fbpx

“Тоҷикон бозичаи дасти русҳо нестанд”. Ҳоло тамоми сохторҳои Русия барои табъизи муҳоҷирон мекӯшанд

Наталя Зотова, мутахассис оид ба муҳоҷират, собиқ корманди Пажӯҳишгоҳи антропология ва этнологияи Академияи илмҳои Русия гуфт, чаро имрӯз бояд барои муҳоҷирон дар Русия садо баланд кард.


0

Табъиз ва бегонаситезӣ нисбати муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамроҳи ҳамешагии онҳост. Вазъият солҳо боз тағйир наёфтааст. Пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”, таъқиби муҳоҷирон, махсусан аз Тоҷикистон, бештар шуд. Коршиносони самти муҳоҷират аз афзоиши хушунат алайҳи муҳоҷирон хавотиранд. Ва тақрибан ҳеҷ чиз ба тағйир додани ин ҳолат кӯмак намекунад.

Дар бораи он чи имрӯз дар Русия бо муҳоҷирон мегузарад, суҳбате доштем бо Наталя Зотова, профессор ва корманди Донишгоҳи тиббии ба номи Алберт Эйнштейн. Дар гузашта Наталя корманди Пажӯҳишгоҳи антропология ва этнологияи Академияи илмҳои Русия буд. Аз соли 2005 ба ин сӯ бо мушкилоти муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ машғул аст.

Аввалин рисолаи диссертатсионӣ ва аввалин тадқиқот илмии Наталя Зотова бевосита ба Тоҷикистон рабт дошта, дар он таърихи этникии маҳалҳои қадимаи тоҷикони ноҳияи Аштро омӯхтааст.

– Наталя Александровна, маъмурони интизомии Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” муттаҳам карда, барои боздошти онҳо бо ваҳшонияти хос бар асоси адовати миллӣ амалиёти вижа анҷом доданд. Ба фикри шумо чаро чунин шуд?

Аввалан, ман мехостам мисоле оварам, ки дар давраи пандемияи Ковид дар ИМА рух дод. Он вақт нажодпарастӣ ва бадбинии амрикоиҳо нисбат ба мардуми осиёитабор авҷ гирифт. Осиёӣ-амрикоиҳо низ садо баланд намуда, ба муқобили нажодпарастӣ баромад карданд ва шиору овезаҳоеро бо навиштаҷоти “I am not your scapegoat – Ман бозичаи дасти шумо нестам” афрохтанд.

Яъне гуфтаниам, ки тоҷикон бозичаи дасти русҳо нестанд.

– Истифодаи қишри осебпазири аҳолӣ, муҳоҷирони корӣ, ки ба эҳтимоли зиёд пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд, вазъи бе ин ҳам тоқатфарсои онҳоро дар Русия бадтар кард ва муттаҳам кардани онҳо ба ҳамлаи террористӣ, ки барои ҳама ҷинояти даҳшатнок аст, метавонад боиси таҷовузҳои оммавӣ ва паҳншавии густардаи зӯроварӣ алайҳи муҳоҷирон шавад?

– Ҳама чизи баде, ки бо муҳоҷирон бояд мешуд, аллакай рух дод, аммо ман аз хуруҷи нави зӯроварӣ, куштор ва латукӯб метарсам, ки фоҷиаи Крокусро метавонад такрор кунад.

Мегӯянд, ки хориҷкунӣ (депортатсия) ва рейдҳои оммавӣ мешавад ва ин гуна хабарҳоро таҳаммул кардан душвор аст. Он чизе ки дар шабакаҳои федералии Русия намоиш дода шуд, бераҳмии сахт, амалан қонунӣ кардани шиканҷа тавассути пахши мустақими телевизион буд.

Ин гӯё як фармони “фас” буд, ки муқобили тоҷикистониҳо истифода шуд.

– То ба кай муҳоҷирони корӣ аз ин ҳама азоб хоҳанд кашид?

– Ҷавоб додан ба ин савол душвор аст, аммо, ҳақиқат ин аст, ки онҳо тайи 30 соли охир ба ин ҳол гирифторанд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, вақте (ба Русия) рафтанро оғоз карданд, ин ҳама оғоз ёфт.

Наталя Зотова, акс аз архиви шахсӣ

Дар баробари ин, бояд дарк кард, ҳамчун мутахассиси соҳаи муҳоҷират ман медонам, ки муҳоҷират ҳамеша вуҷуд дошт ва хоҳад буд. Маҳз муҳоҷират ба паҳншавии насли инсоният дар саросари сайёра мусоидат кард. Яъне, муҳоҷират як ҷузъи комилан табиии ҷомеа аст.

Охир, тоҷикон дар замони ҳукумати шӯравӣ дар Русия сокинони муқимӣ буданд. Мавҷи азими бадбинӣ ҳамагӣ се даҳсола пеш оғоз шуд.

Дар тӯли ин 30 сол муҳоҷирон дар Русия таҳти табъизи системавӣ қарор доштанд, ки он дар илм нажодпарастии сохторӣ номида мешавад, вақте ҳама ниҳодҳо, тамоми сохторҳои давлат барои табъиз нисбат ба ягон гурӯҳ “дандон тез мекунанд”. Ва тоҷикистониён дар ин вазъият осебпазиртарин гурӯҳ ҳастанд.

Дилхоҳ зодаи Осиёи Марказӣ, ки дар Русия буд, ҳама шаклҳои табъизро медонад, сар карда аз шакли маъмултарини онҳо дар бозори иҷора – “хонаамро танҳо ба одамони симои славянидошта иҷора медиҳам” – ё ҳангоми ба кор қабул кардан то тафтишот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто шиносномаи русӣ аз он наҷот намедиҳад. Агар ба тоҷик, узбек, қирғиз монанд ҳастӣ, дар кӯча ба тақсимбандии нажодӣ дучор мегардӣ. Ин ҳолат такрор ба такрор рӯй медиҳад. Мо чунон одат кардаем, ки имрӯз он ҳамчун як чизи одӣ қабул шудааст.

Шоира Тоирова, акс аз архиви шахсӣ

Соли 2023 шумо дар пажӯҳиши Созмони байналмилалии муҳоҷират оид ба солимии равонии муҳоҷирони бозгашта ширкат кардаед. Дар доираи тадқиқот бо даҳҳо муҳоҷири меҳнатӣ пурсиш гузаронида шуд, онҳо дар бораи табъиз дар Федератсияи Русия чӣ гуфтанд?

– Ҳама дар бораи табъиз гуфтанд. Занҳо нақл карданд, ки чӣ гуна дастҳояшон меларзид, чӣ тавр хоб карда наметавонистанд, зеро метарсиданд, ки полис меояд, ҳарчанд занонро камтар боздошт мекунанд.

Вазъияти мардон бадтар аст, бисёре аз онҳо воқеан осеби равонӣ дидаанд.

Полис шабона ба вагонҳои муҳоҷирон зада даромада, онҳоро латукӯб карда, сипас дар ҳабси пешакӣ нигоҳ медорад, ки ин шароитро бо шиканҷа баробар кардан мумкин аст. Мардон нақл карданд, ки чӣ гуна онҳоро як-ду рӯз ба ҳоҷатхона рафтан намемонданд, ғизо намедоданд ва танҳо пас аз дахолати ҷониби сеюм озод мекарданд.

Дар ҳар кишвари дигар, суд чунин амал ва шароити боздоштро шиканҷа эътироф мекунад.

Оё муносибат ба муҳоҷирон дар Русияро як навъ фишанги фишор номидан мумкин аст?

– Бале. Барои ман дарднок ва аламовар аст, ки чӣ гуна мақомоти Русия дар ҳар фурсат аз “карта”-и муҳоҷират истифода ва бозӣ мекунанд.

Ҳатто дар он рӯзҳое, ки масалан Лужков шаҳрдори Москва буд, ҳама сохтмонҳо, тамоми тиҷорати сохтмонӣ, ҳамаашро муҳоҷирон пеш мебурданд. Вале онҳоро бо як даст истисмор мекарданд, зеро онҳо ки осебпазир буданд, эътироз намекарданд. Бо дасти дигар, дар ҳар як интихоботи хурд ё калон, новобаста ба он ки чи рух дод, тоҷику узбеку қирғизро аз рӯи зарурат “бозича” мекарданд.

Аммо бештар аз ҳама тамғаи ҷинояткориро ба тоҷикон мезаданд.

Тамоми оморҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз ҳама гуна вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ҷиноят ҳисобида мешавад. Аммо қонунгузории муҳоҷират махсус чунон душвор тартиб дода шудааст, ки ҳатто ягон банди онро вайрон накардан имкон надорад.

Ин ҳам як шакли табъизи сохторӣ, нажодпарастии сохторӣ аст, вақте ҳама чиз барои дар ҳар қадам рӯёнидани маблағ, барои патент, барои имтиҳонҳо аз забон ва таърих, ришва додан ба полис, то ба шумо иҷозат диҳад, раҳо кунад – ин мисли гурез аз монеа аст.

Ва имрӯз дар вуҷуди ҷомеаи муосири Русия чунон чуқур ҷой гирифтааст, ки тағйир додани чизе душвор аст, асос ин ки тағйирот муқаррар нест.

Бо ин вазъият чӣ тавр мубориза бурдан мумкин аст? Шумо ба кадом намуди дастгирии байналмилалӣ умед баста метавонед?

– Муқобили он садо баланд кардан. Мо дар ин бора кайҳо боз ҳамчун олим мегӯем, аммо бояд дар ин бора бо овози баланд ҳарф занем ва тоҷикистониён низ бояд ҳамсадо бошанд, ҳарчанд барои онҳо мушкилтар аст, аммо бо чунин табъиз, бо ин гуна адоват, бо ин гуна бегонаситезӣ ба ҳар роҳ мубориза бояд бурд.

Такрор мекунам, дар пахши мустақим зӯровариеро бо буридани гӯш, бо чунин шиканҷае, ки аз диданаш мӯйҳои бадан сих мешаванд, нишон медиҳанд, ки ин ҳама воқеан дилхоҳ гурӯҳеро барои куштани тоҷикон такон медиҳад. Ман аз ин метарсам.

Ҳеҷ кас омори кушторҳоро нишон намедиҳад, ин маълумот танҳо дар каналҳои марбут ба муҳоҷирон паҳн мешавад. Нуқтаҳои савдоро месӯзонанд, латукӯб мекунанд, аммо дар бораи куштор маълумот нест ва мақомоти Русия ин маълумотро ифшо намекунанд.

Аҷиб, дурусттараш мантиқист, ки ақаллиятҳои қавмии Русия аз ин таърихи зулм ва табъиз ба хубӣ огоҳанд, зеро ин ҳамаро муддати тӯлонӣ аз сар гузаронидаанд. Ва онҳо муроҷиатнома содир карданд (матни онро дар ин ҷо хондан мумкин – аз муҳаррир).

Сохторҳои калон, бисёр сустҳаракатанд, масалан, сохторҳои СММ. Ба фикрам, дар ин ҷо ҷалби пешвоёни афкор, ки дар хориҷа ҳастанд, муҳим аст.

Ман медонам, ки дар ИМА, Канада, Фаронса диаспораҳои бузурги тоҷикон ҳастанд, созмонҳои тоҷикӣ ҳастанд ва онҳо низ бояд барои ҳимоят аз муҳоҷирон чунин муроҷиатномаҳо кунанд ва ин корро ҳатман бояд кард.

Дастгирии қавии ҷомеа, иттиҳод ва ҳамкорӣ бо ҳомиёни ҳуқуқи башар роҳест, ки метавонад кӯмак кунад.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон талош дорад, ки кишварҳои барои муҳоҷирати корӣ имкон доштаро бештар ҷалб карда, муҳоҷиронро ба кишварҳои дигар, аз қабили Британия ва кишварҳои аврупоӣ равон кунад. Аммо, дар баробари ин Русия ҳанӯз ҳам пешсаф боқӣ мемонад. Дар фарҷоми суҳбат бигӯед, ки Федератсияи Русия аз муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ манфиате дошт ва ҳоло ҳам дорад?

– Русия аз муҳоҷирати меҳнатӣ фоидаи зиёд дорад, ҳама гуна муҳоҷират – ин сармояи инсонист.

Пеш аз ҳама, фоидаи иқтисодӣ дорад, муҳоҷирон корҳоеро бо маоши паст анҷом медиҳанд, ки русҳо онро намекунанд. Ва ҳоло, бо назардошти тарки ин кишвар кардани муҳоҷирон, шумораи зиёди ҷойҳои корӣ холӣ хоҳанд шуд.

Илова бар ин, оқибатҳои демографӣ вуҷуд доранд, аҳолии Русия пир шуда истодааст. Ғайр аз ин, дар ҷанг аллакай шумораи зиёди ҷавонон ҳалок шудаанд.

Дар шароити ба таври фалокатовар паст шудани дараҷаи таваллуд дар Россия ва якбора кам шудани шумораи аҳолӣ бо сабабҳои демографӣ ва ҷанг, ин як чуқурии бузурги демографӣ аст. Ба шарофати муҳоҷират ин вазъ чанд муддат ба эътидол омада буд. Аммо ба қувваи сиёсати худ Русия аз ин манобеъ маҳрум шуда истодааст.

Шакли аслии матлабро ба забони русӣ дар ин ҷо хонед .

Шоира Тоирова, махсус барои Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend