“Толибон”-ро ба Маскав даъват карданд. Русия гуфт, вазъро дар марзи Тоҷикистон назорат дорад. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи ianed.ru

“Толибон”-ро ба Маскав даъват карданд

Фиристодаи вижаи Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, намояндагони “Толибон” барои арзёбии сарнавишти ин кишвар ба Маскав даъват шудаанд. Хабаргузории “Рейтерс” гузориш дод, ки музокирот бояд 20-уми октябр баргузор шавад. Ба он намояндагони Чину Ҳиндустон, Покистон ва Эрон низ даъват шудаанд. Тафсилоти бештар нашр нашудааст.

Билол Каримӣ, муовини сухангӯйи “Толибон”, ба бахши Радиои “Афғонистони Озод” гуфтааст, мавқеи худро дертар хоҳанд гуфт.

Музокироти Маскав пас аз нишасти бист кишвари саноатии ҷаҳон ё G-20 бахшида ба арзёбии вазъи башарии Афғонистон дар давраи ҳукмронии “Толибон” барпо хоҳад шуд.

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, 7-уми октябр гуфт, Маскав вазъро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бодиққат назорат дорад. “Агар зарур шавад, дар чорчӯби усули иттиҳод ва шарикии стратегии Русияву Тоҷикистон чораҳои қатъӣ андешида хоҳанд шуд”, — афзуд ӯ.

Аз замони гирифта шудани Кобул аз сӯи “Толибон”, Тоҷикистон дар баробари ҳодисаҳои Афғонистон мавқеи ошкоро гирифт ва гуфт, танҳо ҳукумати ҳамашумул ё фарогирро эътироф мекунад.

Дар Суғд қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дубора афзоиш ёфт

Бино ба нархномаи нав, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғд тартиб намудаанд, қимати бензини навъи АИ 92 10, 4 сомонӣ ва АИ 95 ба 11 сомонӣ дакка хӯрдааст.

Нархи сӯзишвории дизелӣ ҳам то ба 9, 5 сомонӣ боло рафтааст. Дар ин миён арзиши гази моеъ 7, 5 сомонӣ, бетағйир боқӣ мондааст.

Ду ҳафта қабл нархи сӯзишвории дизелӣ 9, 3 сомонӣ ва бензини АИ 92 10 сомонӣ ва АИ 95 10, 8 сомонӣ рақам зада мешуд.

Масъулони ширкати таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) сабаби тағйирёбии нархро ба воридоти он нисбат дода мегӯянд, ки дафъаҳои охир арзиши ҳаҷми яклухти бензин ва сӯзишвории дизелӣ бештар шудааст.

Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри нави автобусҳо боз мешавад

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ваъда дод, ки автобусҳои транзитӣ байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистонро роҳандозӣ мекунад. Автобусҳои транзитӣ байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд. Хатсайр аз водии Фарғона мегузарад.

Дар ин бора номзад ба президентӣ аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, президенти кунунии ин кишвар Шавкат Мирзиёев хабар додааст, менависад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ.

“Дар ояндаи наздик хатсайрҳои транзитии автобусҳо байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд”,-гуфт президенти Ӯзбекистон.

Дар доираи вохӯрии пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагон Мирзиёев ба сокинон дар бораи рушди нақлиёт ва инфрасохтори муҳандисии вилояти Сирдарё гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, таъмир ва сохтмони роҳҳои мошингард, инчунин роҳандозии хатсайрҳои нав дар назар аст.

Бе раводид шаҳрвандони ҶТ ба кадом кишварҳо рафта метавонанд?

Мавқеи Тоҷикистон дар феҳристи “шиносномаи қавӣ” поён рафт, гуфта мешавад дар гузориши пойгоҳи таҳлилии “Henley&Partners”.

Бино бар гузориши ин ниҳод, шиносномаи Тоҷикистон 5 зинаро аз даст дода, ҳамакнун дар раддабандии мазкур дар хатти 90-ум қарор дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 58 кишвари дунё сафар кунанд.

Миёни давлатҳое, ки тоҷикон метавонанд бе раводид сафар кунанд, Антигуа, Барбуда, Барбадос, Кабо Верде, Зимбабве, Мавритания ва дигарҳо номбар шудаанд.

Байни кишварҳои Осиёи Миёна мавқеи шиносномаи Қазоқистон хубтар аст. Шаҳрвандони ин давлат метавонанд ба 77 кишвар бидуни раводид сафар кунанд.

Ӯзбекистон дар ин феҳрист дар ҷои 92 (56 кишвар) ва Туркманистон дар ҷои 96-ум (52 кишвар) қарор гирифтааст.

Шиносномаи Русия, ки бо он метавон ба 118 кишвари ҷаҳон бидуни раводид сафар кард, дар ҷои 52-юм мавқеъ гирифтааст.

Русия вуруд ва хуруҷи муҳоҷиронро осон мекунад

Вазорати корҳои дохилии Русия тартиби шаффофи вуруду хуруҷи муҳоҷиронро ба кишвар роҳандозӣ мекунад, хабар дод вазири ВУХ Русия Сергей Лавров.

“Вазорати корҳои дохилӣ аз номи президент равиши шаффоф ва ҳамаҷонибаро дар бораи он ки чӣ гуна мо вуруд ва хуруҷро аз Русия таъмин мекунем, омода мекунад” гуфт дипломат.

Лавров қайд кард, ки ин навовариҳо барои таъмини шаффофияти максималии раванди муҳоҷират пешбинӣ шудаанд.

Ҳамчунин, раҳбари Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки масъалаи роҳандозии қоидаҳои нави вуруд чанд моҳ тӯл мекашад.

Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон: Ба муйлабу риш ва сарулибосатон аҳамият диҳанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ даъват кардааст, ки дар кишвари қабулкунанда яъне Русия бояд қоидаҳои онро риоя намоянду нисбати ояндаи худ дурандеш бошанд.

“Шумо ба Русия ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади дарёфти ҷойи кор ворид шудаеду бояд тартиботи дохилии кишвари хориҷиро риоя намоед”, – хоҳиш крдааст намояндагӣ.

Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик тавсия додааст, ки дар ҳолатҳои берун аз корӣ ба китобхона, театр, намоишгоҳҳо, осорхонаҳо ва ҷойҳои маданиву фарҳангии ҳудуди ҷойи зисти худ рафта, фарҳанг, забон, таърих ва осори пурғании халқи Русияро аз худ намуда, барои ташаккули ҷаҳонбинии мадании худ талош намоянд.

Ҳамзамон, намояндагӣ тавсия додаааст, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ самарнок истифода намолянд, аз тамошои ролику барномаҳои характери ифротиву иртиҷоидошта ва ғайриманфиатнок худдорӣ намоянд.

Ҳамзамон намояндагии вазорати меҳнат аз муҳоҷирони меҳнати хоҳиш кардааст, ба сарулибос муйлабу риш аҳамият диҳанд.