из Душанбе учит женщин не бояться руля
3 дня назад
Alif Tech представил Bino - единую систему для застройщиков и управляющих компаний
4 дня назад
От хакатона NASA до собственной компании в США. Как парень из Худжанда строит карьеру разработчика в Нью-Йорке
5 дня назад
Как вернуть городу прохладу: европейский опыт и решения для Центральной Азии
7 дня назад