“Волидонам намедонистанд, ки ман чиҳоро аз сар гузаронидам”. Чӣ тавр ҷавони тоҷик тавассути Мексика ба ИМА расид

Нуршед баъди ноумед шудан аз кор дар Русия тасмим гирифт, ки бахти худро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бисанҷад ва барои ин роҳи пурмашаққатеро тай кард.


Ин ва дигар аксҳои марбута ба матлаб

Нуршед (бо хоҳиши қаҳрамон насабаш ифшо намешавад – муҳаррир) зодаи Тоҷикистон аст. Ӯ баъди сар шудани ҷанг дар Украина ҷойи корашро дар як ширкати хориҷӣ дар Русия аз даст дод. Хост ба кори дигар машғул шавад, вале азбаски шаҳрвандӣ надошт, муваффақ нашуд.

Ӯро фикру нақшаҳои як дӯсташ ба худ ҷалб карданд ва тасмим гирифт барои расидан ба ИМА тавассути Мексика таваккал кунад. Нуршед дар бораи он ки чӣ тавр тавонист вориди хоки Амрико шавад, ба муаллифи Your.tj нақл кард.

Як дӯсташ ба ӯ идеяи зиндагӣ дар Амрикоро дод

Нуршед 26-сола аст. Донишгоҳро дар Тюмен хатм карда, ба назди волидон ва хоҳараш ба Москва, ки 10 сол боз он ҷо зиндагӣ мекарданд, баргашт. Нуршед дар оила писари калонӣ аст. Дар Москва ӯ дар як ширкати хориҷӣ кор мекард. Баъди оғози ҷанг дар Украина ин ширкат аз Русия рафт.

Нуршед қарор дод, танҳо доштани шаҳрвандии Русия ба ӯ кӯмак мекунад, ки дар Москва кори нав пайдо кунад. Аммо барои гирифтани он бояд ба Тоҷикистон баргашта, ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ мекард.

Дар Душанбе Нуршед мушоҳида кард, ки бисёри тоҷикистониҳо ба сабаби номуътадилии вазъ дар Русия кӯшиш мекунанд ба ИМА раванд.

Аз суҳбат бо як шиносаш, ки нақша дошт тавассути Мексика ба Амрико равад, ангеза гирифт. Нуршед ҳам тасмим гирифт, барои беҳсозии ояндааш, сарҳади Мексикаву Амрикоро убур кунад.

Ҷавон муддати дароз нақшаҳои худро бо волидайнаш маслиҳат кард. Модараш зид буд, вале падараш қарори ӯро дастгирӣ кард.

Нуршед ба Москва баргашту волидонаш барои сафари ӯ дар ҷустуҷӯи маблағ шуданд. Онҳо тавонистанд 9 ҳазор доллари барои сафар заруриро ҷамъ кунанд.

Нақшаи Нуршед ва се дӯсти ӯ чунин буд, ки бояд ба Туркия парвоз мекарданд, ки аз он ҷо роҳи онҳо ба ИМА тавассути Мексика оғоз меёфт.

Дур Туркия ба онҳо як дӯсти дигарашон, ки барои ташкили ин сафар кӯмак мекард, билети ҳавопаймо ба шаҳри Мадрид брон карда буд, то аз он ҷо ба Мексика раванд.

Роҳи 15-рӯза ба Мексика

Нуршед ба хотир меорад, ки бисёр метарсид аз волидонаш дур шавад. Ҷавон медонист, ки роҳ ба Амрико тавассути сарҳади Мексика бисёр хатарнок аст.

“Падарам гуфт, ки дар зиндагӣ бояд таваккал кард, то ба ҳадафҳоят бирасӣ. Аммо ман бисёр тарс доштам, ки агар нашуд, чӣ тавр пулҳои қарз гирифтаамонро бармегардонем?”,- нақл кард Нуршед.

Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, русҳо, украинҳо ва зодагони дигар кишварҳо мехостанд ватани худро тарк кунанд. Ва инро дидан бисёр ғамангез буд, мегӯяд Нуршед.

Ҷавонон бо мошинҳо, автобусҳо, аспҳо, мотосиклҳо ва ҳатто пиёда мерафтанд, то худро ба Мексика расонанд. Сафар 15 рӯз идома кард. Онҳо бисёр мушкилиҳоро паси сар мекарданд, аммо ба волидонашон чизе намегуфтанд.

“Ҳамин ки дар мо интернет пайдо шуд, дарҳол ба волидонам занг задам, онҳоро ором кардам, гуфтам, ки ҳамааш хуб аст, ягон мушкил нест. Гоҳо барои он ки ба мо бовар кунанд, ҳатто мегуфтам, ки бо ҳамон роҳе, ки ман омадам, хоҳари 23-солаамро фиристанд, то якҷо бо ӯ кор кунем. Онҳо чунон хурсанд мешуданд, вақте мешуниданд, ки ба Амрико рафтан ба қавле хел осон будааст. Аммо онҳо намедонистанд, ки мо чӣ азобҳоро паси сар кардем”,- ба хотир меорад Нуршед.

Ҳатто тахмин карда наметавонистанд, ки кай дар Амрико мешаванд

Дар Мексика дӯстон бо мушкили зиёд хонаи иҷора ёфтанд, зеро имкон надоштанд дар меҳмонхона истанд. Онҳо ҳатто тахмин карда наметавонистанд, ки кай дар Амрико мешаванд.

“Як хонаи иҷора ёфтем, ки дар он ҷо боз 4 нафар аз Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Мо бояд пулро эҳтиёткорона сарф мекардем, барои ҳамин танҳо заруртарин маҳсулоти хӯроквориро мехаридем ва дар хона мепухтем”,- нақл мекунад ҷавон.

Пас аз як рӯз ба онҳо фаҳмонданд, ки бояд дар CBP One дархост пур кунанд. Ин барномаест, ки бо ёрии он ба супоридани дархост оид ба гирифтани паноҳандагӣ дар сарҳад сабтином мекунанд.

Ин барнома тақдири минбаъадаи зодаи Тоҷикистонро ҳал кард

Барномаро дар телефони худ насб карда, онҳо бояд ҳар рӯз тугмачаи “Ask for appointment”-ро пахш мекарданд. Онҳо ҳар рӯз пахш мекарданд, аммо натиҷа намедод, ягон нафари онҳо ба равзана ворид шуда наметавонист.

“Ҳар бегоҳ мо ба сарҳад, ҷое ки ҳамаи муҳоҷирон навбати худро интизор буданд, мерафтем. Мардуми зиёде он ҷо буд, ҳама хаставу афгор ва интизори муъҷиза буданд. Бисёри онҳо бо ҷомадонҳои худ ҳамон ҷо зиндагӣ мекарданд, махсусан кӯдакдорон”,- ба ёд меорад Нуршед.

Интизории тӯлонӣ ва қадами хатарнок аз ноумедӣ

Ҳатто бо гузаштани 25 рӯз вазъият тағйир наёфт, дар барнома гузоштани дархост ҳам даст надод. Бачаҳо ноумед шуда буданд, ҷавононе, ки бо онҳо дар як хона мезистанд, аллакай сеюм моҳ дар интизорӣ буданд.

Вазъият дар марз ҳар лаҳза дигар мешуд, аксари муҳоҷиронро ихроҷ мекарданд. Баъзеи онҳо кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳад тариқи деворро мекарданд, аммо онҳоро боздошт карда ба СИЗО мефиристоданд. Ҳамаи ин Нуршедро боз ҳам бештар дар тарс мегузошт.

Боре, вақте бачаҳо боз ба ҷое, ки марзи Мексикаву Амрикоро убур мекунанд, омаданд, марде ба назди онҳо омад ва пешниҳод кард, ки метавонад барои ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади ИМА шабона тариқи гузаргоҳи “сиёҳ” кӯмак кунад.

Нуршед ва дӯстони ӯ аллакай омода буданд таваккал кунанд, бинобар ин маслиҳат карданд, ки соати дуи шаб ба ҷои таъйиншуда мераванд.

Аммо яке аз бачаҳое, ки ҳамроҳашон дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард, маслиҳат дод, ки ба он ҷо нараванд ва пешниҳоди боз каме интизор шудан кард.

“Мо чизҳоямонро ҷамъ кардем ва дигар ба касе гӯш накардем”,- ёд меорад Нуршед. Гарчанде садое дар дилашон мегуфт, ки ба он ҷо нараванд, аммо дӯстон таваккал карданд.

Онҳо ба марди ношинос ҳазор долларӣ доданд. Мард онҳоро аз тангкӯчаҳои торик мебурд, бо ваъдаи он ки баъди чанд соат дар Амрико мешаванд. Аммо ногаҳон чизе хато шуд, онҳо садои баланд шуниданд ва равшании нурафканҳоро (прожектор) диданд. Мард бошад, куҷое гум шуд.

Бачаҳо аввал каме ба ҳарос афтоданд, аммо зуд худро ба даст гирифта, ба паноҳгоҳи наздиктарин пинҳон шуданд ва мунтазир монданд. Вақте каме ором шуд, ҷавонон ба қафо баргаштанд.

“Ин рӯзи хушбахттарини зиндагии ман буд!”

Рӯзи дигар ҷавонони хаставу дилмонда дубора кӯшиш карданд ба тугмачаи барномаи CBP One пахш кунанд. Муъҷиза пас аз як ҳафта рух дод. Нуршед тавонист ба дархости паноҳандагӣ сабтином шавад.

“Пас аз як ҳафта бояд ҳамаи гурӯҳи мо Мексикаро тарк мекард. Ман ба чашмонам бовар намекардам! Мо ҳама аз хурсандӣ мепаридем”,- ёд меорад ӯ.

Аммо хурсандӣ дер давом накард. Дар пеш ҷавононро роҳи нав ва тӯлонӣ интизор буд. Онҳоро ба лагери гурезагон фиристоданд, ки шароиташ хеле бад буд.

Фазои лагер пуршиддат буд. Одамон хаставу афсурда, аммо ҳанӯз пур аз умед буданд.

Нуршед ва дӯстонаш бисёр ҷавононеро вохӯрданд, ки мисли онҳо барои ояндаи беҳтар ба ҳама кор тайёр буданд.

“Дар лагер одамоне буданд, ки беш аз шаш моҳ дар он ҷо зиндагӣ доштанд ва аллакай ноумед гашта буданд. Ҳар рӯз аз лагер одамонро ихроҷ мекарданд. Он ҷо барои мо ҳар як рӯз мисли як сол мегузашт”,- нақл мекунад ҷавон.

То замони барои суҳбат даъватнома гирифтани Нуршед чанд моҳе гузашт. Ӯ аз санҷиши дурудароз ва хастакунанда гузашт, ҳуҷҷатҳояшро бодиққат аз назар гузарониданд.

Ниҳоят рӯзе, ки ба Нуршед дар бораи қабул шудани дархосташ хабар доданд фаро расид.

“Ин рӯзи хушбахттарини зиндагии ман буд,- мегӯяд Нуршед бо табассум. – Ман дарҳол ба волидонам занг зада гуфтам, ки акнун дар ИМА ҳастам ва худамро хуб ҳис мекунам. Ман инро барои онҳо ва барои худам кардам. Акнун медонам, ки метавонам, чизи хостаамро ба даст орам”,- афзуд ӯ.

Нуршед бо таассуф илова кард, ки яке аз дӯстони бо онҳо омада, ҳанӯз дар лагер қарор дорад.

Ҳоло Нуршед дар иёлати Ню-Йорк зиндагӣ ва дар як маркази дилхушӣ кор мекунад. Ӯ бо оилааш, ки аз пасаш ба Амрико рафтанд, зиндагӣ мекунад. Дар давоми як сол, ӯ тавонист полиси суғуртаи тиббӣ ва шаҳодатномаи ронандагӣ гирад.

Дар моҳи август нахустин мурофиаи судии Нуршед баргузор мешавад, ки барои он аллакай адвокат киро кардааст.

Фирӯза Наврӯзова, махсус барои Your.tj

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо.