Панҷгоникҳо дар Тоҷикистон

Туҳфаи Худованд. Панҷгоникҳо аз ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?

30-юми декабри соли 2020 сокини ноҳияи Қубодиён Дилноза Мамадова дар таваллудхонаи шаҳри Душанбе панҷгоник ба дунё овард. Кӯдакон зинда ва солим таваллуд шуданд. Дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин бори аввал аст.

Дар бораи он ки зиндагии имрӯзаи кӯдакон ва модарашон дар як деҳоти дурдаст чӣ гуна аст ва чаро падари онҳо Раҳмон Нормуродов ба муҳоҷират рафтааст, муаллифи Your.tj Амонҷон Муҳиддинов нақл кард.

Барои аёдати хонаводаи Нормуродовҳо ба ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки дар 170 километр дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ аст, рафтем.

Ду соли охир дар хонае, ки дар як вақт 5 гаҳвораи тоҷикӣ дар ҷунбиш аст, панҷ кӯдаки солим – Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Бибиоиша мехобанд.

Ман хеле хаста шудам, аммо…

Дилноза Мамадова 32 сол дорад. Ӯ дар ВАО бо он маъруф шуд, ки 30 декабри соли 2020, дар арафаи Соли нав панҷгоник таваллуд кард.

Табибони маҳаллӣ ҳанӯз дар ташхиси УЗИ ба зан гуфтанд, ки ӯ на дугоник, балки панҷгоник ба дунё меорад.

Азбаски ин ҳолат дар таърих хеле камназир аст ва дар тамоми солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон бори аввал рух дод (дар бораи таваллуди панҷгоникҳо дар Тоҷикистони шӯравӣ маълумоте нест), Дилноза пеш аз таваллуд дар таваллудхонаи рақами №1 – и Душанбе бистарӣ шуд..

Ду моҳи охири пеш аз таваллуд гинекологҳои ботаҷриба ӯро зери назорат гирифтанд.

Оилаи Нормуродовҳо пеш аз ба дунё омадани панҷгоник аллакай соҳиби фарзанд буданд: як писар ва як духтар. Бо таваллуди панҷ кӯдак акнун дар оилаи ҷавон 4 духтару 3 писар ба воя мерасанд.

Ба гуфтаи Дилноза, сернаслӣ дар хонаводаи шавҳараш ирсӣ аст: қаблан дар хонаводаи ду додарарӯс ва як хоҳарарӯсаш дугоникҳо ба дунё омада буданд. Аммо касе панҷгоник шуданашро интизор набуд…

На танҳо дар ин минтақа, балки дар кишвар ва шояд ҳатто дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ чунин ҳолат вуҷуд надошт.

Дар гузашта дар Тоҷикистон таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва ҳатто чоргоникҳо ба қайд гирифта мешуд. Аммо ба гуфтаи табибон, тайи 30 соли охир онҳо бори аввал якбора ба таваллуди панҷ тифл шоҳид шудаанд.

Ба гуфтаи Дилноза, хабари ба наздикӣ соҳиби панҷгоникҳо шудани онҳо, албатта, барои тамоми аҳли оила ғайричашмдошт буд, наздикон аз ин ҳатто ба ҳайрат афтиданд.

Дилноза Мамадова бо кӯдаконаш

«Баъзе модарон шикоят мекунанд, ки фарзандашон шабона намехобанд ва гиря мекунад. Онҳо аз гиряи як кӯдак меноланд, ҳол он ки Худоро шукр ман 5 тифли навзод дорам!

Баъзан ҳар панҷашон дар як вақт гиря мекунанд. Намедонам кадомашро аввал гирам. Ҳар як кӯдак ба меҳру ғамхории модар ниёз дорад.

Ман ҳар якро бо навбат ба оғӯш мегирам, навозиш мекунам, кӯшиш менамоям ором созам, ҳамаи ин вақт ва қувваро талаб мекунад. Хеле хаста шудаам, аммо Худоро шукр мегӯям, ки ба ман чунин ҳадя додааст”, – мегӯяд Дилноза.

“Мо ҳоло ҳам ба кӯмак ниёз дорем”

Дилноза мегӯяд, ки баъди таваллуди кӯдакон ба онҳо шири модар намерасид ва аз рӯзҳои аввал онҳоро бо шири сунъӣ ғизо медоданд.

То яксола шудани кӯдакон табибони ноҳия зуд-зуд ба ин хонадон рафта, аз ҳолу аҳволи кӯдакон мепурсиданд.

Аммо тайи як соли ахир касе аз пизишкон ба назди онҳо наомадааст ва вақте кӯдакон бемор мешаванд, зан маҷбур мешавад, ки худаш онҳоро ба бемористон барад.

“Барои ба духтур бурдани кӯдакон ба ман чор ёрдамчии дигар лозим аст, зеро онҳо то ҳол хуб роҳ рафта наметавонанд ва бояд ба ҳар кадоми онҳо як нафарӣ аз калонсолон кӯмак кунад”, – шарҳ дод Дилноза.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар нафаре, ки дар беморхона бо панҷгоникҳо вомехӯрад, онҳоро самимона истиқбол мекунад ва гоҳе хоҳиш мекунад, ки бо онҳо аксбардорӣ кунад ва ҳайрон мешавад, ки модар ба танҳоӣ чӣ тавр аз ӯҳдаи нигоҳубини панҷгоник мебарояд.

Кӯдакон зоҳиран ба ҳам монанданд, аммо ҳар яке ба худ хислати хос дорад, аз ин рӯ модарро лозим меояд ба ҳар кадоми онҳо равиши махсуси муносибатро истифода кунад.

«Аз рӯзҳои аввал ба мо шири сунъии “Нестаген” – ро таъин карданд, ки нархи гарон дорад. Бо вуҷуди он ки кӯдакон андаке ба воя расидаанд ва мо ба онҳо шӯрбову дигар хӯрокҳо мехӯронем, вале то ҳол бе шишаи шир хоб карда наметавонанд.

Дар давоми якуним моҳ танҳо барои шири сунъӣ 1200 сомонӣ сарф мекунем. Оилаи мо ба зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул аст. Кӯдакон рӯз аз рӯз калон мешаванд ва таъмин кардани онҳо душвортар мегардад.

Шавҳарам барои пайдо кардани кори муносиб бо маоши хуб ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт.

Мардум пештар ба мо кӯмак мекарданд, ҳоло не. Мо то ҳол ба дастгирӣ ниёз дорем”,- мегӯяд Дилноза шармгинона.

Панҷ гаҳвора

Аллакай Ҳасану Ҳусейн, Фотимаву Зуҳро ва Бибиоиша роҳравак шудаанд. Дар байнашон оромтарин Фотима ва Бибиоиша аст. Се нафари дигарашон ғавғогари воқеӣ мебошанд.

“Мо ду гаҳвора доштем, баъд боз се гаҳвора харидем. Вақте ки кӯдакон роҳ рафтанро ёд гирифтанд, ташвишҳои ман зиёд шуданд.

Кӯдакони кунҷков ба ҳама ашёи рӯзгор даст мезананд, аз ин рӯ ба онҳо ҳамеша назоратгар лозим аст.

Баъзан бо ҳам ҷанг мекунанд ва бояд онҳоро аз ҳам ҷудо кард. Ду сол боз ба ғайр аз беморхона ҷойи дигаре нарафтам.

Ба аёдати хешу табор, маросимҳои тӯй ва дигар чорабиниҳо намеравам. Аммо ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки фарзандонам солим бошанд”, – мегӯяд Дилноза.

Падари хушбахт

Раҳмон Нормуродов, падари панҷгоникҳо, чанд моҳи охир дар муҳоҷират қарор дорад. Ӯ дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки хушбахт аст, ки соҳиби ин қадар фарзанд гаштааст.

«Вақте табибон ба ману занам гуфтанд, ки дар як вақт соҳиби панҷ фарзанд мешавем, ман ҳатто аз шодӣ паридам.

Албатта, ин туҳфаи ғайриинтизор, вале хеле гуворо буд. Давоми ин ду сол оилаи мо душвориҳоро паси сар кард: кӯдакон бемор мешуданд, шабҳо хоб намерафтанд, вале ба ҳамааш тоқат мекардем.

Раҳмат ба мақомот, ба мо ёрии калон расонданд. Сохтмони хонаи алоҳида беҳтарин тӯҳфаи ҳукумат буд», – гуфт Раҳмон.

Воқеан, пас аз таваллуди панҷгоникҳо, ҳамин ки мақомот огоҳ шуданд, ки ин оилаи ҷавон барои тарбияи фарзандон манзили зист шароити муносиб надорад, раиси вилояти Хатлон дастур дод, ки барои оилаи Нормуродовҳо хонаи алоҳидаи бароҳат бунёд кунанд. Зеро Раҳмону Дилноза ва ду фарзанди аввалаашон дар як ҳуҷраи танги хонаи волидонашон зимндагӣ мекарданд.

Калиди хона дар як маросими тантанавӣ 1 июни соли 2021 – дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон супорида шуд. Барои сохтмони хонаи 5-ҳуҷрагӣ мақомот 235 ҳазор сомонӣ сарф кардаанд.

Ҳукумати вилоят ва ноҳияи Қубодиён дар соли аввал ба ин оила кӯмаки якдафъаинаи пулию моддӣ расониданд, аз ҷумла, орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, коло барои кӯдакон ва маводи сӯзишворӣ барои зимистонгузаронӣ.

Пас аз таваллуди кӯдакон Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон низ маоши моҳонаи худро ба онҳо ҳадя карда, ҳамзамон туҳфаҳои дигар: кондитсионер, яхдон, гаҳвора барои кӯдакон, дар умум, ҳама чизе, ки барои соли аввали ҳаёти кӯдак зарур аст, тақдим намуд.

Дар бораи он ки дар Тоҷикистон чанд чоргоник таваллуд шудааст, дар ин ҷо бихонед.

Skip to toolbar