Вокуниши Оғохони IV ба ҳодисаҳои охир дар Бадахшон

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони IV,  бар пайи ҳодисаҳои чанд рӯзи охир дар Бадахшон бо нашрия як муроҷиатнома ба мардуми ВМКБ, вокуниш кард. Ӯ таъкид намудааст, ки нооромиҳои охир дар ин минтақа, ӯро сахт нигарон кардаанд.

Паёми Оқохон рӯзи 18-уми май дар сомонаи The Ismaili Tajikistan ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ нашр кардаанд.

Шоҳзода Карим Оғохон аз Ҷамоати хеш дар Бадахшон даъват кардааст, то ки қонунҳои сарзаминеро, ки дар он зиндагӣ мекунанд, риоя намоянд.

“Ҳидояти ман ба Ҷамоатам ин аст, ки дар доираи қонунҳои кишвар зиндагӣ намоянд. Вориди хушунат нашаванд. Муҳим аст, ки фарзандони руҳониям ҳамеша суннати Ҷамоатамон, яъне дар баробари ҳамаи ҳамватанони дигар дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карданро ҳифз намоянд”, – навиштааст, Карим Оғохон.

Ӯ боз ҳам аз мардум даъват кардааст, ки оромиро нигоҳ доранд ва мушиклоташонр бо роҳи муколама ҳал намоянд.

“Дар айни замон фарзандони руҳониям аз Бадахшони Куҳӣ, бахусус ҷавонон аз талаботи бунёдии ҳифзи сулҳу субот ва шаҳрвандони арҷгузор ба қонун будан, набояд дур шаванд ва дар рушди кишварашон саҳми фаъолона гузоранд.

Фарзандони руҳонии ман бояд ихтилофҳоро хирадмандона тавассути муколамаи осоишта бо эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал кунанд. Ин масъалаест, ки ман ба он аҳмият махсус медиҳам”, – гуфтааст, Шоҳзода дар муроҷиатномаи худ.

Оғохон таъкид намудааст, ки ба унвони Имоми Замон ба ҷамоати тоҷик фармон медиҳад, то қонунҳои кишварашонро риоя кунанд ва ҳама гуна зӯроварӣ, бетартибӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва дигар амалҳоеро, ки  метавонанд ба нукӯаҳволии онҳо таҳдид кунад, рад намоянд.

“Ман ба ҳамаи фарзандони руҳонии маҳбубам аз Тоҷикистон, беҳтарин дуоҳои хайри  меҳромезамро барои мушкилосон ва суботу бехатарӣ мефиристам. Ман роҳнамоии минбаъдаро дар оянда, агар зарурат ба миён ояд, тавассути Созмонҳои Ҷамоатӣ ирсол хоҳам кард”, – қайд кардааст, дар анҷоми муроҷиати худ Шоҳзода Карим Оғохон.

Ин дуввумин муроҷиати Оғохон бар пайи бесарусомониҳо дар Бадахшон аст. Моҳи феврал низ паз аз нооромиҳои моҳи январӣ дар ВМКБ, ӯ бо нашри чунин як муроҷиатнома аз мардуми ин минтақа хоста буд, ки оромиву сулҳу суботро нигоҳ доранд.

Skip to toolbar