Оқибатҳои селхезӣ дар Ваҳдат

Қурбониёни сел дар Тоҷикистон ба 17 нафар расид

Дар ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар шаҳри Ваҳдат ҷасади 4 нафари дигар пайдо шуда, шумораи қурбониёни офати табиӣ дар маҷмӯъ ба 17 нафар расид.

Умеда Юсуфӣ сухангӯи КҲФ ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ҳангоми кор дар ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат ҷасади 3 зан ва 1 мардро пайдо карданд.

“Ҷасадҳо барои муайян кардани шахсияти онҳо ба мақомоти дахлдор супурда шуданд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Тибқи иттилои қаблӣ дар натиҷаи омадани сел 13 нафар, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 тани дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳалок шуданд.

Умеда Юсуфӣ мегӯяд, КҲФ дар якҷоягӣ бо 350 нафар сокинони маҳаллӣ хатҳои обгузар, кӯчаву роҳҳо, 25 бинои истиқоматии ҷамоати деҳоти номбурда аз хоку лой тоза кардаанд.

“Шоҳроҳи Ваҳдат-Ромит низ пурра аз гил ва санг тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт дар он барқарор карда шуд”,- гуфт ӯ.

Дар натиҷаи бориши зиёди борон 27-уми август дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон селу ярч фаромад. Дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод офати табиӣ хисороти ҷиддӣ ба бор овардааст.

Skip to toolbar