fbpx

Сел роҳу пулҳо, хонаву мошинҳоро зери лой кард

Оқибатҳои даҳшатноки сел дар минтақаҳои Тоҷикистон.


0
Сел дар Тоҷикистон мошинҳоро бурд
Акс аз КҲФ

Борони шадиди 27-уми август боиси омадани сел ва фаромадани ярчу сангрезӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод гардид. То ҳол ҳалокати 13 нафар бар асари омадани сел дар шаҳри Ваҳдату ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад КҲФ.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Ҳамин тариқ, боронҳои шадид дар мавзеи Шӯрақсои ҳудуди Хуҷамбиёи поёни шаҳри Душанбе сабаби фаромадани сел шуда, об ба қитъаҳои наздиҳавлигии биноҳои истиқоматӣ ворид шуд ва роҳи мошингарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (шафати бозори Кӯшониён)-ро баст.

Дар айни замон бо ёрии техникаи хадамот роҳи ноҳия тоза шуда, ҳаракати мошинҳо дар канори он барқарор гардидааст. Бар асари омадани сел аз дарёи Харангон ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69, майдончаи варзишӣ, биноҳои ёрирасон ва роҳи шафати ин мактаб зарар дидаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Сино бар асари бориши шадид роҳи байни Лучоби боло ва ноҳияи Варзоб баста шуд.

Бо ёрии техника вазъияти ба амаломада бартараф шудааст. Чунин вазъият дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ сабт шудааст.

Дар кӯчаҳои Дӯстии халқҳо ва Аҳмади Дониш дар натиҷаи боронгарии шадид роҳи мошингард пур аз об шуд. Ҳоло корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба анҷом расидаанд. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе талафоти ҷонӣ сабт нашудааст, иттилоъ медиҳад КҲФ.

Акс аз КҲФ

Дар ноҳияи Тоҷикобод 27 август, тахминан соати 19:10 бар асари бориши шадид дар километри 194-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш-Саритош пули байни дараҳо дар ҳолати садамавӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, вазъият бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт таъмин шудааст.

Дар натиҷаи бориши шадид километрҳои 2, 3, 4 ва 18-уми шоҳроҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор зери об монданд. Бо ёрии техника роҳ тоза шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор гардид.

27 август, тахминан соати 14:40 дар натиҷаи бориши шадид дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб ва тахминан соати 16:30 дар километри 21-уми шоҳроҳ омадани сел ва фаромадани ярч сабт шуда, дар натиҷа 15 мошин зери лой мондааст.

Сел дар Варзоб
Акс аз КҲФ

Гуфта мешавад, ҳолати мазкур ба эътидол оварда шуда, ҳаракат дар ду самт барқарор гардидааст.

Дар ҳудуди деҳаи Лучоби ва деҳаи Ҷамоати деҳоти Чорбоғи сел ба якчанд биноҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ қисман зарар расонида, 14 мошин дар назди биноҳои истиқоматӣ дар зери лой мондааст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулода кор ва ҳаҷми хисороти расидаро муайян менамояд, менависад манбаъ.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор низ сел омада, ба хона ва заминҳои сокинони маҳаллӣ қисман хисорот ворид намудааст.

Дар натиҷаи омадани сел Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат зарар дидаанд. Зиёда аз 100 хонавода аз ин шаҳракҳо муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд.

Мутаассифона, 11 нафари (3 зан, 8 мард) бар асари офати табиӣ ба ҳалокат расидаанд. Ду шаҳрванд аз мошини ғарқшуда наҷот дода шудаанд.

Сел дар Ҳисор
Акс аз КҲФ

Ҳамчунин 5 пули маҳаллӣ, роҳҳои байни минтақаҳои аҳолинишин ва иншооти муҳофизатӣ низ зарар дидаанд. Феълан дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода кор ва ҳаҷми хисоротро муайян менамояд.

Дар ҳудуди деҳаҳои Обшорон, Зафар, Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ зери об мондааст. Таҳхонаҳои сокинони маҳаллии деҳаҳои Маърифат ва Чинаки Ҷамоати деҳоти Чортеппа низ аз об пур шудаанд.

Дар деҳаи Дараи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ дар натиҷаи омадани сел 15 мошин зери лой монда, мутаассифона, ду нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин дар ҳудуди Рашт ва ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд омадани сел сабт шудааст.

Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Акс аз Кҳф

Дар тамоми шаҳру навоҳии осебдида комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода кор менамоянд, менависад КҲФ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид мекунад, ки дар натиҷаи бориши зиёд хатари фаромадани ярч, сел ва сангрезиҳо боқӣ мемонад.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар робита ба марги шаҳрвандон дар офати табиии шаби гузашта ба наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуда, ба сарвазир, КҲФ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш дод, ки ба онҳо кӯмак расонида, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend