fbpx

Баъзе маҳаллаҳои Душанбе муддати як шабонарӯз бе оби нӯшокӣ мемонанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи nashbryansk.ru

Куштани як марди 40-сола дар пайи як даргирӣ дар Мастчоҳ

Дар натиҷаи ду муноқишаи хунини ҷудогона дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ як марди 40-сола кушта шуда, марди 47-солаи дигар дар беморхона бистарӣ шудааст. Аввалӣ бар пайи як даргирӣ аз зарби мушт ба ҳалокат расида, дувумиро дар пайи баҳси об бо зарби каланд ба сараш мезананд, ки дар беморхона бистарӣ мебошад.

Ба иттилои Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ин ду ҷинояти муқобили ҳаёту саломатӣ, моҳи апрели имсол дар ҷамоати деҳои Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ содир шудааст. Чаҳор нафар гумонбару ҷабрдидаи ин муноқиша сокинони деҳаи Пастиғави ҳамин ҷамоат будаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ҳодисаи аввал “шаҳрванд Ҳусейнов Хуршед Ҳусейнович, ки қаблан барои таъмаҷӯи суд шудааст, санаи 9-уми апрел дар ҳудуди бозори ҷамоати деҳоти Оббурдон аз ҳиссиёти авбошона бо шаҳрванд Мирзоев Мирзоаҳмад Аҳмадович муноқиша карда ба сару рӯяш зарбаи ҷароҳатрасонанда зада ҳаёти ӯро ба мамот табдил дод. Аз ҷароҳати ҷисмонии бардошта ҷабрдида вазъи саломатияшро аз даст дода бо гузашти 12 шабонарӯз дар беморхона ба ҳалокат мерасад”.

Ба ҳамин монанд,  сокини ҳамин ҷамоат Юлдошев Илҳом Муродбекович “барои истифодабарии оби полезӣ дар ҳудуди заминҳои саҳроӣ ба номи Юсуф Вафо бо ҳамдеҳаи худ Ҳасанов Раҳимбек Шакарович муноқиша карда бо асбоби кишоварзии каланд ба сари охирон зада зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст”.

Дар пайи ин ҳодиса мақомоти милитсияи ноҳияи Мастчоҳ нисбати гумонбаршавандаи аввалӣ Хуршед Ҳусейнов бар асоси талаботи қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо оқибати марг”  ва алайҳи гумонбари дувум Илҳом Юлдошев низ дар асоси ҳамин банди қонун парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Баъзе маҳаллаҳои Душанбе муддати як шабонарӯз бе оби нӯшокӣ мемонанд

Шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, ки ба далели пайваст намудани яке аз қубурҳо дар кӯчаи Фирдавсии Душанбе интиқоли об ба бархе аз маҳаллаҳои Душанбе муваққатан қатъ мешавад. Шаҳрдории Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хостааст, ки барои худ миқдори оби зарурӣ захира кунанд.

Дар хабарномаи шаҳрдории Душанбе омадааст, ки “бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600 мм ба шоҳқубури амалкунанда дар кӯчаи Фирдавсӣ  интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Сино ва Фирдавсии пойтахт аз соати 23:00-и 18 май то соати 24:00-и 19 май муваққатан қатъ мегардад”.

Гуфта мешавад интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Чортут, Сомон, хиёбони Борбад (аз кӯчаи Фирдавсӣ то шаҳраки Гипрозем), кӯчаҳои Камонгарон, Наҳимов, Мир, Юсуф Вафо, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, Балъамӣ, Қаҳҳорӣ ва шаҳраки П.Нахимов; ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 61, 62, 63, 64, 65, маҳаллаҳои Крупский, Сомон, Гулбутта 1-2, Машал муваққатан қатъ мегардад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои Синову Фирдавсӣ ва  корхонаи «Обу корези Душанбе»-ро вазифадор кардааст, бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин кунанд.

Ҳамчунин ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дастур шудааст, ки дар ин муддат таъмин кардани аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Даргузашти рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

Рӯҳони шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода субҳи 18-уми май дар сини 70 солагӣ даргузашт. Яке аз хоҳарзодаҳои Пирмуҳаммадзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аз дарди дил ранҷ мебурд ва ин субҳ хабари маргашро ба онҳо расонданд. Ба гуфтаи наздиконаш, маросими ҷанозаи ӯ имруз вақти намози пешин дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Исмоил Пирмуҳаммадзода дар доираҳои динӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун воиз ва ровӣ шинохта шуда буд. Ӯ аз соли 1991 ба ин тараф имом-хатиби Масҷиди марказии Ҳисор буд.

Ин рӯҳонӣ дар баробари фаъолиятҳои динӣ, дар чорабиниҳои фарҳангӣ низ фаъолона иштирок мекард. Бори охир, якшанбеи гузашта дар маҳфили “Боргоҳи сухан” иштирок ва суханронӣ карда буд.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Лоҳутӣ, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали “100-солагии матбуоти тоҷик” буд.

Дар Русия муҳоҷирони дорои доғи судиро ба таксиронӣ роҳ намедиҳанд

Думаи давлатии Федератсияи Русия лоиҳаи қонунеро дар таҳрири дувум қабул кард, ки бар асоси он, шаҳрвандони дорои собиқаи ҷиноии тозанашуда ҳаққи таксиронӣ нахоҳанд дошт.

“Ташаббус ҳам ба русҳо ва ҳам ба муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла ба кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё – Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон дахл дорад”, – омадааст дар лоиҳаи қонун.

Дар лоиҳаи қонун маҳдудиятҳо барои кишварҳои дигар зикр нашудааст, зеро шаҳрвандони онҳо, ки доғи судӣ доранд, умуман дар Русия патент ё иҷозатномаи кор гирифта наметавонанд.

Шаҳрвандоне, ки қасди интиқоли мусофирон ва бағоҷи онҳоро доранд, ки бинобар доғи судӣ доштан ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта намешаванд.

Дар лоиҳа ду категория маҳдудият пешбинӣ шудааст. Аввалӣ ба манъи ронандагии нақлиёти ҷамъиятии заминӣ дахл дорад. Он ба автобусҳо, троллейбусҳо, трамвайҳо ва микроавтобусҳо таъсир мерасонад.

Шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зидди амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин зидди сулҳу амнияти башарият доғи судии барнадошта доранд, ба кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ қабул карда намешаванд.

Барои категорияи дуюм, яъне ронандагони таксӣ, рӯйхати шабеҳи ҷиноятҳо низ татбиқ мешавад. Аммо дар баробари ин, он ҷиноятҳо, аз қабили куштор, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, одамрабоӣ, ғоратгарӣ, ҷиноятҳо бар зидди дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии шахсиро дар бар хоҳад гирифт.

Илова бар ин акнун манъи кор ба ҳайси ронандаи таксӣ ба шаҳрвандоне низ дахл хоҳад кард, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини миёна доғи судӣ доранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend