Абдураҳим Шарипов ҳамчун муаллифи асарҳои рассомӣ дар пӯсти гов шинохта шудааст. Ӯ беш аз 15 сол ба ин равияи мусаввирӣ машғул мебошад.
Маҳсули дасташ дар чандин озмуну фестивалҳо ба намоиш гузошта шудааст. Ӯ бо ин ҳунараш барои таҳияи мусаввараҳои армуғонӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ саҳм мегузорад. Ғайр аз ин, қаҳрамони мо бо гаҷкорӣ, тасвири барҷасти гаҷӣ (барелеф) ва таъмири хонаҳо нону ном меёбад.
Муаллифи Your.tj бо Абдураҳим Шарипов дар бораи тарзи коркарди пӯсти ба кори расмкашӣ мусоид, сохтани чаҳорчӯбаи табиӣ барои асарҳо, камтаваҷҷуҳӣ ба маҳсули дасти корӣ, мавқеи зеҳни сунъӣ дар кори эҷодӣ суҳбат кард.
“Тасвир дар пӯсти гов равияи нави рассомӣ нест”
Абдураҳим Шарипов мисли дигар рассомон дар рӯйи коғазҳои махсус амсоли холст, холст-картон ва чарм асарҳо меофарад. Ӯ аз дигар мусаввирон бо он фарқ мекунад, ки дар рӯйи пӯсти чорво низ тасвирҳои диданӣ эҷод мекунад.
Вай ин самти кори ҳунариро худомӯзӣ карда, имрӯз онро бо аҳли оила ривоҷ медиҳад.
Ба гуфтаи рассом, тасвир дар рӯйи пӯсти чорво равияи нав нест. Ҳоло ҳунармандон дар рӯйи пӯсти чорво на фақат тасвир меофаранд, балки аз он ҳар гуна лавозимот амсоли ҷувздон, ҳамён, пойафзол ва ғайра тайёр мекунанд.
“Имрӯз вақте сокинони шаҳру деҳот говро забҳ карданд, ба аксарият пӯсти он нолозим аст. Ҳатто бархе ба таври пинҳонӣ аз ин “партов” дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ “халос” мешаванд. Аммо кам касон медонанд, ки он барои ҳунарманд ё рассом ашёи хоми зарурӣ аст, – гуфт Абдураҳим Шарипов.
Тарзи коркарди пӯст
Қаҳрамони мо пӯсти говро дастрас карда, ба он намак мепошад. Барои хушк кардан онро дар чаҳорчӯбаи калон кашида, доруи махсусро бо чӯтка мемолад. Баъд аз ин пашмҳои он мерезад.
“Пас аз дору молидан ба пӯст боз ду қабати тунуки он кӯчида меафтад. Баъд бо як санги вазнин барои ҳамвор шудан онро соиш медиҳам, то ки мисли коғаз тахт шавад. Асосан, кор бо пӯстро дар се моҳи гарми тобистон иҷро мекунам.
Дар ин вақт 4 – 5 пӯсти говро хушк мекунам, ки то тобистони оянда бе ашёи хом намонам. Дар зимистон қоқ кардани пӯст ба таври хушсифат номумкин аст. Расо ду моҳ вақт сарф мешавад, то 1 пӯсти ба чаҳорчӯба кашидашуда пурра хушк шавад, – шарҳ дод рассом.
“Пӯсти чорво ҳам дурушт ва ҳам нозук”
Абдураҳим Шарипов мегӯяд, ки ба назар пӯсти гов дурушт менамояд ва гӯё дар рӯйи он тасвир кардан ғайримумкин аст. Аммо барои рассоме, ки онро дуруст коркард карда метавонад, пӯсти чорво ашёи хубест.
“Пӯсти хушки тайёршударо ба андозаи лозимӣ бурида, дар чаҳорчӯба кашида, боз тар мекунам. Пӯстро бо сӯзан дар гирди чаҳорчӯба каме халтатар медӯзам, зеро ҳангоми хушк шудан он таранг мешавад, мисли сатҳи доира ё даф. Дар болои чаҳорчӯба аз рӯйи эҳтиёт чизи вазнин мемонам, барои он, ки пӯст ҳангоми хушкшавӣ кашиш хӯрда, каҷ мешавад ва ё навдаҳои чаҳорчӯбаро низ хам мекунад. Ниҳоят, пӯст дар чаҳорчӯба хушку нозук шуда, барои расмкашӣ омода мешавад”, – фаҳмонид ҳунарманди мардумӣ.
Ӯ дар сатҳи пӯст расмро бо истифода аз рангҳои равғанӣ тасвир мекунад, зеро ин ранг дерпой аст ва бо гузашти солҳо камнур намешавад. Тасвир дар рӯйи пӯст дар муддати 2 рӯз хушк мешавад.
Чаҳорчӯба аз навдаҳои дарахти тут
Абдураҳим Шарипов ба асарҳои офаридааш чаҳорчӯба ҳам месозад. Барои он аз ниҳоли тут навдаҳои ростро интихоб мекунад. Коркарди он низ аз ҳунарманд заҳмати зиёд талаб мекунад.
“Дар оғози баҳор аз дарахти тут шохҳои ростро бурида мегирам. Онро аз пӯст ҷудо карда, барои хушк кардан мегузорам. Агар пӯсти онро дарҳол тоза накунед, он кирм мекунад. Ба навдаҳо маҳлули “антисептик” мезанам, ки он барои аз кирмҳо эмин нигоҳ доштан мусоидат мекунад.
Навдаҳои тозакардашуда 1 сол дам мегирад. Пас аз ин боз навдаҳоро ба нағз ва корношоям ҷудо мекунам. Ба чӯбҳои сарашуда ранги “Биотекс” мемолам. Акнун, онҳо барои сохтани чаҳорчӯбаи тасвирҳо омода шуданд, – илова кард ин рассоми чирадаст.
Чанд асар аз ҳаёти рӯзмарра
Барои Абдураҳим Шарипов пайдо кардани мавзӯъ дар кори эҷодӣ мушкил нест. Дунёи одамон пур аз мавзӯст, ки онро чашми мусаввир боз хубтар мебинад. Ӯ дар зиндагӣ бо одамони дорои касбу кори гуногун сари кор мегирад ва дунёи ботинии онҳоро ба таври худ кашф месозад.
Ҳар қаҳрамонро он гунае меофарад, ки аз лиҳози сирату симо шабеҳи ҳам нестанд. Мавсуф бар ин бовар аст, ки ҳар асараш барои ояндагон паёми замони ӯро мерасонад.
“Мисол, мавзӯъ ва қаҳрамони асари “Писараки найнавоз” баргирифта аз ҳаёти воқеист. Дар симои ӯ наврасе падидор мешавад, ки ба ҳаёт хушбин аст ва аз дигарон низ умед дорад, ки танҳо ниятҳои некро дар дил парваранд. Ба боварӣ ӯ, бе мусиқӣ ҳаёт пурра намешавад. Бегумон, тамошобин пас аз гузашти сад сол аз ин асар бардоште ҳосил кунад, ки он барои имрӯзиён мафҳум нест”, – меандешад муллифи асар.
Асари дигари рассом “Дониш” ном дорад, ки қаҳрамони он низ ҷавони шикастанафсе мебошад. Муҳтавои асар дар бораи он таъкид мекунад, ки дар ҷомеа шахси пурмутолиаву огоҳ ҳамеша ҷойгоҳи баланд дорад.
“Дар асар қаҳрамон болои қолин нишаста, китоб мехонад. Парандаҳо гирди ӯ бол зада, қолинро сӯи осмон мебароранд. Ҷавон ҳамоно нишаста машғули хониш аст. Парвози қолини ҷавони китобхон чунин рамз дорад, ки ҳар касе дониши зиёдтар омӯхт, ҳамон андоза ба манзалати баландтар соҳиб мешавад.
Шахси донишманд дорои назару андешаи фаррох буда, бештар мебинаду мефаҳмад. Одами бедониш зери по мешавад. Ин асарро дар ҳуҷраи корӣ овехта мондам ва ҳар гоҳ ба наберагон онро ҳамин гуна шарҳ медҳам”, – иброз дошт мусаввир.
Арзиши кадоме болост; зардеворӣ ё асари тамошобоби рассом?
Қаҳрамони мо бар ин андеша аст, ки асарҳои офаридааш ба фарзандону наберагон ва ҳаводоронаш мерос мемонад. Онҳоро ҳар вақт хостанд, дар деворҳои хонаашон меовезанд. Аммо ӯ аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки бештари ҳамзамононаш барои оро додани деворҳои хона зардевориҳои гаронро авлотар медонанд. Ҳол он, ки он дерпой нест ва баъд аз чанд соле ба партов меравад.
“Дар хориҷа, махсусан, дар Аврупо ин гуна нест. Ҳар шахси фарҳангдӯст мекӯшад, ки деворҳои хонаашро бо ягон асарҳои рассомӣ зеб бахшад. Онҳо аз он ифтихор мекунанд, ки дар хонаашон маҳсули кори дастии рассомро ба тамошо гузоштаанд.
Бо гузашти солҳо шояд асари дар хонаашон маҳфузбуда қимати даҳчанд пайдо кунад. Агар бештари тоҷикон низ ба санъат чунин таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, хеле хуб мешавад”, – иброз дошт Абдураҳим Шарипов.
Зеҳни сунъӣ ҷойи рассомонро гирифта метавонад?
Рассоми пуртаҷриба ба ин бовар аст, ки зеҳни сунъӣ ҷойи рассоми хубро гирифта наметавонад. Вай қодир нест, ки дунёи фикру тахаюлоти фардии мусаввирро дарк кунад. Маҳсули кораш махсусият надорад. Дар ҳар асараш нишонаҳои такрорӣ ва нусхабардорӣ ба назар мерасад.
“Дар асари “Фирдавсӣ” – и камина дар ҳар қабати рангҳо омезиши рангҳо ба чашм мерасад, ки ҳар кадоме мазмуни худро ифода мекунад. Вале, ба фикри ман, зеҳни сунъӣ ҳоло на ҳамаи нозукиҳои техникаи наққоширо мешиносад ва иҷро карда метавонад. Агар даҳ сурат созад, дар ҳамаи он якрангӣ ва шабеҳият ҷой дорад.
Кори дастии рассомон кам андар кам монандӣ пайдо мекунад. Ҳуши маснӯӣ ҳоло қодир нест, ки ба ҳаёт ва лаҳзаҳои гуногуни он чун чашми рассом нигариста, дар мизони маърифат гузорад. Албатта, он имрӯз кори ҳунармандонро осон мекунад, масалан, аз рӯйи барнома дар рӯйи чӯб устокорона кандакорӣ карда метавонад”, – гуфт Абдураҳим Шарипов.
“Бароям ҳунар нону ном дод”
Қаҳрамони мо, ки ба синни 57 расидааст, мегӯяд, ки ҳунари рассомиро дар айёми наврасӣ омӯхт. Ӯ яке аз шогирдони фаъоли маҳфили рассомии Хонаи пионерони шаҳри Хуҷанд буд.
Ҳазамон, таҳсилдидаи мактаби рассомии шаҳр низ мебошад. Вай дар омӯзиши ҳунари наққошӣ Толис Исоевро устоди хеш меҳисобад.
“Дар мактаби рассомӣ, ки он замон аксари муаллимони мо русҳо буданд, нозукиҳои ҳунарро омӯзониданд. Падарам устои таъмири телевизор буд. Ғайр аз ман касе аз оилаамон ба рассомӣ майл надошт. Афсӯс, ки солҳои ҷавониям ба айёми барҳамхӯрии давлати Шӯравӣ ва оғози бесарусомониҳо рост омад. Таҳсилро дар ин ришта идома дода натавонистам.
Зарур буд, ки кор кунам. Он замон низ аз ҳунари рассомӣ дур нашудам. Ба кори таъмири хона, алалхусус, гаҷкорӣ ва барелефсозӣ ризқу рӯзӣ меёфтам. Имрӯз низ ҳунарам боис шуда, ки нону ном ёбам. Агар аз маҳорати рассомӣ бархӯрдор набудам, аз уҳдаи ин корҳо низ баромада наметавонистам”, – қисса кард Абдураҳим Шарипов.
“Ҳунар оилаи моро ба ҳам овард”
Феълан рассоми забардаст ҳунари худро ба писарон ва келину наберагонаш меомӯзонад. Онҳо ба кори пӯсткашӣ ва чаҳорчӯбасозии падарашон кӯмак мерасонанд.
Се наберааш низ ҳаваси рассомиро доранд. Келини ин хонадон – Меҳринисо Шарипова ҳам дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ заҳмат кашида, соҳиби 8 ҳазор сомонӣ гранти ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар бахши “Нақш дар чарм” гардида буд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” ҷойи севвумро соҳиб шудааст.
Ҳунарманд Абдураҳим Шарипов борҳо дар озмунҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ пирӯз гардидааст. Ӯ ғолиби озмунҳои “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳунарманди сол”, “Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон” ва ғайра мебошад.
Ҳамчунин, дар Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз симу зар бувад” дар бахши “Беҳтарин ҳунари мардумии чармгарӣ” бо дипломи дараҷаи якум сарфароз гардидааст.
Орзу – таъсис додани галерия
Ӯ ният дорад, ки бо дарёфти имконият галерия таъсис дода, дар он ҷо асарҳояшро ба намоиш гузорад. Ӯ аз ҳаёти рассоми машҳури гурҷӣ – Нико Пирасмани мисол оварда мегӯяд, ки маҳсули эҷоди шахси соҳибистъедод бо гузашти замон беаҳамият намешавад.
“Ӯ рассоми худомӯз буд. Дар рӯзгораш шароити хуби асарофарӣ надошт. Бо вуҷуди ин, асарҳои мондагор офарид. Пас аз 100 сол эҷод ва шахсияташ ба тарви густурда эътироф шуд. Имрӯз асарҳояш муаррифгари фарҳанги гурҷиҳо мебошад.
Камина низ ҳангоми намоишҳо ба хориҷиён борҳо маҳсули ҳунарамро туҳфа кардаам. Онҳо онро чун ёдгорӣ аз Тоҷикистон бо худ бурдаанд. Хурсанд мешавам, агар кори эҷодиям берун аз ватан низ ба нафаре писанд шавад ва онро лоиқи тамошову андеша донанд. Эҳтимол вақте меояд, ки набераву абераҳоям аз бобои рассомашон ифтихор мекунанд ва асарҳоям деворҳои осорхонаҳоеро зеб хоҳанд дод”, – хулоса кард ӯ
Файзуллохон Обидов, Your.tj