fbpx

Ғуломалӣ Назаров дар коргоҳаш аробачаҳои маъбонро ройгон таъмир мекунад

Ғуломалӣ аз модар бидуни пой таваллуд шудааст ва ҳангоми таъмири хона як чашми худро низ аз даст додааст.


0

Ғуломалӣ Назаров 39 сол дошта, сокини ноҳияи Ёвон мебошад. Ӯ устохонаи таъмири аробачаҳои маъюбӣ дорад, ки он ҷо ба сохтан ва таъмири аробачаҳои маъюбӣ машғул аст. Ӯ ҳамчунин устои пойафзолдӯз, таъмиргари хона ва барқ аст.

Айни замон Ғуломалӣ бо зану фарзандҳояш дар ноҳияи Рӯдакӣ иҷоранишин аст. Ӯ ба мо аз саргузашти талхи худ қисса кард.

“Хондану навиштанро аз падар омӯхтам”

Ғуломалӣ Назаров дар оилаи бузург ба дунё омадааст, онҳо 10 хоҳару бародаранд. Мутаассифона аз байнашон танҳо қаҳрамони мо бо маъюбият (пой надорад) таввалуд мешавад. Замоне, ки Ғуломалӣ ба синни мактабӣ мерасад, дар Ёвон мактаби махсус барои кӯдакони дорои маъюбият набуд ва қаҳрамони мо аробачаи маъюбӣ низ надошт. Аз ин рӯ ба Ғуломалӣ хондану навиштанро падараш меомӯзонад.

“Соле, ки ман бояд синфи 1- ум мерафтам, дар ноҳияамон мактаби маъюбон набуд, падарам дар хона ба ман хатту савод омӯзониданд. Тамоми рӯзҳои истироҳативу вақтҳои холигиашонро сарфи ман мекарданд, то ки аз дигарон қафо намонам. Он кас устоди аввалини ман буданду то ҳол дар дилам ҷои худро доранд”, – мегӯяд, Ғуломалӣ.

Бенасиб шудан аз мероси падар

Тамоми умр падари Ғуломалӣ ояндаи фарзанди маъюбиятдоштаашро фикр мекард. Ӯ намехост, ки оянда ҷигарбандаш талбандаву хору зор шавад. Аз ин рӯ дар бонк барои Ғуломалӣ маблағ пасандоз мекард, то ки писараш пас аз сари ӯ муҳтоҷи касе набошад. Вале қисмат он пулҳоро насиби Ғуломалӣ накард.

“Падарам дар бонк 250 ҳазор суми СССР гузошта буданд, то ки ман бо он зиндагиамро идома диҳам. Мехостанд, ки ман ягон касб ё ҳунар омӯзам, аммо баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи пулҳои дар бонк пасандоз карда сӯхтанд”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Қаҳрамони мо 16 сол дошт, ки падараш вафот кард, акнун ӯро лозим омад, ки дар канори модар рост бошад ва нӯҳ хоҳару бародарашро саробонӣ кунад. Ғуломалӣ ҳамроҳи модараш тиҷорати мева мекарданд. Хоҳаронаш мева мечиданду Ғуломалӣ бо модараш онҳоро барои фурӯш ба бозор мебароварданд ва бо ин васила зиндагиро пеш мебурданд.

Таҳсил дар мактаби махсус

Замоне ки дар ноҳияи Ёвон мактаб интернат барои маъюбон кушода шуд, Ғуломалӣ зуд ба он мактаб рафт ва соҳибҳунар гашт. Кафшдӯз ва устои хонаву барқ буданаш, ҳосили таҳсил дар мактаб интернат аст. Ӯ баробари омӯхтани ҳар касбаш корро шурӯъ мекард, то ки аҳли хоаводааш гурусна намонанд.

“Дар мактаб – интернат мо танҳо ҳунар меомӯхтем. Ман аллакай пояфзолдӯзиро метавонистам ва барои талабагону ҳамсояҳо пойафзол таъмир мекардам, онҳо бар ивази корам ба ман биринҷ, орд, равған, картошка ва дигар маҳсулотро медоданд”, – гуфт Ғуломалӣ Назаров.

“Муҳоҷири пулкашон”

Ғуломалӣ мебинад, ки ба ин ҳунарҳояшон зиндагии 9 фарзанду як модарро пеш бурда наметавонад, роҳ пеш мегирад ба сӯйи муҳоҷират. Дар як сол 2 – 3 маротиба ба шаҳри Москва мерафту меомад. Вақте ки ӯ ба муҳоҷират рафт, бачаҳои тоҷик ба ӯ пешниҳод медиҳанд, ки ӯ пулҳояшонро ба Тоҷикистон бубарад, чунки дар он вақт бо бонк пул равон кардан хеле мушкил буд ва бар ивази он барояш ҳаққи хидмат медоданд.

“Ман то 50 ҳазор долларро дар болишт ва чархҳои аробачаам пинҳон карда бо қатора ба Тоҷикистон меовардам ва бар ивази корам сари 1000 доллар, 100 долларашро мегирифтам”, – гуфт, Ғуломалӣ.

Сипас ба хунукиҳои Русия тоб наоварда қарор дод, ки дар ватан бимонад, акнун бародарону хоҳаронаш низ калон шуда буданду аз уҳдаи зиндагӣ мебаромаданд. Ӯ тибқи фармоиш ба сохтмон ва таъмири хонаҳо машғул мешуд ва ё ба пойафзолдӯзӣ. Ғуломалӣ бе ягон мамоният рӯи зина мебарояду хона таъмир мекунад. Вале аз фалокатҳои ногаҳонӣ касе дар амон нест. Ҳангоми кор бо дастгоҳи оҳанбурӣ, дастгоҳ мешиканаду як қисматаш ба чашми Ғуломалӣ мезанад ва чашмаш нобино мешавад, вале ӯ ҳамоно корашро идома медаҳад ва аз меҳнат рӯй намегардонад.

Аробачаи маъюбӣ – мӯъҷизаи дастнорас

Тавре қаҳрамони мо мегӯяд, ӯ то замони ба мактаб – интернат рафтанаш аробачаи маъюбӣ надошту бо зонуҳояш роҳ мегашт. Он замон аробача барои Ғуломалӣ як мӯъҷизаи дастнорас буд, ки вай доим орзуи доштани онро мекард. Баъдан директори мактаб – интернат фаъолии ӯро дида барояш аробача туҳфа мекунад.

Ғуломалӣ пас аз муҳоҷират ба таъмири пойафзолу таъмири хона машғул буд. Боре аробачааш аз кор мебарояд ва онро худаш таъмир мекунад, зеро барои харидани аробачаи нав имконият надошт. Ҳамон вақт пеши худ мақсад мегузорад, ки устохонае мекушояду ба таъмири аробачаҳо машғул мешавад.

“Вақте ки ман дар тренинги “Дастрасии воситаи ёрирасон” се моҳ таҳсил кардаму ба Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе, “Имконият” ба кор даромадам, пешниҳод кардам, ки бароям як корхона сохта диҳанд, то ройгон ба шахсони маъюбиятдошта кӯмак кунам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Таъмири ройгони аробачаҳои маъюбӣ

Айни замон ӯ тамоми намуди аробачаро таъмир карда метавонад. Ҳамчунин, се аробачаи худсохташро ба шахсони дорои маъюбият туҳфа кардааст.

“Ба ҳар нафаре, ки наздам омада, аробачаи маро таъмир кун мегӯяд, албатта, ройгон таъмир мекунам, агар асбобҳои лозимӣ дар коргаҳ бошад. Дар сурати набудан бо ёрии дӯстони саховатманд, ки дар хориҷа кор мекунанд, харида таъмир мекунам,”- мегӯяд, Ғуломалӣ.

Ба гуфти Ғуломалӣ аробачаҳои месохтааш ба ҳар нафари маъюбон мутобиқ карда мешаванд ва аз нархи бозор се маротиба арзонтаранд.

“Сохтани аробача заҳмати зиёд металабад. Пас аз қабули дархост, аввал рафта соҳиби аробачаро мебинам, зеро нафаре ҳаст, ки як дасташ кӯтоҳ аст, дигарӣ ҳарду дастонаш.

Ман намехоҳам, ки онҳо дар аробачаҳои сохтаи ман бероҳат бошаду азият кашанд. Чун аробача барои ман узви баданам аст ва фикр мекунам, барои дигар шахсони маъюбиятдошта низ чунин аст”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Оянда қаҳрамони мо мехоҳад, ки корхонаи “Дастрасии воситаҳои ёрирасон” кушояду ба маъюбон воситаҳои лозимаро дастрас намояд.

Аминҷон Раҳматзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
4
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend