Қомати баланд ва китфони қавии варзишгардухтар ба ҳар кас имкон намедиҳад, ки аз ҷавондухтар будани ӯ огоҳ шавад. Гулсумбӣ Шарифова яке аз варзишгардухтарони боистеъдоди кишвар маҳсуб меёбад. Ӯ фаъолияти варзишиашро аз футбол оғоз намудааст. Ҳоло бошад Гулсумбӣ ба варзиши сабук машғул асту алакай дар чандин сабқатҳои дохиливу хориҷӣ дастболо шудааст.
Ӯ ба мо дар бораи чӣ тавр варзишгар шудану комёбиҳояш дар варзиш нақл кард.
Гунаҳгори кӯча
Гулсумбӣ ҳоло ҳамагӣ 23 сол дорад, ӯ зодаи ноҳияи Шаҳритус мебошад. Ҳанӯз аз айёми кӯдакӣ Гулсумбӣ ба бозии футбол бештар завқ дошт ва аз сабаби кам будани духтарон дар кӯчаашон бештар бо писарон саргармӣ бозӣ мешуд. Вагарна барои духтараки деҳотӣ варзишгар шудан кори мушкил аст.
“Ман ҳанӯз дар даврони кӯдакӣ дар кӯча бештар вақт бо бачаҳо ба бозии футбол машғул мешудам. Бо духтарон кам бозӣ мекардам. Дар кӯчае, ки мо зиндагӣ мекардем, шумораи духтарон кам буд ва ман ба бозиҳое, ки онҳо машғул мешуданд, шавқу ҳавас надоштам ва бо чанд тан писарони кӯчаамон ҳар рӯз ба бозии футбол машғул мешудам”, – нақл мекунад, Гулсумбӣ.
Гулсумбӣ иқрор мешавад, ки бисёр кӯдаки шӯху гапнодаро буду ҳатто писарбачаҳои кӯчаашонро мезад. Аз ин рӯ ҳар ҳодисае, ки дар кӯчаашон рух медод, гуноҳаш ба сари Гулсумбӣ бор мешуд.
“Рӯзе намешуд, ки ягон бача аз ман шатта нахӯрда бошад. Ман бо онҳо ҷанг мекардам. Дар наздикии майдончае, ки мо ба бозии футбол андармон мешудем, хонаи як муаллимаамон буд. Мо футбол бозӣ мекардем, ногаҳон тӯбамон ба дарвозаи муаллима зад, чун дарвоза чӯбин буд, аз зарбаҳои пай дар пайи мо шикаст. Ман зуд рафта аз муаллима узр хостам. Бо бачаҳо якҷоя шуда, дарвозаи муаллимаро таъмир кардем, ӯ низ ба волидонамон нагуфт”- ба хотир меорад, варзишгар.
Ошиқи футбол
Ҳеҷ гуна мусобиқаҳои ноҳиявӣ бе иштироки Гулсумбӣ намегузашт. Дар як мусобиқаи ноҳиявӣ, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор – и ноҳияи Шаҳритӯс шуда гузашт, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон миёни бонувон Сулаймон Бобокалонов бозии қаҳрамони моро тамошо карда, ӯро ба тими мунтахаб ва дастаи “Парасту” даъват кард.
“Ман миёни дигар бачаҳо бо қомати баланду суръати давидан фарқ мекардам. Ҳамин бозиҳои пайи ҳам, иродаи қавӣ, ҷасурӣ ва якравии ман буд, охиран соли 2009 падару модарам дарк карданд, ки дар хуну рагу пайванди ман варзиш ҷой гирифтааст ва онҳо розӣ шуданд, ки ман ба варзишгоҳи “Пахтакор” барои тамин равам.
Аз ин пеш волидонам розӣ набуданд ,ки ман ба варзиш машғул шавам. Ман ҳам онҳоро дур дида, ба футбол мерафтам, ҳатто аз дарсҳои мактаб мегурехтаму ба футбол мерафтам. Дар ин пайроҳа маро муаллима Тоҷинисо Шамсиева бисёр дастгириҳо карда, роҳи хубу бадро нишон медод”- нақл мекунад Гулсумбӣ.
Ҳамлагари беҳтарин
Соли 2014 қаҳрамони мо аввалин бозиашро дар ҳайати дастаи “Парасту” гузаронида, худи ҳамон сол беҳтарин нишонзани тими мазкур шуда, соҳиби ҷоизаи беҳтарин ҳамлагар гардид. Пас аз як соли фаъолият дар даста ҳаҷми голҳои Гулсумбӣ ба 41 мерасад ва ӯро беҳтарин ҳамлагари лигаи бонувон эълон мекунанд.
“Дар аввали ба даста омаданам, бо ҳамдастагонам зуд унс гирифта натавонистам. Ҳатто се духтарро дар рӯзҳои аввали омаданам зада будам. Баъдан боз дӯст шудем. Чун акнун маро лозим буд дар Душанбе зиндагӣ кунам, соли 2015 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил шудам. Футбол бароям беҳтарин машғулияти ҳаётӣ буд”, – мегӯяд Гулсумбӣ.
Ҳоло Гулсумбӣ донишкадаро бо мувафақият хатм намудаасту ба таълимгирандагони ин даргоҳ дарс мегӯяд.
Аз футбол ба варзиши сабук
Қаҳрамони мо чун футболбоз буд, ҳар саҳар мустақилона ба варзиши сабук машғул мешуд. Соли 2016 дар як мусобиқаи ноҳиявӣ аз рӯи ҳавас иштирок мекунад ва дар масофаи 200 метр бе ягон омодагӣ ҷои аввалро ишғол мекунад.
Пас аз мусобиқа сармураббии варзиши сабуки кишвар Рустам Абдуллоев Гулсумбиро барои дар риштаи варзиши сабук тамрин кардан даъват мекунад. Ба нақли мурабби овардани Гулсумбӣ ба варзиши сабук барояш ба осонӣ даст надодааст. Танҳо пас аз зарбаи шадид ва ҷарроҳиву барқароршавии дарозмуддат, варзишгар қарор медиҳад, ки танҳо ба варзиши сабук машғул шавад.
“Ман ягон гуна таёрӣ надида будам барои ин мусобиқа, чун дар донишгоҳ ихтисосам варзиши сабук буд, дар мусобиқа иштирок карда дастболо шудам. Аз ҳамон даврони кӯдакӣ ман бо суръати баланд медавидам.
Ҳамин тариқ ҳам ба футбол машғул мешудаму ҳам ба варзишӣ сабук. Ин бароям хеле вазнин буд. Пас аз оне, ки пойҳоям ҷароҳати вазнин бардоштанду ҷарроҳӣ шудам, дигар ба футбол барнагаштам, аз соли 2018 карераи футболбозиамро хотима бахшидам”, – шарҳ медиҳад, варзишгар.
Ситораи варзиши сабук
Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук яке аз ситораҳои дурахшон шуд. Танҳо дар Осиё 9 рекорд дар варзиши сабук гузоштааст.
“Дар аввалин иштирокам дар мусобиқаи фароқоравӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни 16 давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кардам ва дар масофаи 200, 400 метр давидам ва ба гирифтани зинаи 3-юми мусобиқа даст ёфтам. Ман он замон на он қадар хурсанд шудам, чунки мехостам парчами кишвари азизам дар зинаи аввал парафшон гардад”- бо таассуф нақл мекунад, Гулсумбӣ.
Моҳи майи соли ҷорӣ Гулсумбӣ дар мусобиқаи фароқоравӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карда, масофаи 200 метрро 22 сония давид, ки ин рекорди нав дар Осиёст. Ӯ бо ин нишондод ба бозиҳои олимпии Токио -2020, ки аз сабаби пандемия соли гузашта баргузор нашуда буд, роҳхат гирифт.
“Ҳоло бо тамоми қувватам барои бозиҳои олимпии Токио омодагӣ мегирам. Кӯшиш мекунам, ки ҷойи намоёнро ишғол кунаму парчами Тоҷикистонро баланд бардорам”, – мегӯяд, Гулсумбӣ Шарифова
Фаридун Сафарзода, махсус барои Your.tj