Зиндагии беш аз як аср. Қиссаи зиндагии як пиразани 105 сола аз Суғд

Тибқи маълумоти омории соли 2021 дар Тоҷикистон 109 нафар шахсони аз 100 сола боло зиндагӣ доранд. Мо тасмим гирифтем, ки дар бораи яке аз чунин нафарон, ки дар Тоҷикистон кам ба назар мерасанд, нақл кунем. Гулнорой  Мураминова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мебошад, ки 105 сол дорад.

 “Обу равғани замони Николайиро хӯрдаам!”

Тавре наздикони ин пиразан нақл мекунанд, ӯ то як сол қабл хеле бардаму боқувват будааст. Аммо, чанд вақт боз қобилияти шунавоӣ ва қувваи ҳофизааш каме суст шудааст. Албатта, то ҳол  бо ёрии наздикон роҳ меравад ва мустақилона хӯрок ҳам мехӯрад.

“Ман  4 фарзандро калон кардам. Шукри Худо, ки зиёда аз  21 набера ва 33 абера дорам, ҳар якашонро то ҳол хуб мешиносам.

Ман обу равғани давраи Николайиро  хӯрдаам, ана барои ҳамин,  боқуввату мадор ҳастам”, – бо шӯхи нақл мекунад, Гулнорой – бибӣ.

Ба ақидаи ӯ, ҷавонони имрӯза хеле нозуканду аз доруворӣ ва маводҳои кимиёвӣ зиёд истифода мекунанд. Қаҳрамони мо мегӯяд, ки дар тӯли ҳаёти беш аз як асрааш боре ҳам бемор нашудааст ва ҳамагӣ 4 маротиба ба беморхона рафтааст.

“Ман бисёр “укол” ва дору нахӯрдаам. Фақат 3  бор дар таваллудхона рафтааму  халос. Рагу пайам бо меҳнат шах шудааст. Ин ҷавонҳои имрӯза бо дорую чак-чак зиндаанд. Сабаби ҷавон вафот карданошон ҳамин доруҳояшон аст”, – шӯхиомез мегӯяд, Гулнорой- бибӣ.

“Ба варзиш машғул шавед”

Тавре наздикони бибӣ нақл мекунанд, ҳар бор ба фарзандону набераҳо таъкид мекардааст, ки зиёд  дорую сӯзандоруҳои пур аз химияро нагузаронида, беҳтараш тарзи ҳаёти солимро интихоб кунанд, ғизои солим хӯранду меҳнат кунанд ва ё ба варзиш машғул шаванд.

Худи холаи Гулнорой то ҳол аз ҳар гуна хӯрокҳои носолим парҳез мекунанд ва кам хӯрок мехӯранд. Духтари ин зан мегӯяд, ки дар якшонбанарӯз 3 маротиба кам-кам хӯрок мехӯрад, то ҳазми он барояш осон шавад.

Холаи Гулнорой бо келин ва духтараш.

“Бисёр вақт гӯшти говро мулоим карда мепазем. Ин намуди хӯрокро модарам хеле дӯст медоранд, мегӯянд, ки ба одам қувват мебахшад. Барои хӯроки шом танҳо хӯрокҳои сабук ва обдор омода мекунем, аз ҷумла,  хомшӯрбо, мастоба ва ғайра.

Аз маҳсулоти нонӣ, танҳо “хлеб” мехӯранд.  Чун анъана ҳар замон “ба чоям  қанди сафед андоз”  мегӯянд. Вале, дар асл аз хӯрдани ширинӣ худдорӣ мекунанд”, – мегӯяд, Мисқол –хола, ки духтари бибӣ – Гулнорой мебошад.

Даҳшатҳои давраи ҶБВ

Гулнорой Мураминова 1- уми июли  соли 1917 дар ноҳияи Ҷилликул таваллуд шудааст. Дар оилаи онҳо аз 4 писару 4 духтар ба дунё омадааст. Падар ва 4 додари Гулнорой ба  ҷанг мераванд, 3 додараш дар ҷанг мефавтанд. Аз он солҳои  қаҳтиву қимматӣ  як додар ва як хоҳараш зинда мемонанд.

То имрӯз аз он рӯзҳои даҳшатовар порча – порча хотираҳо дар ёди холаи Гулнорой нақш бастаанд ва ӯ доим ҳар чизи ба ёдаш омадаро ба наберагон нақл мекунад.

“Ман ва чандин духтаракони ҳамсоламро барои кори ақибгоҳ тайёр карда буданд, 5 сол дар он ҷо кор кардаам.

Мо  дар вақти  гандумдаравӣ хеле  монда мешдуем, чунки беист кор мекардем. Бисёр вақт барои сарбозон хандақ низ мекофтем.  Кор бо автоматро низ ба мо ёд дода буданд”, – аз он рӯзҳои сахт ҳар ҷо – ҳар ҷо нақл мекунад, холаи Гулнорой.

Замони оғози ҶБВ ӯ ҳамагӣ 24 сол доштааст ва дар хотир надорад, ки дар куҷо хандақ кофтаасту чаро кор бо автоматро ба онҳо мӯзонидаанд.

Қиссаи вохӯрии Элмурод ва Гулнорой

Баъди ба итмом расидани солҳои вазнини ҷанг Гулнорой бо Элмурод ном  ҷавони тоҷир аз шаҳри Истаравшан хонадор мешавад. Тавре духтари қаҳрамони мо нақл мекунад, падараш Элмурод (шавҳари холаи Гулнорой) аз Истаравшан ба вилояти Хатлон тарбузу харбуза бурда мефурухтаанд. Элмурод дар ноҳияи Колхозобод бо тағои Гулнорой, ки он ҷо зиндагӣ мекардаанд, шинос мешавад ва ҷиянашро бо дӯсташ хонадор мекунад.

Элмурод, шавҳари холаи Гулнорой.

“Падарам Элмурод ном доштанд. Соли таваллуди он кас 1883 будааст. Зодгоҳи падарам  деҳаи   Янгиариқи болои шаҳри Ӯротеппа будааст. Падарам баъди солҳои ҷанг бо харароба аз ағба гузашта, ба Қурғонтеппа ва ноҳияҳои он тарбузу харбуз барои фурӯш мебурдаанд.

Рӯзе падарам бо тағои модарам, ки дар ноҳияи Колхозобод бо оилаи худашон ва хоҳарашон (модари Гулнорой) зиндагӣ мекарданд, шинос мешаванд. Чун падарам дар он ҷо бисёр мерафтанд, чанд бор дар хонаи тағокалонам меҳмон шуда, борҳо шабро рӯз кардаанд.

Вақте тағокалонам мефаҳманд, ки Элмурод зан мурда будаасту хоҳиши дубора оила барпо кардан доштааст модарамро тавсия медиҳад ва онҳоро хонадор мекунад. Падарам аз модарам 34 сол калон будаанд.”, – нақл мекунад, холаи Мисқол.

Аз Колхозобод ба Хуҷанд

Элмурод ва Гулнорой аз зиндагии якҷоя соҳиби 3 фарзанд мешаванд. Онҳо пас аз 13 соли зиндагӣ ба шаҳри Хуҷанд кӯчида меоянд. Писари калонии хонавода – Сотиболдӣ барои омӯзиши касби кафшергарӣ ба Хуҷанд меояд. Баъди он ки, соҳиби касб мешавад ва чандин сол кор мекунад, аз наздикиҳои маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд хона мехарад.

“Бо хоҳиши бародари калонӣ падару модарам розӣ мешаванд, ки аз Колхозобод ба Хуҷанд оянд.  Модарам солҳо дар колхози “Роҳи Ленин” –  и ноҳияи Хуҷанд кор мекунанд. Аз ҳамон ҷо ба нафақа мебароянд. Падарам соли 1980 дар синни 97 солагӣ  аз дунё чашм мепӯшанд”, – нақл мекунад, Мисқол-хола.

Пиразан то ҳол дар ёди шавҳараш аст ва дар ҳаққаш дуо мекунад. Вақте духтарон акси падарашонро оварданд ӯ онро гирифта се маротиба бӯсиду ба дидаҳояш молид ва табассумкунан аввал ба акс баъдан ба тарафи мо нигоҳ кард.

Холаи Гулнорой то синни 60 солагӣ дар колхози “Роҳи Ленин” кор мекунад. Ба ғайр аз ин вай дар хона бофандагӣ низ карда, ризқу рӯзии фарзадонро меёфтааст.

Файзуллохон Обидов дар суҳбат бо Гулнорой Мураминова

Имрӯз Гулнорой бо аҳли оила дар кӯчаи Ҳоҷӣ Сангини ҷамоати деҳоти Ёваи  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ дорад.  Тавре фарзандонаш мегӯянд, пас аз ба нафақа баромадан низ кори саҳро мекардааст ва то синни 85 солагӣ хӯрокашро худаш омода мекардааст.

Имрӯзҳо низ Гулнорой – хола аз наберагон хоҳиш мекунад, ки бо ӯ каме дар рӯи ҳавлӣ қадам зананд, чун ӯ тамоми умри худ ҳаракат кардааст ва барояш дар ҷое нишастан мушкил аст.

Имрӯз ҳамаи фарзандону наберагон  дар гирди модаркалони 105 – сола парвонаанд. Дар ҳар кор аз эшон дуо мегиранд. Хонаи онҳо доимо сермеҳмон аст. Ба ин хона аз гирду атроф хурду калон омада, аз модаркалон  дуои харй мегиранд.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar