ВКД изҳорот дод, ки дар Хоруғ ҷустуҷӯйи беному нишон шудагон идома дорад

Мухтасари хабарҳои рӯз.


амалиёти наҷот аз зери тарма дар Бадахшони Тоҷикистон

Акс аз КҲФ

Шумораи қурбониёни зилзила дар Туркияву Сурия аз 40 ҳазор нафар гузашт

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба зиёда аз 35 ҳазор нафар расид, хабар дод президенти ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Ин рақам аз нишондиҳандаи заминларзаи соли 1939 зиёдтар буда, акнун фоҷеаи моҳи феврали соли равон дар таърихи муосири Туркия харобиовартарин дониста мешавад, менависад ВВС.

Оқибатҳои зилзила дар Сурия

Теъдоди умумии қурбониён дар Сурия бо шумули ҳалокшудагон дар минтақаи ошӯбгарон ва дар ноҳияҳои таҳти назорати ҳукумат ба 5 ҳазору 800 нафар расид, хабар медиҳад нашрия.

“Шумори умумии кӯдакони осебдида аз ду заминларза дар Туркия 4,6 млн нафарро ташкил медиҳад. Дар Сурия 2,5 млн нафар кӯдакон осеб диданд”, – хабар додааст ба рӯзноманигорон сухангӯи ЮНИСЕФ Ҷеймс Элдер.

Рӯзи сешанбе имдодгарон аз зери харобаҳо Муҳаммад Энес Енинари 17-соларо ҳамроҳи бародари 21-солааш Абдулбоқӣ пас аз 198 соати пас аз заминларза берун гирифтанд.

Ҳамчунин рӯзи сешанбе дар Қаҳрамонмаръаш имдлодагрон аз зери вайронаҳо як писар ва як мардро наҷот доданд. Онҳо 200 соатро зери вайронаҳо паси сар кардаанд.

Расонаҳои Туркия навиштаанд, ки имдодгарон то ҳол умедворанд, ки дар чанд макони дигар, ки дар зери харобаҳо осори ҳаёт пайдо шудааст, наҷотёфтагонро пайдо кунанд.

Президенти Туркия Эрдуғон рӯзи сешанбе хабар дод, ки дар қорҳои наҷотдиҳӣ ба сурати умум 249 ҳазор нафар иштирок доранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир беш аз 13 ҳазор нафар шаҳрвандони ин кишвар дар бемористонҳо табобат мегиранд.

Эрдуғон зикр кардааст, ки корҳои наҷотдиҳӣ дар манотиқи офати табиӣ то замони берун овардани охирин нафари зиндамонда аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрехта идома хоҳад кард.

ВКД изҳорот дод, ки дар Хоруғ ҷустуҷӯйи беному нишон шудагон идома дорад

Ба ғайр аз 8 нафаре, ки дар зери тарма ба ҳалокат расиданд, чанд нафари дигар беному нишон шудаанд ва ҷустуҷӯи онҳо давом дорад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ чунин изҳорот  додааст.

Ҳамчунин, 12 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба Маркази ташхиси Хоруғи боло бистарӣ гардидаанд. 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд, омадааст дар изҳорот.

ВКД гуфтааст, дар пайи тармафароии 15 – уми феврал, 7 манзили истиқоматӣ зери тарма монда, пурра хароб гашта, 10 хонаи дигар қисман зарар дидааст. Консулии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ низ зери тарма мондааст.

“Айни замон, Комиссияи махсус аз ҳисоби сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, ба осебдидагон кумак фиристодаанд ва дар ҷойи ҳодиса Ситод оид ба бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ корҳои бартарафсозиро идома дода истодааст”,- гуфтааст ВКД.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар хабар дода буд, ки бар асари тармафароӣ дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи Варзоб дар умум 10 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Муҷозоти се афсари милиса бо далели марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар Кӯлоб

Се афсари милиса дар Кӯлоб бо далели марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини 37 – солаи маҳаллӣ ҳангоми боздошт, муҷозот шуданд. Дар ин бора рӯзи 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар хабар дод.

Акс аз Радиои Озодӣ

Вай тавзеҳ дод, ки “се корманди милиса, ки Абдуқаҳҳор Розиқовро боздошт ва ба шӯъбаи корҳои дохилӣ оварданд, барои хунукназарӣ муҷозот шуданд”.

Ба гуфтаи вазир, дар робита ба ин ҳодиса боз чанд тан аз кормандони мақомоти корҳои дохилии Кӯлоб низ барканор шуданд.

Вазир ҷузъиёти дигарро ошкор накард.

Ёдовар мешавем, ки Абдуқаҳҳор Розиқов шаби 3 январ пас аз боздошти маъмурони милиса ба таври шубҳанок ба ҳалокат расид. Ӯ дар роҳ ба сӯи шӯъба дар мошини маъмурони милиса ҷон додааст.

Пас аз ин даҳҳо нафар аз сокинони шаҳри Кӯлоб дар назди сардхонаи бемористони шаҳр ҷамъ омада, аз мақомот талаб карданд, ки иллати марги Розиқовро ошкор ва гунаҳкоронро ҷазо диҳанд. Пас аз чанде ВКД хабар дод, ки ӯ бар асари истеъмоли аз меъёр зиёди амфетамин фавтидааст.

Наздикони ӯ иддао доранд, ки ӯ аз шиканҷа фавтидааст.

Марги 19 нафар дар Тоҷикистон бар асари 1262 ҳодисаи сӯхтор дар соли 2022

Дар Тоҷикистон дар соли 2022 дар натиҷаи 1 ҳазору 262 ҳодисаи сӯхтор 19 нафар ҳалок шудаанд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо соли 2021 ҳодисаҳои сӯхтор 66 адад (1 ҳазору 196 сӯхтор) афзудааст: соли пешин бар асари сӯхтор 10 нафар фавтида буданд.

Маблағи зарар аз сӯхтор дар соли 2022 58 млн 716 ҳазор сомонӣ ва маблағи эмин нигоҳ доштани молу мулк аз он 806 млн 356 ҳазору 098 сомониро ташкил додааст.

Дар бораи ҳаҷми зарар аз сӯхтор дар соли 2021 маълумот дода нашудааст.

Ҳамчунин ВКД ба сабабҳои аслии сар задани сӯхтор ва ба чӣ вобаста будани афзоши ҳодисаҳои сӯхтор дар кишвар ишора намекунад.