fbpx

То баҳор об намерасад: “Барқи тоҷик” ҷори кардани маҳдудиятро шарҳ дод

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Ширкатҳои суғурта дар Тоҷикистон беш аз 7 млн доллар фоида дидаанд

Ширкатҳои суғурта ё бима дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2020беш аз 80 миллион сомонӣ (зиёда аз 7 миллиону 100 ҳазор доллар) фоида ба даст овардаанд.

Бино ба иттилои Бонки Миллии Тоҷикистон, ки идораи масъули назорати бозори суғурта аст, “ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соле пеш 31,6 миллион сомонӣ зиёд аст”.

Дар Тоҷикистон айни замон 18 ширкати суғурта амал мекунанд,ки аз онҳо ду ширкат давлатӣ ва боқӣ хусусӣ ҳастанд.

Бозори аз ҳама пурдаромади суғурта дар Тоҷикистон бимаи ҳатмии нақлиёт ба шумор меравад, аммо ҳама ширкатҳои суғурта ба ин бозор роҳ надоранд.

Мувофиқи тағйироти охир танҳо ширкатҳое ҳаққи суғуртаи ҳатмии нақлиётро доранд, ки сармояи оинномавиашон аз 10 миллион сомонӣ бештар аст. Бар асоси ин меъёр, танҳо “Тоҷиксуғурта”, “Суғуртаи аввалини миллӣ” ва “Спитамен суғурта” имкони бимаи нақлиётро доранд.

То баҳор об намерасад: эълони лимити барқ дар Тоҷикистон

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ҳоло вазъият ҷиддӣ буда, эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об вуҷуд дорад, аз ин хотир, лозим аст, ки чанд муддат дар маҳалҳое, ки биноҳои баландошёна надоранд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ вуҷуд дорад, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад.

“Маҳдудият аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад. Мо бовар дорем, ки њамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз пурра сарф шудани захираҳои об буда, дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон, зиёд гардидани сатҳи об дар дарёи Вахш ва захираи оби обанбори “Норак” имкони бекор кардани маҳдудият ба назар гирифта шудааст”, – гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

28 июли соли 2020 ҳукумати Тоҷикистон ба далели кам шудани захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Вахш, ки қисмати умдаи барқи кишвар тавлид мешавад, зимни як муроҷиатнома мардумро ба сарфакории нерӯи барқ даъват намуда буд.

Дар Душанбе лимити барқ ҷорӣ намешавад. Алҳол…

Сарфи назар аз эълони реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимити он дар кишвар аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” шурӯъ аз 5 январ, ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе мунтазам бо барқ таъмин шуда истодаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Ба гуфтаи манбаъ, реҷаи маҳдуди чанде қабл ҷоришудаи истифодаи барқ ҳатто ба биноҳои якошёнаи пойтахт дахл накард, ҳарчанд дар онҳо метавон аз бухорӣ бо истифодаи ҳезуму ангишт истифода кард.

Қаблан зикр гардида буд, ки лимити барқ танҳо ба манотиқи деҳот, ки дар он биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, дахл мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи пешгӯйии як манбаи “Азия-Плюс” дар бахши энергетикаи ҳукумати Тоҷикистон, агар минбаъд низ вазъи пуршавии обанбори неругоҳи “Норак” аз ин ҳам бадтар шавад, метавон шадидтар гардидани лимити дирӯз ҷоришударо, ҳатто дар Душанбе низ интизорӣ дошт.

“Лекин дар ин бора сухан гуфтан алҳол барвақт аст”, – қайд кард манбаъ.

Симои хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе тағйир меёбад

Дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи нақшаи тарҳрезии иморатсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино таҳия гардид.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва ҶСК ПИЛҶ “САНИИОСП” тарҳрезӣ  шудааст.
Айни замон аз  рӯи нақшаи мазкур дар ин хиёбон сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурию хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки масоҳати ҳудуди қитъаи тарҳрезишуда  37,00 гектарро  дар бар гирифта, дар он бунёди 77 адад биноҳои истиқоматӣ, 1 адад бинои маъмурӣ, 4 адад биноҳои маъмурии бисёрфунксионалӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар қитъаи тарҳрезишуда  дар масоҳати 5,00 га роҳҳои мошингард, 6,04 га роҳравҳо ва 8,00 га  майсазор  бунёд мегарданд. Ҳамчунин сохтмони марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва  нозироти минтақавӣ пешбинӣ шудаанд.

Инчунин дар ин хиёбон  дар масоҳати 5,61  га  15 адад майдончаҳои варзишӣ сохта шуда, бо дарназардошти  бунёди майдончаҳо барои бозии кӯдакон  масоҳати 1,61га  ҷудо гардидааст.

Дар лоиҳаи тарҳрезишуда бунёди  22 адад иншооти коммуналӣ (трансформатор, бунгоҳҳои гармӣ, муйдончаҳои партов) низ дар назар дошта шудааст

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошин ва андози роҳ дар Тоҷикистон боло рафт

Арзиши иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон баланд шудааст. Бар асоси нархномаи нав соҳибони воситаи нақлиёт муваззафанд, ки барои сиёҳ намудани шишаи мошинҳо аз 3930 то 5160 сомонӣ пардохт намоянд.

Арзиши иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ва андози роҳ, ки яке аз муқарраротҳои асосӣ, барои гузаронидани муоинаи техникӣ (техосмотр) маҳсуб мешавад, ба андозаи 3,5 то 4,4 % баланд шудааст.

Дар ин бора чанде аз роҳбарони ширкатҳои хизматрасони ҳуҷҷатгузории воситаҳои нақлиёт (мағозаи комиссиёни) – и назди идораҳои БДА ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манобеъ, тибқи нархномаи нав арзиши иҷозатномаи сиёҳ намудани оинаи мошинҳо кам ё беш аз 160 сомонӣ гарон шудааст. Тибқи нархномаи нав соҳибони воситаи нақлиёт вазифадоранд, барои сиёҳ намудани шишаи мошинҳои соли бароришашон то 2005, 3930 сомонӣ ва барои мошинҳои аз соли 2005 боло ҳудуди 5160 сомонӣ пардохт намоянд.

Дар сурати пардохт накардани ин миқдор маблағ, ронандагонро зарур меояд, ки шишаҳои сиёҳи мошинашро пок кунанд. Соли гузашта қимати чунин иҷозатнома аз 3770 то 4988 сомонӣ муқаррар шуда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend