fbpx

Зиндагии беш аз як аср №2. Қиссаи зиндагии як пиразани 103 сола аз Турсунзода

То синни 96 солагӣ Сарбоса Усмонова дар бозор ба савдо машғул будааст.


2
2 points
Сарбоса Усмонова ҳамроҳи пайвандонаш

Тибқи маълумоти омории соли 2021 дар Тоҷикистон 109 нафар шахсони аз 100 сола боло зиндагӣ доранд. Мо тасмим гирифтем, ки дар бораи чунин нафарон, ки дар Тоҷикистон кам ҳастанд, нақл кунем. Сарбоса Усмонова сокини шаҳри Турсунзода 103 сол дорад. Ӯ аз гуруснагӣ, азобҳои бемодарӣ, кори маҷбурӣ дар замони Шӯравӣ ва зиндагии имрӯзаи худ нақл кард.

Сарбоса Усмонова дар деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад. Қаҳрамони мо ба синну солаш нигоҳ накарда хеле барнодилу чусту чолок аст. Дар ҳавлии хоксорона бо духтари ягона ва набераву абераҳояш зиндагӣ мекунад. Бибӣ ҳамагӣ 6 набераву 26 абера дорад. Набераи калониаш 43 ва абераи калониаш 19 сол дорад.

“Ман дар умрам як фарзанд ба дунё овардаам. Духтарам – Анорхол ҳоло 63 сол дорад ва шукри Худо ҳамеша дастгиру нигаҳбонам аст. Набераҳоям бузург шудаанд, шумораи абераҳоямро, росташ намедонам”, – бо ханда гуфт бибӣ.

Аз рӯи нақли бибӣ дигар наздиконаш ҳам то андозае умри дароз доштаанд. Падари Сарбоса Усмонова – мулло Усмон ва бародари калониаш 78 сол ва бародарони дигараш 90, 83 сол умр дидаанд. Вале ҳамсари ин модари солхӯрда бармаҳал аз олам гузаштаст.

Овони кӯдакӣ ва марги модар

Сарбоса Усмонова 1 – уми июли соли 1920 ба дунё омадааст. Қаҳрамони мо яке аз кӯҳансолтарин сокинони шаҳри Турсунзода ба ҳисоб меравад. Ҳангоми суҳбати дурудароз  ин зани рӯзгордида, ки хеле зиндадилу хушчақчақ аст, аз рӯзҳои вазнин ва машаққати пушти сар кардааш, нақл кард.

Даврони кӯдакии бибии Сарбоса ба солҳои пошхӯрии ҳукумати Амир Олимхон ва таъсисёбии ҳукумати шӯравӣ рост меояд. Бибӣ кӯдакияшро хеле хуб дар хотир дорад, зеро он солҳо мардум рӯзҳои ниҳоят вазнинро паси сар кардаанд. Дар натиҷаи инқилобу ҷангу талошҳои пайдарпай халқи камбағал ба мушкили камбуди ғизо дучор мешавад.

“Он солҳо бароямон ниҳоят вазнин буд. Рӯзҳое буданд, ки мардум аз гуруснагӣ маҷбур шуданд кунҷора хӯранд. Бар замми ҳамаи ин дар синни 11 – солагиям бо се бародарам аз модар ҷудо шудем. Ӯ ҳамагӣ 42 – сола буду аз як бемории сироятӣ вафот кард”, – ёди модар ҳамсуҳбати моро ба хотираҳои ширин бурд ва бо оҳи чуқур нақлашро давом дод:

“Бе модар зистан барои мо ниҳоят мушкил буд. Ман, ки яккадухтар будам, ба падарам зиёдтар меҳрубонӣ мекардам. Ӯро маҷбур намудам, ки зани дигар бигирад. Ҳатто арӯсро ҳам интихоб карда будам, ки ӯ духтари тағои падарам буд. Аз ин зани меҳрубон падарам боз чор фарзанд дид” ,– дар чеҳраи бибӣ каме табассум ҳувайдо шуд.

Пахтачини пешқадам

Аз рӯи нақли Сарбоса Усмонова бо мустаҳкамтар шудани пояҳои ҳукумати шӯравӣ ва аз байн рафтани низоъҳо зиндагӣ кам – кам рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Давлат халқро ба кори колхоз ҷалб мекунад. Аввалҳо ҳатто мардумро маҷбур мекардаанд, ки зиёдтар меҳнат кунанд. Ҳамин тавр, боқимонда солҳои кӯдакӣ ва ҷавонии қаҳрамони мо дар саҳро бо пахтачинӣ мегузарад.

“Аз пахтачинҳои пешқадами колхозамон будам. Чун аз аввал духтари чаққону серкор будам. Махсусан баъди вафоти модарам, бори вазнини рӯзгорро ҳам эҳсос мекардагӣ шудам. Рӯзҳое мешуданд, ки то 100 – 130 кг пахта мечидам. Дар ҷамъомадҳо ҳамеша таърифам мекарданд. Аввалҳо давраҳои муҳтоҷӣ буд ва бар ивази меҳнати якрӯзаамон як косагӣ орд медоданд. Бо гузашти вақт рӯзҳои беҳтарро ҳам дидем”, – аз ҷавонияш ёдовар шуд модари солхӯрда.

Туҳмат ба падар дар замони таъқиботи сталинӣ

Туҳмату таъқиботи солҳои 30 – юм ба оилаи онҳо низ бетаъсир намемонад. Падари хонаводаро, ки то ба вазифаи мудири комбинати саноатӣ балнд шуда буд, бо туҳмат ҳабс мекунанд.

“Падарамро мулло Усмон мегуфтанд. Марди қоматбаланду тануманд ва ҳалолкору ҷиддӣ буд. Аз шумораи шахсони саводноки деҳа буд, зеро дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда буд. Дар аввал ӯро ба ҳайси раиси колхоз таъйин мекунанд. Баъдтар вазифаи мудирии комбинати саноатиро бар дӯш мегирад. Вале бо дасисаю туҳмат падарамро ҳабс карданд. Баъди зиндон шудани ӯ вазъияти зиндагии оилаи мо вазнинтару мушкилтар шуд”, – аз машаққати падар ва сангинии рӯзҳои гузашта ёдовар шуд бибӣ.

Чанд сол баъд мулло Усмон аз ҳабс озод мешавад ва бо касби аҷдодии худ – табиби шикастабанд рӯзгорашро пеш мебарад. Ҳамсуҳбати мо дар авҷи суҳбат якбора ба ёди волидони азизаш гузашт. Ӯ падарро ҳамчун табиби моҳир ва гӯштигири номӣ тавсиф намуд. Модарро бошад, бо азобе ёд овард, чун замони ӯро аз даст додан хеле хурдсол буд.

“Корафтодагон ба суроғи падарам зуд – зуд меомаданд. Мулло Усмон дар шикастабандӣ ҳамто надошт. Қомату болову ҷуссаи танӯмандаш бошад, дар гӯштигириҳо ба замин нарасиданд. Ӯ марди ҳунар буд. Модарам низ зани баландқомату чеҳрахандон буд. Мутаассифона, аз ӯ хотироти зиёде надорам ё ба ёд оварда наметавонам”, – ба фикр фурӯ рафт бибии Сарбоса.

Зиндагии замони ҶБВ ва имрӯз

Пиразан аз рӯзгори имрӯзааш шукр мегӯяд, зеро солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бадтарин хотиротро дар зеҳни бибӣ гузоштаанд. Чанд тан аз наздикону ҳамдеҳагонашро ҳамон солҳо аз даст додаву рӯзгори аз давраи кӯдакияш дида вазнинтареро аз сар гузаронидааст.

“Имрӯз ману шумо дар беҳтарин замона зиндагӣ мекунем. Ҳама ҷо серию пурӣ. Ҳеҷ гоҳ орзуи он рӯзҳои гузаштаро намекунам. Соате осуда набудем. Дар деҳа танҳо занону кӯдакон ва пиронсолон монда буданд. Баъди ҳар як хати сиёҳ деҳа мотам мегирифт, дилҳо аз зиндагӣ сард мешуд. Вале боз ҳам қуввае моро такон медод, ки зиндагӣ кунем”, – ба ҳасрат нақл кард бибии Сарбоса.

Сарбоса Усмонова дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонияшро гузаронидааст. Вақте аз орзуҳои ҷавонияш пурсон шудем, оҳе кашиду гуфт: “Он замонҳо хаёлу орзуҳои ширин дар куҷо буд, мо дар ғами як пора нон зиндагӣ мекардем. Давраи ҷанг орзуи тамоми одамон муштарак буд: зудтар ҷанг ба анҷом расад ва фарзандонамон зинда баргарданд. Ба ин ҷанги хонасӯз аз деҳаамон 22 ҷавонмарди аз сад гул як гулаш ношукуфтаро гусел кардем, ки аз онҳо ҳамагӣ 4 ҷавон баргашт, ки ҳамаи онҳо аз осори тири душман захм хӯрда буданд”.

Маънои  Сарбоса ва қиссаи ба бибӣ ниҳодани ин ном

Барои мо маънии номи бибӣ андаке муаммо буд. Барои ҳамин аз худаш пурсон шудем, ки Сарбоса чӣ маънӣ дорад. Ба нақли бибии Сарбоса ин номро ба он кас бибиаш ба хотири зинда нигоҳ доштани номи фарзандаш гузоштааст.

“Бибии ман ба ғайр аз модарам боз ду духтар доштааст, ки номи онҳо Сарбоса ва Сада будааст. Ҳар ду холаҳоям овони кӯдакӣ аз бемориҳои сироятӣ қазо кардаанд. Бибиам барои зинда нигоҳ доштани хотираи духтаронаш ба ман Сарбоса ва духтари тағоям Сада ном ниҳодааст. Ба қавли бибиам, номи ман шакли кӯтоҳшудаи калимаи “сарбасар” будааст”.

Бибии ҳунарманд

Бибии Сарбоса хусусияти дигаре дорад, ки касро ба ҳайрат мемонад. Дар ҷойи нишастааш бофандагиву дӯзандагӣ мекунад ва бе ёрии касе риштаро ба сӯзан мегузаронад. Қариб ҳамаи набера, келинҳову духтарони онҳо ҳунари бибиро аз худ кардаанд ва ҳатто як шогирди дӯстдошта дорад, ки ҳамеша дар паҳлӯяш аст.

“Бояд дасти ҳар як духтар ҳунар дошта бошад, хоҳ миллию хоҳ муосир. Гарчи модарам барвақт моро тарк кард, вале ҳунарҳои худро бо умри боқимондааш ба ман мерос гузошт. Ҳунарҳои миллии қадимаи қолинбофӣ, ҷӯроббофӣ, қуроқдӯзӣ, ҷомадӯзӣ ва кашидадӯзию гулдӯзиро медонам. Ҳоло абераи калониам Маҳлиё низ аз пайи омӯзиши ҳунарҳои миллии занона аст. Аз ӯ умеди калон дорам”, – бо ифтихор гуфт бибӣ.

Сарбоса Усмонова  дар синни 80 – солагӣ ба савдогарӣ машғул будааст. Аз он рӯзҳо бо табассум ёдовар шуда, гуфт, ки мардум синнусоли ӯро он замон 60 – 65 тахмин мекарданд.

“Тӯли ҳабдаҳ сол дар бозори “Варзмол” -и шаҳри Турсунзода ҳамчун фурӯшандаи маҳсулоти чаканаи дарздӯзӣ фаъолият кардам. Яъне, аз синни 80 то 96 солагӣ бо хариду фурӯш машғул гардидам”.

Ҳамон солҳо модагов доштасту ҳар касе ба беморие гирифтор шавад, шири онро ройгон тақдим мекардааст. Чун аз ин қисса пурсон шудем, бибӣ бо масали “некӣ куну ба об парто” иктифо кард.

Орзуи 50 – сола

Бибӣ ҷилави суҳбатро боз ба даврони сангини тифлияш кашида, аз орзуи ягонаи он даврааш гуфт, ки дертар амалӣ шудааст.

“Вақте мо кӯдак будем, ҳама орзу мекардем, ки ақаллан як бор ба мошин савор шуда сайри деҳа кунем. Он солҳо мошин монанди тухми анқо камёфт буд. Баъд аз солҳои 70 -ум мошини тамғаи “Нива” дар ҷамоати деҳоти мо пайдо шуд. Ҳар лаҳзае ки “Нива” –ро бинам, дилам об мешуд. Коре карда домоди ягонаамро розӣ кардам, ки мошини “Нива” гирад. Аввалин мошини тамғаи “Нива” дар деҳаи Кадучӣ аз они домоди ман буд.  Аммо то ҳол афсӯс мехӯрам, ки чаро худам мошинрониро наомӯхтам. Фақат ормони дилам ҳамин аст. Ҳоло низ дер нест, ҳамин тавр не?” , – ба мо муроҷиат карда гуфт, бибӣ.

Қариб панҷоҳ соли охир бошад, бибии Сарбоса орзуи сафари Ҳаҷро мекунад.

Сарбоса Усмонова ҳамроҳи духтараш

 Ҳоло Сарбоса Усмонова ҳамагӣ 320 сомонӣ нафақа мегирад ва бу гуфти ӯ қариб ду сол пеш аз мақомоти маҳаллӣ ба аёдаташ омада, маҳсулоти озуқаворӣ тақдим кардаанд.

Бибии Сарбоса ҳоло дар ҳалқаи набераву абераҳо зиндагии миёнаҳол дорад, вале ҳамеша шукргузор асту аз умри рафтааш пушаймонӣ намекунад.

“Зиндагӣ се қоидаи инкорнашаванда дорад: омадан, зистан, рафтан. Аммо талху ширинии зиндагӣ аз худи инсон вобаста аст. Агар дар андешаи мо зиндагӣ ширин бошад, пас воқеан умри инсон дар ҳамин ҷараён мегузарад. Баъзан зиндагӣ моро пешпо медиҳад, вале набояд аз ин дилшикаста шуд. Зеро ҳама чиз ҳикмат дорад”.

Қиссаи дигари моро дар як бораи пиразани 105 сола аз Хуҷанд ин ҷо бихонед!

Шодмон Кенҷаев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend