fbpx

Зиёрат бо даъвати шоҳ. Сафар ба Мадина ва Макка

Дар даромадгоҳи Масҷиди Паёмбар муаллифи мо як марди солхӯрда аз Қирғизистонро вохӯрда, бо ӯ барои сулҳи байни халқҳои тоҷику қирғиз дуо кард.


2
2 points

Ҳар сол тибқи барномаи “Меҳмонони Ходими ҳарамайни шарифайн” теъдоди муайяни зоирин аз тамоми кишварҳои ҷаҳон бо даъвати шоҳи  Арабистони Саудӣ ройгон ба зиёрати шаҳрҳои Маккаи Мукаррама ва Мадинаи  Мунаввара мераванд.

20-уми феврали соли ҷорӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон зимни як вохӯрӣ хабар дод, ки имсол, тибқи барномаи подшоҳӣ, 10 шаҳрванди Тоҷикистон меҳмони шоҳи Арабистони Саудӣ, Салмон ибни Абдулъазиз Оли Сауд мешаванд.

Дар байни меҳмонони даъватшуда муаллифи Your.tj низ қарор дошт, ки таассуроти сафарашро ба ин шаҳрҳои муқаддас барои ҳар як мусалмон нақл кард.

Давоми қиссаи сафар аз нақли шахси аввал оварда мешавад.

Дар шаҳри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)

Сафари мо рӯзи 26-уми феврал бо хатсайрҳои Душанбе-Дубай ва Дубай-Мадина оғоз шуд. Дар фурудгоҳи шаҳри Мадина ҳайати Тоҷикистонро намояндагони  Вазорати шууни исломӣ,  даъват ва  иршоди шоҳигарии Арабистони Саудӣ истиқбол гирифтанд.

Моро дар як меҳмонхонаи барҳаво, ки дар наздикии “Масҷид ан-Набавӣ” (масҷиди Паёмбар Муҳаммад с.а.в.) воқеъ аст, ҷой карданд.

Шаҳри Мадина дар гузашта Ясриб ном дошт. 1445 сол пеш, пас аз он ки фишори бутпарастон ба ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) ва пайравонаш аз ҳад гузашт, Расули Акрам (с.а.в.) маслиҳат доданд, ки мусалмонон ба шаҳри Ясриб ҳиҷрат кунанд.

Мардуми Ясриб он замон фарҳанги баланд ва ахлоқи нек доштанд. Ниҳоят, худи Паёмбар Муҳаммад (с.а.в.) бо Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) шабона пинҳонӣ аз Макка ба сӯи Ясриб равона шуданд. Ин воқеа соли 622 рух дод. Пас аз ворид шудани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба шаҳр, номи он ба “Мадинат ан-Набӣ” (Шаҳри Паёмбар) иваз гардид.

Мо шиносоиро бо ин шаҳр аз зиёрати Масҷиди Набавӣ оғоз кардем, ки пас аз Масҷид-ул-Ҳарам дар Макка, дувумин масҷиди бузурги ҷаҳон ба шумор меравад.

Тибқи ҳадис, фазилати як намоз дар ин масҷид баробари 1000 намоз дар дигар масҷидҳо (ба ғайр аз Масҷид-ул-Ҳарам) мебошад.

Асоси ин масҷидро худи Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гузоштааст. Баъдан, дар замони хилофати Умар, Усмон, халифа Валиди Умавӣ ва халиф Маҳдии Аббосӣ, ҳудуди масҷид васеъ карда шуд.

Дар замони ҳукмронии шоҳ Абдулъазиз (1932-1953), шоҳ Файсал ва шоҳ Фаҳд ибни Абдулъазиз масоҳати масҷид хеле васеъ карда шуд ва дар он зинапояҳои худкор (эскалаторҳо) насб гардиданд.

Соли 2012 корҳои таҷдиди масҷид оғоз ёфтанд, ки дар натиҷа масоҳати масҷид боз ҳам бештар васеъ шуд. Ҳоло дар ин масҷид дар як вақт аз 1,6 то 2 миллион нафар метавонанд намоз гузоранд.

Аввалин хатти интиқоли барқ дар нимҷазираи Араб ба Масҷиди Набавӣ кашида шуд. Соли 1910 туркҳои усмонӣ аввалин шуда ба ин масҷид барқ гузарониданд ва онро рӯшан карданд.

Тамоми сол дар Масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба намозгузорон оби муъҷизавии Замзам дар зарфҳои махсус пешниҳод мешавад. Барои ин, мошинҳои махсуси обкаш ҳамарӯза аз Макка ба Мадина 120 тонна оби Замзам меоранд. Дар мавсими ҳаҷ ин рақам ба 250 тонна мерасад.

Дар Масҷиди Паёмбар китобхонае мавҷуд аст, ки дар он китобҳои қадима дар бораи зиндагии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам), фиқҳи исломӣ ва дигар илмҳои динӣ нигоҳ дошта мешаванд. Масҷид бо 2000 қандил ва 100 ҳпзор фурӯзонак рӯшан мешавад.

Барои он ки садои имом равшан ва фаҳмо шунида шавад, 1000 баландгӯяк насб шудааст. Аз ин масҷид садои азон то масофаи 10 км шунида мешавад.

Масҷид 10 манора дорад, ки баландии яке аз онҳо ба 105 метр мерасад. Дар дохили Масҷиди Паёмбар фазои зебо ва ором ҳукмфармост.

Дуо барои дӯстии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ман дар назди даромадгоҳи Масҷиди Паёмбар дар Мадина бо як пирамарди 93-сола бо номи Мирғиёс вохӯрдам. Пирамард аслан аз Иссиқ-Кӯли Қирғизистон буд. Вақте аз наздаш мегузаштам, бо ӯ салом кардам. Ӯ, эҳтимолан ба лаҳни ман диққат дода, бо забони худ пурсид:

-“Писарам, ту аз Тоҷикистон ҳастӣ?”.

-“Бале, бобоҷон”,- ҷавоб додам ман.

-“То вақте дар ин макони муқаддас ҳастӣ, дуо кун, ки дӯстии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз ҳам қавитар гардад”,- гуфт бобои Мирғиёс.

Сипас, ӯ дастонашро ба дуо бардошта, барои саломатии роҳбарони ҳарду кишвар, инчунин барои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳои мо дуо кард.

Рӯзи бозгаштам ба Тоҷикистон хабар дар бораи сафари президенти кишвар ба Бишкек дар сархати расонаҳо қарор дошт. Ман бо худ гуфтам: “Иншоаллоҳ, дуои бобои Мирғиёс, ки ҳамдеҳагонаш ӯро Авлиё Бобо ҳам меномиданд, иҷобат шуд”.

Соябонҳои Масҷиди Паёмбар (с.а.в)

Бо зиёд шудани шумораи намозгузорон дар атрофи Масҷиди Паёмбар (с.а.в) соябонҳои зиёде насб карда шудаанд. Ин соябонҳо ба таври худкор кушода ва пӯшида мешаванд.

Мегӯянд, ки шумораи онҳо 285 адад аст, аммо ин ҳам ҳадди ниҳоӣ нест, зеро корҳои сохтмонӣ дар атрофи Масҷид ҳанӯз идома доранд.

Баландии ҳар як соябон 20 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии сояафкании ин соябонҳо 143 ҳазор метри мураббаъ мебошад.

 

Соябонҳо шакли росткунҷа дошта, андозаашон дар ҳолати кушода 25,5 х 25,5 метрро ташкил медиҳад. Онҳо барои роҳати намозгузорон сохта шудаанд ва хароҷоти нигоҳдории ҳар як соябон дар як сол зиёда аз 2500 долларро ташкил медиҳад.

Бузургтарин Маркази чопи Қуръон

Рӯзи 2 март, тибқи барнома, моро ба Маркази чопи Қуръон бурданд, ки дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Мадина ҷойгир аст.

Санги асоси ин Марказ соли 1982 аз ҷониби шоҳ Фаҳд ибни Абдулъазиз гузошта шуда, он соли 1984 ба фаъолият оғоз кардааст. Масоҳати умумии Марказ 250 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ғайр аз Марказ, дар ин маҷмаа биноҳои истиқоматӣ ва техникии гуногун, масҷид, китобхона, нуқтаи тиббӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ мавҷуданд.

Дар маҷмаа 1100 мутахассис фаъолият мекунанд, ки 87 дарсади онҳо шаҳрвандони Арабистони Саудӣ мебошанд. Ҳамасола ин Марказ 18 миллион нусха Қуръон, тафсир ва дигар китобҳоро чоп мекунад.

Аз замони таъсисёбӣ то имрӯз дар ин Марказ зиёда аз 300 миллион нусхаи китоб нашр шудааст. Ҳамасола миллионҳо зоирин аз номи шоҳи Арабистони Саудӣ нусхаи Қуръонро ба ҳадя мегиранд.

Дар ин маҷмаа Маркази тарҷумаи Қуръон низ фаъолият мекунад, ки то имрӯз Китоби Муқаддасро ба 79 забон, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ҳамасола беш аз 400 ҳазор зоир ба ин ҷо меоянд, то раванди чопи Қуръонро аз наздик бубинанд. Имсол 41-умин солгарди таъсисёбии ин муассисаи бузург таҷлил мешавад.

Зиёрати масҷиди нахустин

Баъд аз он ки Паёмбар Муҳаммад (с.а.в) аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кард, ӯ ва асҳобонаш аввалин масҷидро дар мавзеи Қубо, ки дар 4-5 километрии ҷануби Ясриб воқеъ буд, бунёд карданд.

Расули Акрам (с.а.в) чанд рӯз дар Қубо қарор дошт ва мунтазири омадани ёронаш аз Макка, аз ҷумла ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) буд. Пас аз он ки Паёмбар (с.а.в) ба шаҳри Мадина расид, ҳар рӯзи шанбе ба масҷиди Қубо мерафт ва он ҷо намоз мегузорид.

Дар ҳадисе, ки Имом Тирмизӣ аз Расули Акрам (с.а.в) ривоят кардааст, чунин омадааст: “Савоби намоз дар масҷиди Қубо баробари савоби умра мебошад”.

Аз ҳамин сабаб, мувофиқи барномаи сафар, ташкилкунандагон зоиринро ба масҷиди Қубо бурданд. Масҷид дорои 4 манора буда, фарши он бо сангҳои мармарӣ рӯйпӯш шудааст. Барои занон қисмати алоҳида ҷудо гардидааст.

Дар соли 1986 масҷиди Қубо шакли имрӯзаи худро пайдо кард, ки онро меъмори мисрӣ Абдулвоҳид ал-Вакил тарҳрезӣ кардааст. Имрӯз дар дохили масҷид ва саҳни он дар як вақт то 20 ҳазор нафар, аз ҷумла 7 ҳазор зан, метавонанд намоз гузоранд.

Шабонгаҳ дар доираи барнома, меҳмонон бо имоми Масҷиди Паёмбар, Муҳаммад Барҳаҷ мулоқот карданд. Муҳаммад Барҳаҷ меҳмононро пазироӣ намуда, дар бораи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдилию ҳамдардӣ, меҳрубонӣ ва некӣ нисбат ба якдигар суханронӣ кард.

Дар ин мулоқот зиёда аз 200 зоир аз Тоҷикистон, Русия, Туркия, Покистон, Зеландияи Нав, Бангладеш, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Непал ва Малайзия ширкат намуданд.

Роҳ ба сӯи Макка

Рӯзи 3 март, дар рӯзи сеюми моҳи шарифи Рамазон, гурӯҳи мо барои ба ҷо овардани умра аз шаҳри Мадина ба Макка равона шуд. Барои даромадан ба ҳолати эҳром (ҳолати махсуси покизагии маънавии зоироне, ки ҳаҷ ё умра анҷом медиҳанд), бояд ҳаҷ ё умра дар маконҳои муайяне, ки “миқот” ном доранд, ният карда шавад.

Миқоти аҳли Мадина ва касоне, ки аз Мадина ба Макка сафар мекунанд, Зул-Ҳулайфа ном дорад (ин ҳамчунин номи як масҷид аст). Ин макон дар 13 километрии Масҷиди Паёмбар воқеъ буда, дуртарин миқот аз Макка мебошад. Масофа аз Зул-Ҳулайфа то оғози шаҳри Макка 420 километрро ташкил медиҳад.

Пас аз ворид шудан ба ҳолати эҳром ва адои намози бомдод дар Зул-Ҳулайфа, мо бо автобус бо нидои “лаббайк” (дуои махсусе, ки зоирин ҳангоми эҳром такрор мекунанд) ба роҳ баромадем. Шоҳроҳе, ки аз Мадина то Макка мерафт, аз биёбони сӯзон мегузашт.

Зиёрати Каъба

Мо барои адои намози шом ба шаҳри Макка расидем. Барои иқомат моро дар меҳмонхонаи “Clock Tower” – маъруфтарин меҳмонхона дар ҷаҳон, ки дар рӯ ба рӯи Масҷид-ул-Ҳарам воқеъ аст, ҷой доданд.

Шабона, пас аз адои намози хуфтан, мо умра анҷом дода, барои худ, наздиконамон ва шукуфоии Тоҷикистон дуо кардем.

Масҷид-ул-Ҳарам, ки Каъбаи Муаззама дар маркази он воқеъ аст, бузургтарин масҷиди ҷаҳон маҳсуб мешавад. Дар соли 2008 бо роҳбарии шоҳ Абдулло ибни Абдулъазиз масоҳати масҷид васеъ карда шуда, ба 356 ҳазору 800 метри мураббаъ расид. Барои васеъ кардани ҳудуди масҷид 10,6 миллиард доллари ИМА ҷудо гардид.

Дар моҳи августи соли 2011 масоҳати Масҷид-ул-Ҳарам боз ҳам васеътар шуда, ба 400 ҳазор метри мураббаъ расид. Масҷид бо кондитсионерҳои пуриқтидор ва зинапояҳои худкор (эскалаторҳо) муҷаҳҳаз шудааст.

Бо ташаббуси шоҳ Салмон дар соли 2015 боз панҷ лоиҳаи дигари тавсеа татбиқ гардид, ки дар натиҷа масоҳати масҷид ба 456 ҳазор метри мураббаъ расид. Айни замон, дар ин масҷид дар як вақт то 2 миллион нафар метавонанд намоз гузоранд.

Ҳар сол дар ин масҷид зиёда аз 20 миллион нафар намоз мегузоранд. Масҷид шабонарӯзӣ боз буда, ҳеҷ гоҳ баста намешавад. Барои нигоҳдории тозагии он 1800 коргар бо истифода аз 40 мошини партовкаш ва 60 мошини тозакунӣ доимо фаъолият мекунанд.

Дарозии қолинҳое, ки дар Масҷид-ул-Ҳарам густурда шудаанд, аз масофаи байни Макка ва Ҷидда (79 км) бештар аст.

Зиёда аз 25 ҳазор зарфи захиравии об дар давоми 24 соат бо оби муқаддаси Замзам пур карда шуда, зоиринро таъмин менамоянд. Дар масҷид зиёда аз 600 баландгӯяк насб шудааст.

Шаст мутахассис пайваста сифати садои баландгӯякҳоро назорат мекунанд. Барои шахсони имконияташон маҳдуд 10 ҳазор аробачаи маъюбӣ ва 400 аробачаи маъюбии электрикӣ пешниҳод карда мешавад.

Аксари намозгузорон дар ошёнаи аввал намоз мегузоранд.

Пас аз намози аср ходимон масҷид ва ихтиёриён халтаҳои калони хӯрокворӣ ва қуттиҳои ифториро дар ҳар қатори намозгузорон гузошта, ҳангоми наздик шудани намози шом, онҳо ин ғизоҳоро дар рӯи мизҳои якдафъаина назди ҳар намозгузор мегузоранд.

Дар қуттиҳо барои ифтор хурмо, кулчақанд, шарбати мева, ҷурғот ва як пораи нон буд. Ғайр аз ин, баъзе намозгузорон барои савоб оби Замзамро дар шишаҳои яккарата пур карда, онҳоро ба назди якдигар мегузоштанд, то рӯзаи худро кушоянд.

Як гурӯҳ одамон миёни қаторҳои намозгузорон гашта, ду термос дар даст чой ё қаҳва пешниҳод мекарданд. Фазои атрофи Каъба пур аз муҳаббат, мехрубонӣ ва хайрхоҳӣ аст, ки байни намояндагони тамоми кишварҳо эҳсос мешавад.

P.S. Муаллиф ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон барои ташкили ин сафари бобаракат изҳори сипос мекунад.

Абдураҳмон Раҳмонов, махсус барои Your.tj 

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend