fbpx

Тафсилоти тағйироти кадрӣ дар ВКД. Сардори нави милитсияи Бадахшон кист?  

Дар сохторҳои роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ 18 тағйирот ба амал омад.


-2
-2 points
Акс аз сомонаи ВКД

Дирӯз, 24-уми феврал дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори  Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ иваз карда шуд. Собиқ сардори РВКД дар Душанбе Шариф Назарзода ба ин мақом таъин гардид. Ҳамчунин сардорони РВКД – и дигар шаҳру ноҳияҳо низ иваз шуданд, хабар медиҳад сомонаи расмии ВКД.

Сардори нав кист? 

Назарзода Шариф Раҳмон – генерал – лейтенанти милитсия 29-уми апрели соли 1966 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ Олии ҳуқуқӣ.

Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 1-уми сентябри соли 1987 корро оғоз намудааст. Дорандаи медали «Ҷасорат» мебошад.

Дар давоми собиқаи кориаш дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

– Ваколатдори оперативии гурӯҳи кор бо ноболиғони ШКҶ РКД;
– ваколатдори калони оперативӣ оиди корҳои махсусан муҳими шӯъбачаи мубориза бар зидди                       нашъамандии РКД;,
– ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШКД;
– муовини сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД;
– сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД;
– муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД;
– сардори Раёсати корҳои дохилии ш. Душанбе;
– муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– сардори РВКД дар вилояти Суғд;
– аз 12 декабри соли 2017 то 24 феврали соли 2022 сардори Раёсати ВКД дар ш. Душанбе.

Тафсилоти тағйироти кадрӣ

Ҳамчунин дар мувофиқа бо президенти сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъйин гардиданд.
Аз он ҷумла:
-генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе;
-полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон;
-генерал-лейтенанти милитсия Солеҳзода Искандар ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар наклиёт;
-генерал-майори милитсия Солиев Карим Хоҷиевич ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД;
-генерал-майори милитсия Қунғуротзода Фотеҳ ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб;
-генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам ба вазифаи муовини аввали сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва Меҳмонони Олиқадр;
-полковники милитсия Ҷабборзода Холмурод Холбобо ба вазифаи сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД;
-полковники милитсия Туразода Нуралишоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;
-полковники милитсия Пирзода Сафар Қузратулло ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод;
-полковники милитсия Сайфзода Самад Мадамон ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд;
-полковники хизмати дохилӣ Амиршозода Шодихон Сафарали ба вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар ноҳияи Данғара»;
-полковники милитсия Саидзода Комилҷон Сафар ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод;
-подполковники милитсия Ҷолизода Рушон Шоали ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ;
-подполковники милитсия Ғафорзода Абдураҳим Маҳмадсаид ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Вхши вилояти Хатлон;
-подполковники милитсия Абдусамадзода Суҳроб Абдусамад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;
-подполковники милитсия Хайруллозода Қурбон Саттор ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон;
-майори милитсия Тоҳирзода Рустам Тоҳир ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъйин гардиданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
3
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend