fbpx

9 нафар дар ВМКБ ва 1 нафар дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ зери тармаҳо ҳалок шуданд

Дар умум имрӯз 10 нафар бар асари тармафароӣ дар тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.


1
1 point
Тармафароӣ дар Хоруғ

Дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари тармафароӣ имрӯз, 15 – уми феврал 9 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар километри 66-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ низ чор мошин зери тарма монда, як нафар ба ҳалокат расидааст. 9 нафари дигар аз зери тармаҳо дар Хоруғ наҷот дода шудаанд, хабар медиҳад КҲФ.

Ҳамчунин, дар ин ҳодиса 22 хонаи истиқоматӣ: 4 хона пурра ва 18 хонаи дигар қисман зарар дидаанд.

Ҷасади як нафаре, ки дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ зери тарма монда, ба ҳалокат расид, пайдо ва ба наздиконаш супорида шудааст.

Корҳои ҷустуҷӯйӣ ва наҷотдиҳӣ дар ҷои ҳодиса идома дорад. Қаблан як манбаи мо гуфта буд дар ин ҳодиса се нафар ба ҳалокат расиданд.

Бар асари тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расида, шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.

КҲФ дар сомонаи расмияш навиштааст, ки дирӯз, 14 – уми феврал, дар километри 8 – уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа низ як мошин бо даҳ мусофир ва ронанда зери тарма мондаанд. Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набудааст, вале ҳамаи мусофирон ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд.

Тарма дар ВМКБ Тоҷикистон
Акс аз КҲФ: Амалиёти наҷоти мусофирон дар деҳаи Шодии ноҳияи Роштқалъа

Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур дар деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа рух додааст. Тарма мошини “Toyota-микроавтобус”-ро бо ронанда ва 10 мусофираш ба соҳили рӯди Шоҳдара партоб кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин ҳодиса бо Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар инр бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Оқибатҳои тармафароӣ дар Бадахшон

Президент барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кӯмаки моддӣ ба оилаҳои зарардида ба Сарвазири кишвар, роҳбарияти ВМКБ, ВКД ҶТ ва КҲФ Тоҷикистон дастуру супориш додааст.

Дар се шабонарӯзи охир дар натиҷаи бориши зиёд баландии барф баъзе ноҳияҳои ВМКБ бештар аз як метрро ташкил медиҳад.

КҲФ аз хавфи фаромадани тарма дар чанд рӯзи оянда дар ноҳияҳои кӯҳӣ огоҳӣ медиҳад. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар рӯзҳои 15 – 17 феврали соли ҷорӣ дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ба амал омадани боришот (борон, барф) – и бошиддат пешгӯӣ мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend