Вазорати меҳнат аз тоҷикистониён хост, дар Русия вориди занозаниҳои гуруҳӣ нашаванд
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз муҳоҷирот дар Русия хостааст, вориди занозаниҳои гуруҳӣ нашаванд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон афзудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро барои ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо миёни муҳоҷирон таҳким мебахшад.
“Дар сурати мухолифатҳо, нақзи ҳуқуқу манфиатҳо ва беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрванд, набояд ба занозании гуруҳӣ даст зад. Бояд чун шаҳрванди хориҷӣ ба мақомоти дахлдори Русия ё Тоҷикистон муроҷиат кард”, – омадааст дар иттилоияи Вазорат.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Русия дар пасманзари афзоиши ҳолатҳои занозанӣ миёни муҳоҷирон ин масъаларо дар сатҳи баланд баррасӣ карданд. То ҳол аз ихроҷи даҳҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба далели иштирокашон дар занозании гуруҳӣ хабар дода шуд.
КДАМ вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро арзёбӣ кард
Вазъият дар марз бо Афғонистон мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора ба РИА Новости аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати расона аз ин ниҳод, Хадамоти марзбонӣ талошҳои убури паноҳандагон аз қаламрави ҷумҳурии ҳамсояро сабт намекунад.
“Пас аз он ки Толибон* қудратро дар Афғонистон ишғол карданд, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ором ва назоратшаванда аст”,- гуфтаанд дар КДАМ.
Низомиён ба таври маъмулӣ посбонии қаламравҳои кишвари ҳамсояро идома медиҳанд.
Раҳимзода гуфт, Тоҷикистон тавони қабули зиёди гурезаҳоро надорад ва аз СММ кумак хост
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо роҳбари Идораи Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо Мулугет Зевдӣ мулоқот карда, мушкилоти қабули хориҷиён дар кишварро ба таври муфассал баррасӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд кард, ки дар давраи ғасби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 5000 хизматчии ҳарбӣ ақибнишинӣ карданд, ки давоми як ҳафта дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин карда шуда, сипас бо роҳи осоишта онҳо ба ватан баргардонида шуданд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки дар минтақаи дахлнопазири сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 80 оила бо фарзандони худ ҳузур дошта, аз тарсу ваҳми қасди кушторашон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.
Раҳимзода гуфтааст, бо мақсади сохтани лагерҳо ҳанӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули гурезагон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Ш.Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 га замин, ки сохтани инфрасохтори мутобиқро тақозо менамояд, ҷудо карда шуда, ба ташкилоту созмонҳои дахлдор барои кӯмак пешкаш шуда буд.
Бритониё шумори дипломатҳояшро дар Тоҷикистон зиёд мекунад
Вазорати корҳои хориҷиаи Бритониё хабар додааст, ки шумори кормандони сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.
Вазорат қайд кардааст, ки гурӯҳҳои кории дипломатҳои бритониёӣ ба Покистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Сабабизиёд намудани шумори дипломатҳо дар сафоратхона, вазъи ногувор дар Афғонистон аст.
Гуфта мешавад, ки сафоратхонаҳо дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Покистон бо берун овардани шаҳрвандони Бритониё ва сокинони Афғонистон, ки бо НАТО ҳамкорӣ мекарданд, машғул хоҳанд шуд.
Дархост аз UNESCO барои мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф кардани Меҳргон
Пажӯҳишгоҳи мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон мегӯяд, аз UNESCO – идораи фарҳангу маорифи СММ дархост мекунад, ки иди қадимаи Меҳргонро ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ворид кунад. Алиризо Ҳасанзода, намояндаи ин пажӯҳишгоҳ гуфтааст, ки мақомоти эронӣ мехоҳанд аризаи худро ба номи идораи фарҳанги СММ аз номи Эрону Тоҷикистон ирсол кунад. Меҳргонро дар фарҳанги қадимии мардуми форсу тоҷикро ҷашни ҳосил меноманд, ки зикри он ҳанӯз дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳам дида мешавад.
Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надодаанд. Маълум нест, ки оё Душанбе воқеан ҳам дар ин замина бо Теҳрон, ки солҳои охир равобити сиёсиашон сарду маҳдуд шудааст, ҳамкорӣ барпо кардааст ё на.