Эмомалӣ Раҳмон дастур дод масофаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ қотеъона риоя шаванд
Хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат ба Ситоди ҷумҳуриявӣ бар зидди коронавирус, Вазорати тандурустӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ барои эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод.
Бори дигар таъкид шуд, ки масъалаи ваксинагузаронӣ риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.
Дар ҳамин ҳол, чанде пеш дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” дар Facebook навиштае нашр шуд, ки дар он гуфта мешуд, “дар роҳи сироят ва паҳншавии коронавирус аз нақлиёти ҷамъиятӣ дида, дигар чизе хатари бештар надорад!”. Аз ин рӯ, пешниҳод гардида буд, ки “беҳтараш қоидаҳои беҳдошт дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ба танзим дароварда шавад”.
Муҳлати ҳабси тоҷикеро, ки бо скинхедҳо занозанӣ карда буд, тамдид карданд
Суди Маскав муҳлати ҳабси Амиршо Ҳусейнови 21-соларо, ки пас аз занозанӣ бо скинхедҳо ё худ миллатгароҳои рус боздошт шуд, ду моҳи дигар тамдид кард. Ӯро дар авбошӣ муттаҳам медонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.
“Мо аз ҷониби сафорат адвокат пешниҳод кардем, лекин пайвандони Ҳусейнов дигар адовокатро киро кардаанд. Ин парвандаро зери назорату пайгирӣ дорем. Дар нотаи ба унвони ВКХ Русия фиристодаамон тафтиши мунсифонаи қазияро талаб кардем”, – иброз доштааст сафир. Ба гуфтаи сафир, Амиршо Ҳусейнови 21-сола зодаи шаҳри Паҷакенти вилояти Суғд мебошад.
Ёдрас мекунем, ки ин муноқишаву сипас ҷанҷолу занозанӣ шоми рӯзи 23 июн рух дод. Як гуруҳ скинҳедҳо дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав бо шиори “Россия для русских, Москва для москвичей!” (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил карда, одамони дигар миллатҳоро таҳқир мекарданд.
Убайдулло Раҷабов бар асари бемории коронавирус даргузашт
Ҳунарманди шиносхтаи кишвар Убайдулло Раҷабов бар асари бемории коронавирус имрӯз, 1-уми июл дар Душанбе даргузашт. Ӯро дар қабристони шахсиятҳои фарҳангиву пуровозаи кишвар дар Лучоб ба хок супориданд. .
Писари ӯ Шаҳзод Раҷабов далели марги падарашро гирифторӣ ба бемории ҳамагирӣ COVID 19 унвон кардааст. “Дирӯз ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва имрӯз моро тарк карданд. То ин вақт бемор набуданд, ба маҳфилу нишастҳо мерафтанд”,-гуфт Шаҳбоз.
Убайдулло Раҷабов аз ҳунармандони саршинос ва пуровозаи театру синамои тоҷик буд, ки нақшҳои мондагоре офаридааст. Ин ҳунарманд яке аз пурбинандтарин ҳаҷвнигор ва танзпардози тоҷик буд, ки ҳанӯз аз замони Шӯрави доғтарин масоили иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсиро аз роҳи танз матраҳ мекард.
Дар ноҳияи Айнӣ як мошин ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифтанд
Дар километри 138-уми роҳи роҳи Душанбе Хуҷанд, дар қаламарави ноҳияи Айнӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамроҳ бо як мошини боркаш оташ гирифтааст. Ҳодиса нисфирӯзии 1-уми июл дар наздикии деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ рӯх додааст. Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ гуфтаанд, “ҳоло сӯхтор пурра бартараф шуд, талафоти ҷонӣ нест”.
Ба гуфтаи мақомоти милиса, дар ин оташсӯзӣ ягон нафар ҷароҳати вазнин набардоштааст ва кормандони оташнишонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сӯхторро хомуш намуданд. Ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор тақрибан дар як соат хомӯш карда шуд. Ҳоло оташнишонҳо ба ҷустуҷӯи сабаби сар задани сӯхтор ва ҳисоб кардани зиёни молӣ машғуланд.
Вазири мудофиаи Туркия бо мақомоти тоҷик масъалаи “мубориза бо терроризм”-ро баррасӣ кардааст
Хулуси Акар, вазири мудофиаи Туркия ба Тоҷикистон омада, масъалаи мубориза бо терроризмро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои Туркия, мубориза бо созмони ФЕТО-и Фатҳуллоҳ Гюлен, аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи Хулуси Акар бо мақомоти тоҷик будааст.
Тибқи иттилои хабаргузории давлатии Туркия — “Анадолу”, Хулуси Акар дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо гуфтааст, кишвараш омода аст, ки дар бахши мудофиа ва амният бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Ба гуфтаи Акар, Туркия ҳамчунин мехоҳад таҷрибаи худ дар мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар марзро бо Тоҷикистон дар миён гузорад.
Мақомоти тоҷик дар бораи сафари Хулуси Акар хабаре нашр накардаанд. Вале хабаргузории расмии “Анадолу” навиштааст, Хулуси Акар дар мулоқот бо мақомоти тоҷик, мубориза бо ташкилоти ФЕТО-ро дар миён гузошта, “инро муҳим хондааст”.
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ба бештар кардани парвозҳо бо Русия ба мақомдори баландпояи рус
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мулоқот бо раиси Думаи давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Валодин пешниҳод кард, ки шумораи парвозҳо бештар карда шаванд.
Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, дар мулоқоте, ки имрӯз Рустами Эмомалӣ ва Вячеслав Володин дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ анҷом доданд, мавзӯи парвозҳо ва муҳоҷирон калидӣ буд.
“Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар ин самт тадбирҳои мақсаднок, аз ҷумла барқарорсозии парвозҳои мунтазам ва рафтуомади бемонеаи шаҳрвандон, таҳия ва амалӣ гарданд”, – афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармояи русӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, мавҷудияти захира ва иқтидори васеъ барои афзоиш додани ҳаҷми савдои мутақобила, ҷалб намуд.