fbpx

Yalla – аз бурдарасонии доруворӣ то хӯрок. Чӣ тавр стартапери ҷавон дар Тоҷикистон муваффақ шуд

Yalla – хидматрасонии ҷустуҷӯ ва бурдарасонии маводҳои тиббӣ, доруҳои камёб аст, ки дар беш аз 2 соли фаъолияташ дар Тоҷикистон муштариёни зиёде пайдо кардааст.


0
Ин ва дигар аксҳо аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Азиз Насирови 22-сола бо чанд нафар ҳамсабақон ва дӯстонаш стартапи Yalla-ро таъсис дода, кори онро босуръат рушд медиҳад. Yalla – хидматрасонии ҷустуҷӯ ва бурдарасонии маводҳои тиббӣ, махсусан доруҳои камёб аст. Дар тӯли беш аз 2 соли фаъолияташ дар Тоҷикистон аллакай муштариёни зиёде пайдо кардааст. Он ба тадриҷ рушд меёбад ва хидматрасониҳои навро пешниҳод мекунад

Муассиси стартапи маъруф дар Тоҷикистон, Азиз Насиров ба муаллифи Your.tj дар бораи оғози роҳаш ба ин соҳа, мушкилиҳои он ва муаррифии хидматрасонии нави Yalla Lunch нақл кард.

Аз барномасозӣ ба соҳибкорӣ. Чаро фикри Азиз тағйир ёфт?

Азиз хатмкардаи гимнзияи №74-и шаҳри Душанбе аст. Ба гуфтаи ӯ, сабабгори оғози стартап таҳсил дар ҳамин мактаб буд. Дар синфи 8-умӣ омӯзгори фанни технологияи иттилоотии гимназия Дилором Зокирҷоновна қаҳрамони мо ва чанде аз ҳамсинфонашро ба гурӯҳи олимпӣ дохил кард.

Олимпиадаи мактаббачагон аз синфи 9 оғоз мешавад, ва бачаҳо як сол барои иштирок дар самти барномасозӣ омодагӣ диданд.

“Дар ҳамин муддат мо дар Ҳафтаи илм ва технология ва чандин лоиҳаҳои дигар ҳам иштирок кардем. Баъдан то хатми мактаб дар олимпиадаҳои мактабӣ ширкат варзидем. Гарчанде ҷойҳои ифтихориро сазовор шуда натавонистем, вале барои мо тачрибаи бузурге шуд”,- ба хотир овард Азиз.

То охири соли хониши мактабӣ ӯ хоҳиши барномасоз шуданро дошт. Ҳамон вақт, соли 2019 дар як лоиҳаи “Бизнес-конструктор” аз ташкилоти Пешрафт иштирок кард, ки нақшаҳои Азизро тағйир дод.

“Ин курси аввалини онҳо дар бораи рушд додани соҳибкорӣ дар байни ҷавонон буд, он 16 ҳафта давом кард ва то охири соли хониши ман идома ёфт. Ҳамин тавр хоҳиши ман ҳам дар бораи барномасоз шудан тағйир ёфт ва тасмим гирифтам, ки соҳибкор мешавам”,- нақл кард стартапери ҷавон.

Роҳи пурпечетоби таҳсили олӣ аз Қазоқистон то Латвияву Лаҳистон ва хатми донишгоҳ дар Тоҷикистон

Ҳамин тавр, ӯ ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Қазоқистон – Almaty Management University, ба самти идоракунии тиҷорат дар соҳаи соҳибкорӣ тибқи грант дохил шуд. Азиз мегӯяд, ба таҳсил ҷиддӣ машғул шуд ва барои иштирок дар лоиҳаҳо вақт намеёфт.

Дар нимсолаи дуюми соли таҳсил бо сабаби пандемияи коронавирус карантин эълон шуд, дарсҳо ба реҷаи онлайн гузаштанд ва қаҳрамони мо ба Тоҷикистон баргашт.

Пеш аз карантин ӯ дар як барномаи донишгоҳӣ оид ба мубодилаи донишҷӯён ба дигар кишварҳо иштирок карда, ба донишгоҳи Латвия дохил шуда буд. Моҳи октябри соли 2020 бо парвози чартерӣ ба Беларус рафт ва дар он ҷо раводиди Латвияро соҳиб шуда, ба он ҷо парвоз кард.

“Як нимсола дар Латвия таҳсил кардам. Вале пандемия дубора шиддат гирифт ва карантин эълон шуд. Дарсҳо ба реҷаи онлайн гузаштанд. Боз ба Тоҷикистон баргаштам”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Зимистони соли 2021 Азиз тибқи як барномаи дигар ба Лаҳистон барои таҳсил рафт. Дар таътили тобистона боз ба Ватан баргашт ва аз паси амалисозии нақшаҳо шуд. Мақсад дошт дар айни таътил лоиҳаи нав оғоз карда, ба дӯстонаш гузошта, таҳсилашро идома диҳад ва ҳам дар реҷаи онлайн кор кунад.

“Лоиҳаро сар кардем, корамон барор гирифт ва ҳатто ширкате пайдо шуд, ки тайёр буд онро дастгии молӣ кунад. Дарк кардам, ки аз таҳсил дида таҷриба кардан одамро пухтатар мекунад. Вақти идомаи таҳсил наздик омад ва ба ман аз Лаҳистон гуфтанд, ки бояд ҳуҷҷатҳоро дуруст карда, ба донишгоҳ ҳозир шавам”,- нақл кард қаҳрамони мо.

Вале ӯро лоиҳаи навоғозаш, ки дар ҳоли рушд буд, бештар ҷалб кард ва хоҳиши бо ягон роҳ интиқол ёфтан ба яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистонро кард. Соҳаи муносибатҳои байналмиллалиро интихоб кард, ба он ҷо интиқол гирифт ва соли 2024 хатм кард.

Аз маслиҳати дӯстон то амалисозии идея

Ӯ ҳамсабақон ва дӯстонашро барои маслиҳат ҷамъ кард. Пешниҳод намуд, бозори хидматрасониҳои Тоҷикистонро таҳлил кунанд, ки дар самти бурдарасонӣ ба чӣ талабот бештар аст.

Нахуст маслиҳат карданд, ки хидматрасонии бурдарасонии хӯрок таъсис диҳанд, вале дар ин самт аллакай чандин ширкатҳо мавқеъ пайдо карда буданд.

“Мо ба хулосае омадем, ки рақобат қариб ки ғайриимкон аст. Чун барои он тими калон, кори дучанд ва маблағи бисёр лозим буд. Ҷустуҷӯ кардем ва як лоиҳаи пештар оғозкардаамон – шакли аввалаи Yalla-ро ёфтем. Он танҳо як платформае буд, ки муштарӣ ворид шуда, дору зарурӣ ва суроғаи дорухонаи наздиктаринро ёфта метавонист”,- шарҳ дод стартапери ҷавон.

Дӯстон мақсад гузоштанд, ки ҳамин платформаро ташаккул диҳанд ва хидматрасонии фарогиртар пешниҳод кунанд.

Онҳо 11 дорухонаро ба платформа пайваст каррданд ва барои 3-4 ҳазор номгӯи мол карточкаҳои маълумотӣ сохтанд. Моҳи августи соли 2021 Yalla расман ба қайд гирифта шуд ва тим ба таҳияи он шурӯъ кард.

Ҷанбаҳои техникии лоиҳаро ҳаммуассиси стартап Фирӯз Ҷонмамадов назорат мекунад. Пас аз амсиласозӣ ва гузаронидани фурӯшҳои санҷишӣ, дар моҳи марти соли 2022, онҳо дастгирии молиявӣ дарёфт намуда, таҷҳизоти идора ва мошинҳо барои бурдарасониро нав карданд.

“Мо автоматикунонии равандҳо, ҷустуҷӯи шарикони нав ва ҷалби мутахассисон, аз ҷумла маркетологи маъруф Шералӣ Ҷӯрабоевро оғоз кардем. Дар тӯли ду сол ба натиҷаҳои хуб ноил шудем, ҳоло системаи CRM ва инфрасохтори анборро таҳия карда истодаем”,- гуфт Азиз.

Оғози кори Yalla

Кори лоиҳаи Yalla расман 4 июли соли 2022 оғоз ёфт. Ҳоло он таҷрибаи беш аз дусола ва пойгоҳ бо беш 10 ҳазор муштарӣ дорад.

Тими Yalla аз одамоне иборат аст, ки аз солҳои мактабӣ бо ҳам шиносанд. Онҳо дар олимпиадаҳо ва форумҳо якҷо ширкат кардаанд ва тасмими оғози лоиҳаи муштаракро низ бо ҳам маслиҳат карданд, ки дар боло қайд намудем.

“Дар аввал мо 5-6 нафар будем, аммо бо мурури замон аз ҳам ҷудо шудем. Як нафари мо таҳсилро дар Русия идома дод ва ман таҳсилро дар Қазоқистон қатъ кардам. Ба Тоҷикистон омада, диққати худро ба таҳияи маҳсулот равона кардам. Тими мо ҳамеша дар ҳоли такмил ва рушд аст”,- афзуд Азиз.

Вақте ин ҷавонон корро оғоз карданд, ҳамагӣ тақрибан 19-сола буданд ва ба гуфтаи Азиз, дар оғози стартап ва маркетинг малакаву таҷрибаи маҳдуд доштанд. Пас аз таъсиси MVP, онҳо дар акселератори PEAK аз Сафорати Британия дар Тоҷикистон ширкат карданд, ки он баъдтар баста шуд.

“Ҳамон вақт бо Шералӣ Ҷӯрабоев шиносоӣ пайдо кардем, ки барои мо омӯзиши маркетинг гузаронд ва пас аз ҷалби сармоягузорӣ ба маркетологи мо табдил ёфт”,- гуфт стартапери ҷавон.

Ҷустуҷӯ ва бурдарасонии доруворӣ

Yalla ба туфайли хусусияти хидматрасонии худ дар ҷустуҷӯи доруҳои камёб ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар фарқ мекунад.

Он барои нафароне, ки кор мекунанд, вақт ё мошини холӣ надоранд, инчунин, онҳое, ки волидони калонсол ё фарзандони хурдсол доранд, пешбинӣ шудааст.

Доруҳои камёб аксар вақт барои одамоне заруранд, ки наздиконашон гирифтори бемориҳои шадид шудаанд. Ин доруҳо махсус танҳо бо фармоиши пешакӣ оварда мешаванд ва гарон ҳастанд, аз ин рӯ дорухонаҳои муқаррарӣ аз сабаби кам будани талабот онҳоро нигоҳ дошта наметавонанд.

Дарёфти чунин доруҳо душвор буд, бисёриҳо барои кӯмак ба шиносон дар соҳаи дорусозӣ ё тиб муроҷиат мекарданд, ки ин раванд тӯлонӣ буд.

“Ҳоло корбарон метавонанд дар сомонаи мо дархост гузоранд, мо худамон доруи заруриро тавассути шарикон, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷа пайдо мекунем. Ин раванд интиқолро ба таври назаррас суръат мебахшад ва онро барои муштариён қулайтар мекунад”,- шарҳ дод муассиси Yalla.

Мушкили “қоғазу дафтар”-и корхонаҳо дар Тоҷикистон

Мушкилоти тими Yalla таҷрибаи нокифоя дар оғоз ва таҳияи лоиҳаҳо буд.

“Масалан, ба ҷои сохтани сомона аз сифр, метавон платформаҳо ва конструкторҳои тайёрро истифода бурд. Мо ду моҳро барои навиштани код сарф кардем, то аз як барномасози шинос нафаҳмидем, ки бо WordPress ё Shopify дар тӯли якчанд ҳафта ин корро анҷом дода мешавад. Дар натиҷа, вақти зиёдеро аз даст додем”,- ба хотир овард Азиз.

Мушкили дигар автоматикунонии ҳамкорӣ бо фурӯшандагон буд. Ба гуфтаи стартапери ҷавон, дар Тоҷикистон ҳанӯз бисёр корхонаҳо дар коғазу дафтар ҳисобу китоб ва қайд мекунанд ва системаҳои автоматикунонидашуда надоранд.

Аз хидматрасонии даъвати лаборатория ба хона то бурдарасонии хӯрок

Азиз мегӯяд, Yalla тавонист дар муддати кӯтоҳ бренд шавад ва аллакай дар Тоҷикистон онҳоро то андозае шинохтаанд.

“Мо кори лоиҳаи дуюмро оғоз мекунем. Хидматрасонии нави мо бурдарасонии таом ба идораву корхонаҳо ва тиҷорати электронӣ дар сегменти B2B аст. Таҷрибаи дар ҷараёни кор дар Yalla ба даст оварда пешравии моро ба таври назаррас суръат бахшид”,- қайд намуд қаҳрамони мо.

То охири соли равон тими Yalla ният дорад, ки ба иҷрои пурраи хизматрасониҳо (фулфилмент) гузаранд.

Аввал тақрибан як сол анбори лавозимоти тиббии худро ба тартиб дароварда, баъд мехоҳанд ба бозори доруворӣ гузаранд.

“Мо мехоҳем барои рушду ташаккули кор сармоягузориҳои навро ҷалб намоем. Сомонаҳоямонро навсозӣ мекунем, хидматрасониҳоро такмил медиҳем ва барномаи мобилиро ба кор медиҳем.

Хидматрасониҳои нави хурд, ба монанди даъват кардани лаборатория ба хона, ёрии таъҷилии хусусӣ ва машварати онлайн бо духтур илова мекунем. Лабораторияро аллакай тавассути сомона фармоиш додан мумкин аст ва ёрии таъҷилиро моҳи сентябр ба нақша гирифтаем”,- шарҳ дод Азиз.

Дар ояндаи наздик, хидматрасонии нави Yalla Lunch ба кор оғоз мекунад, ки системаи автоматикунонидашудаи таъминоти ҳамаҷониба барои офисҳо ва ширкатҳо мебошад.

Чӣ тавр Азиз IT-ро бо тиҷорат пайваст?

Ба гуфтаи Азиз аксарият мафҳуми стартапро нодуруст мефаҳманд. Стартап ҳатман он нафаре нест, ки синну солаш аз 25 поён бошад, як мағозае кушояду чизе фурӯшад. Дар Тоҷикистон чунин ақида доранд, ки нафари ҷавон фаъолияти соҳибкорӣ барад, стартап ҳисоб мешавад.

“Ин комилан хатост. Стартап як модели тиҷоратиест, ки ҳоло барои мардум нав аст ва вақте як нафар барои санҷиш онро ба бозор бароварда пешкаш мекунад, он гоҳ стартап номидан мумкин аст. Аксари стартапҳо бо технологияҳои иттилоотӣ (IT) вобастагии калон доранд”,- муфассал шарҳ дод Азиз.

Дар ҳамин ҷо ӯ иқрор шуд, ки дубора фаъолияташ бо IT пайваст шудааст. Гарчанде ҳангоми интихоби касб ин соҳаро як тараф монда ба тиҷорат завқ пайдо карда буд.

“Вале ихтисоси интихобкардаи ман соҳибкорӣ дар стартап буд. Ба технологияҳои иттилоотӣ шавқам гум нашудааст, вале намехоҳам рамзи барнома нависам”,- гуфт бо табассум стартапери ҷавон.

Шодмон Кенҷаев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend