Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Вазорати меҳнат: Намояндагиҳои Тоҷикистон аз рейдҳои мақомоти Русия аз болои муҳоҷирон пешакӣ огоҳ буданд

Ҳамаи намояндагони дипломатии кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар Русия буданд, аз ҷумла Сафорати Тоҷикистон ва намояндагии вазоратҳо аз баргузории ин амалиёт огоҳ карда шуда ҳастанд. Шаҳноза Нодирӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зимни нишасти матбуотӣ ин нуқтаро таъкид карда, гуфт, дар натиҷаи амалиёти мақомоти Русия як қатор қонуншиканиҳои муҳоҷирон ошкор шудаанд.

“Бояд қайд кард, ки ин тафтишоту фишорҳо болои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия моҳҳои май-июни соли ҷорӣ ба амал омаданд. Он дар доираи як амалиёти махсуси мақомоти интизомии Русия – “Нелегал” сурат гирифт, ки пештар ҳам гузаронида мешуд. Чунин амалиёт ба хотири ошкор кардани қонуншиканиҳои шаҳравандони хориҷӣ дар дигар давлатҳо низ гузаронида мешавад”,- афзуд муовини вазир.

Ӯ қайд намуд, ки дар Русия охирин чунин амалиёт то пандемияи COVID-19, соли 2019 гузаронида шуда буд. Соли 2023 мақомоти Русия тафтишотро дубора оғоз кардаанд.

“Дар натиҷаи амалиёт як қатор камбудиҳои будубоши шаҳрвандони мо ошкор гардид, ки ба қонунгузориҳои Федератсияи Русия зид аст. Рейдҳо шумораи зиёди муҳоҷиронеро ошкор карданд, ки муҳлати патент ва бақайдгирии муҳоҷираташон гузаштааст.

Дар Русия ҳатто як рӯз аз қайди муҳоҷират берун мондани шаҳрвандони мо метавонад зидди қонунҳои муҳоҷират эътироф шавад ва асос барои манъи вуруди шаҳрвандони мо ба ин кишвар гардад”,- шарҳ дод Нодирӣ.

Вале муовини вазир омори дақиқи қонунвайронкуниҳои муҳоҷирони тоҷикро пешниҳод накард.

Ба гуфтаи ӯ, ин тафтишоту фишорҳо танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида нашудааст.

“Шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон ва ҳатто шаҳрвандони худи Русия – ҷумҳуриҳои Чеченистон ва Тотористон низ мавриди тафтиш қарор гирифтанд. Баъд аз муайян кардани шахсият ва наёфтани камбудӣ дар ҳуҷҷатҳои шахсони ба рейд афтида, онҳо раҳо карда шуданд”,- гуфт Шаҳноза Нодирӣ.

Дар чанд моҳи ахир боздошту азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфтааст. Мақомоти Русия инро як санҷиши маъмулӣ унвон мекунанд, вале муҳоҷирон мегӯянд, бештар фишор сари муҳоҷирони тоҷик аст ва полиси рус бо онҳо бадрафторӣ мекунад.

Русия макони кори ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон аст. Садҳо донишҷӯйи тоҷик ҳам дар ин кишвар таҳсил мекунанд ва афзоиши рейду тафтишҳо зиндагии онҳоро мушкил кардааст.

Skip to toolbar