Гулбаҳор Ғаффорова, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик дар кӯдакияш ба бемории фарбеҳӣ гирифтор шудааст. Сабаби инро вай дар табобати нодуруст ҳангоми шамолхӯрӣ дар овони кӯдакӣ медонад.
Бо вуҷуди ин, беш аз 20 сол дар саҳнаи ҳаҷв баромад кард ва номи худро ёфт. Муаллифи Your.tj бо ин бонуи ҳунарманд ҳамсуҳбат шуд ва аз ҳаёти ӯ қисса кард.
Бо вазни муқаррарӣ ба дунё омад
Фарбеҳӣ ё вазни барзиёд – дар организми инсон аз ҳад зиёд захирашавии равған аст. Ба ин омилҳои гуногун сабаб мешаванд.
Дар инкишофи фарбеҳӣ омилҳои ирсӣ аҳамияти калон доранд, он чун ихтилофи мубодилаи моддаҳо аз насл ба насл мегузарад. Барои ҳамин ҳам барзиёдии вазни бадан бештар дар кӯдаконе дида мешавад, ки падару модарашон фарбеҳанд.
Гулбахор мегӯяд, ӯ дар оила фарзанди дуюм аст, ва 1-уми апрели соли 1980 бо вазни муқарарӣ – 3 кг 600 гр ба дунё омадааст. Ҳоло 44 сол дорад ва вазни ӯ қариб ба 130 кг ва қадаш ба 1,6 метр баробар аст. Дар оила падару модар ва хоҳару бародараш вазни муқарарӣ доранд.
“Азбаски дар кӯдакӣ ба ин беморӣ гирифтор шудам бисёр мехостам духтури кӯдакона шавам, вале дар солҳои 90 таҳсили ман дар Донишгоҳи тиббӣ дер давом накард. Ба филиали Донишкадаи техникии Тоҷикистон, дар факултети муҳандис- технолог дохил шудам, вале баъди хатм ҷои кор пайдо накардам. Пайрави падар гаштаму ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба факултети ҳуқуқшиносӣ дохил шудам, аммо ҳуқуқшинос ҳам нашудам, чун ҳуқуқшинос бояд нафари ҷиддӣ бошад”,- мегӯяд ҳаҷвнигор.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Касбам ба худаму вазнам мувофиқ аст”
Таҳлилҳо нишон медиҳанд , ки дар ҷаҳон нафарони фарбеҳ мунтазам дар ҷои кор ба табъиз дучор мешаванд, ҳатто агар онҳо мутахассиси соҳаи худ бошанд. Корфармоён аксар вақт қобилиятҳои одамони фарбеҳро нодида мегиранд ва гумон мекунанд, ки онҳо аз ӯҳдаи корҳои душвор баромада наметавонанд. Дар асл, одамони фарбеҳ метавонанд хеле қавӣ бошанд.
Як профессори ҷомеашиноси Донишгоҳи давлатии Калифорния мегӯяд, “қобилияти ҳар як шахс бояд ба таври инфиродӣ арзёбӣ карда шавад ва набояд фикр кунем, ки ҳамаи одамони азимҷусса дар меҳнати ҷисмонӣ бад ҳастанд”.
“Баъди ин қадар касбомузиҳову донишандӯзӣ ба хулосае омадам, ки танҳо саҳна ҷои ман аст ва ҳамин касбам ба худаму вазнам мувофиқ аст. Инак зиёда аз 20 сол аст ки дар саҳнаи ҳунар ҳастам”,- афзуд бо табассум Гулбаҳор.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Фарбеҳӣ ба инсон рӯҳан таъсири манфӣ мерасонад
Аз рӯи нақли қаҳрамони мо, вақте дар як чорабинӣ дар хор иштирок кардан мехост, ба ӯ иҷоза надоданд, чун либоси ба андозааш мувофиқ набуд. Аммо бо гузашти сол Гулбаҳор як чеҳраи шинохта дар ҳаҷв шуд ва новобаста ба фарбеҳӣ тавонист шахсияти худро созад. Дар ҳаёти шахсӣ низ дер бошад ҳам, ҳамсафари ҳаётӣ пайдо карду оила барпо намуд ва соҳиби як писар гардид.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки занон бештар ба фарбеҳӣ гирифтор мешаванд. Тибқи маълумоти духтур эндекренолог Азиз Наҷмиддинов солҳои охир фарбеҳӣ махсусан миёни ҷавонон бештар шудааст. Агар пештар одамони аз 45-50 сола боло гирифтори фарбеҳӣ гарданд, имрӯз вазъият баръакс аст.
Равоншинос Муҳаррама Раҳимова дар сӯҳбат қайд намуд, албатта фарбеҳӣ рӯҳан ба инсон таъсири манфӣ мерасонад. Яъне шахс худро нороҳат ҳис мекунад, шарму ҳаё пахш мекунад, комплекс пайдо мекунад ва худро муаррифӣ карда наметавонад.
Лекин ба хусусияти инфиродии шахс вобастагии калон дорад. Агар инсон қабул карда тавонад, иродаи мустаҳкам дошта бошад, новобаста ба он пеш меравад.
Гулбаҳор Ғаффорова дар зиндагӣ худро хушбахт ва муваффақ меҳисобад, ӯ соҳиби касбу кор, фарзанд ва хонаву дар аст ва аз чизе шикоят надорад. Мухлисони зиёд дорад ва бо саҳнаҳои ҷолибаш дар рушди санъат ва пешравии кишвар саҳмгузор аст.
17%-и аҳолии Тоҷикистон вазни барзиёд доранд
Аз рӯи маълумотҳо вазни одам бо индекси махсус чен карда мешавад, яъне вазн бо қад бояд мувофиқ бошад. Масалан, барои 70 кг вазни бадан, одам бояд 1,7 метр қад дошта бошад. Тибқи маълумотҳо имрӯз дар ҷаҳон 1,9 миллиард нафар аз доштани вазни барзиёд ва ё фарбеҳӣ азият мекашанд.
Бо мақсади табобати бемории фарбеҳӣ “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” қабул гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани он табибон ба омӯзишу таҳқиқ ва роҳҳои пешгирии бемории фарбеҳӣ ҷалб шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17%-и аҳолии мамлакат дорои вазни барзиёд буда, 11,3%-и он аз фарбеҳӣ азият мекашанд. Ғайр аз ин, фарбеҳӣ тақрибан дар миёни 5% кӯдакони синни мактабӣ ба қайд гирифта шудааст.