fbpx

Хадамоти гумрук: “Тоҷирон вазифадор нестанд, ки бақайдгирии рамзҳои IMEI-и дастгоҳҳои алоқаи воридотиро анҷом диҳанд”

Дастгоҳи аз ҷониби воридоткунанда ба қайд нагирифта бояд бо назардошти пардохти он арзонтар бошад.


0
Рамзи IMEI дар Тоҷикистон ҳам аз тарафи фурӯшанда ва ҳам аз тарафи харидор метавонад ворид шавад

Бақайдгирии рамзи IMEI-и телефонҳо ва дигар воситаҳои алоқаи мобилӣ ҳатмӣ аст. Ин амал чи аз тарафи воридкунанда бошад, чи аз тарафи харидор бошад, анҷом дода мешавад. Нархи таҷҳизоти аз қайд нагузашта бояд арзонтар бошад, чун онро харидор пардохт мекунад, гуфт Хуршед Каримзода сардори хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.

Сардори хадамоти гумруки Тоҷикистон
Хуршед Каримзода сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон

“Ин масъала муносибати байни тоҷиру харидор аст. Ҳангоми харидорӣ бояд истеъмолкунанда пурсад, ки мол аз қайд гузаштааст ё не. Арзиши воситаи алоқа аз ҳамин ҷо муайян мешавад. Агар бо иловаи пардохтҳои гумрукӣ бошад, нархи он болотар мешавад, дар ҳолати аз ҷониби харидор ба расмият даровардани пардохти гумрукӣ, баръакс”,- шаҳр дод ӯ.

Ба гуфтаи Каримзода то замони ба фурӯш баровардан воридкунандагони воситаҳои алоқа вазифадор нестанд, ки ҳатман рамзҳои IMEI-ро ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алокаи барқӣ ворид кунад.

“Ҳангоми бақайдгирии рамз бояд симкорти истифодабаранда ба таҷҳизот насб шуда бошад. Муҳим нест, кӣ ба расмият медарорад. Асос ин ки истифодабаранда бидуни ин амал аз таҷҳизоти харидааш истифода карда наметавонад. Барои ҳамин ҳатмӣ нест, ки воридкунандаи таҷҳизот ҳангоми воридот онро ба расмият дарорад”,- афзуд Хуршед Каримзода.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 10 ҳолати интиқоли ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ ошкор карда шуда, дар асоси он парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, мавриди баррасӣ қарор доранд.

Телефонҳои фурӯшӣ дар Тоҷикистон

IMEI – ин рақами силсилавии иборат аз 15 рақам аст, ки дар дастгоҳ, талони кафолат (гарантийный талон), дар барчаспи зери батареяи баъзе дастгоҳҳо, қуттии телефон ё дастгоҳи дигаре, ки SIM-кортро қабул мекунад, нишон дода шудааст.

Дар Қарор чӣ гуфта шудааст?

Тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 рамзҳои IMEI-и ҳамаи таҷҳизотҳои мобилӣ, ки слоти симкорт доранд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид карда шаванд. Дар акси ҳол операторони мобилӣ бояд пас аз 30 рӯзи аввали фаъолии алоқавӣ кори онро дар телефон масдуд кунанд.

Ба гуфтаи мақомот, бақайдгирии рамзи IMEI бояд назорат аз болои дастгоҳҳои мобилӣ, муайян ва мубориза бар зидди қочоқ ва телефонҳои қалбакиро таъмин намояд.

Тибқи қарори ҳукумат, бақайдгирии автоматии телефонҳои мобилӣ дар моҳи апрел анҷом ёфт.

Шурӯъ аз моҳи май ҳамаи телефонҳои воридшаванда ҳангоми ворид шудан ба кишвар бояд аз расмиёти гумрукӣ гузаронида шаванд ва рамзҳои IMEI ҳангоми расмиёти гумрукӣ ба пойгоҳи ягона ворид карда шаванд.

Вале дар қарори болозикр мушаххасан қайд нашудааст, ки уҳдадории бақайдгирии рамзи IMEI бар зиммаи фурӯшанда аст ё харидор.

Ба ҳисоби миёна бақайдгирии рамз ба ҳар як харидор 15-20% аз арзиши телефони харидашударо ташкил медиҳад. Ба гуфтаи корбарон, пардохти мазкур бояд танҳо тариқи “Душанбе сити” сурат гирад.

Назари мутахассисон: “Телефонҳои аз қайд нагузаштаро нахаред”

Мутахассисон мегӯянд, агар рамзҳои IMEI-и телефон сабт нашуда бошанд, пас ин маънои онро дорад, ки телефон ба қаламрави Тоҷикистон ба таври қочоқ ворид шудааст.

Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, дар соли 2022 ба Тоҷикистон расман танҳо 64 ҳазору 130 адад дастгоҳи мобилӣ ворид шудааст, дар ҳоле ки талаботи солона ба телефонҳои ҳамроҳ ҳудуди 500 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон имрӯз дар ягон мағоза хариданӣ телефони мобилӣ бо рамзи расман сабтшудаи IMEI амалан ғайриимкон аст. Фурӯшандагон ба харидорон ҳангоми харидорӣ  огоҳ мекунанд, ки онҳо бояд рамзҳои IMEI-ро мустақилона сабтином кунанд ва тамоми хароҷоти заруриро пардохт намоянд. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки аз харидории чунин телефонҳо худдорӣ намоем.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend