Тиҷорати писта. Чӣ тавр дар Тоҷикистон пистаро ҷамъоварӣ ва коркард мекунанд

Писта яке аз навъҳои серхаридор ва маъмули маҳсулоти донагист, ки аз витамину минералҳо бой аст. Ҳоло дар Тоҷикистон мавсими ҷамъоварии  писта аст ва дар минтақаҳое, ки дарахти писта мерӯяд, мардумро дар хона ёфтан мушкил, чун ҳама ба ҷамъоварии писта мераванд. Идимоҳ Худойбердиева сокини ноҳияи Хуросон беш аз 8 сол аст, ки ба хариду фурӯш ва коркарди писта машғул аст. Ӯ  мегӯяд, ки ҳама фарзандонашро бо тиҷорати писта хонондаву оиладор кардааст.

Идимоҳ Худойбердиева ба Your.tj нақл кард, ки писта чӣ гуна ҷамъоварӣ ва коркард мешавад.

Оғози мавсим

Мавсими ҷамъоварии писта дар навоҳии вилояти Хатлон маъмулан аз 20 июл оғоз шуда, то нимаи моҳи август идома мекунад.

Дар ин мавсим махсусан холаи Идимоҳ бо аҳли оилааш серкор аст. Зеро ҳар рӯз ҳамроҳи писараш Саидшо ба ҷамъоварии писта мебарояд. Тиҷорати писта барои оилаи Худойбердиевҳо даромади иловагӣ мебошад.

Апаи Идимох шаш фарзанд таваллуд карда, ба воя расонидааст. Сарфи назар аз синну солаш ин зан дар нафақа нишастан намехоҳад.

Холаи Идимоҳ чанде пеш ба номи писараш Саидшо корхонаи хурди коркарди писта кушодааст.

 

“Бо услуби бобогӣ”

Азбаски тиҷорати оилавӣ пистаи коркард шуда аст, дар аввал холаи Идимоҳ пистаро ба таври дастӣ – бо сангу болға мешикаст ва тоза мекард.

Ба мағзи писта «намуди бозоргир» додан кори осон набуд: баъзан хангоми кор ангуштон зери сангу болға монда хуншор мешуданд.

«Ман ҳамроҳи писаронам барои ҷамъоварии писта ба пистазорҳо меравем. Ҷамъоварии писта кори бисёр душвор аст, чун он дар баландкӯҳҳо, ки он ҷо гарми 50 дараҷа аст мерӯяд. Аз ин рӯ мо пистаро аз дигар хоҷагиҳо, ҳатто аз дигар ноҳияҳо низ мехарем.

 

То ин мавсим ҳамроҳи келину духтаронам бо сангу болға писта тоза мекардем.

Дар баробари ин 10—15 килограмм пистаи хомро ба 40 хоҷагии хамсоя барои коркард тақсим мекардем, то ки ба микдори зиёд захира кунем.

Музди кори ҳамаи онхо пардохт мешуд. Рости гап, сифати маҳсулот чандон хуб набуд: як қисми мағзҳо корношоям мешуданд, аз ин рӯ як қисми маҳсулот аз даст мерафт”, – мегӯяд, холаи Идимоҳ.

Ба гуфтаи соҳибкор, хонаводаи онҳо дар як мавсим метавонад то 1,5 тонна писта ҷамъоварӣ, коркард ва омода кунанд, ки онро ҳам дар бозорҳои маҳаллӣ ва ҳам дар бозорҳои вилоятӣ ва пойтахт ба фурӯш мегузоранд.

Содироти писта ба Аврупо

Чанде пеш бо дастгирии шарикони рушд соҳибкор тавонист 9 адад таҷҳизоти махсус барои коркарди писта харидорӣ намояд.

“Чунин тачхизот кори моро хеле осон кард. Акнун ҳар кас вазифаи худро иҷро мекунад. Усули куҳнаро мо якбора бархам додем”, — дилпурона мегуяд апаи Идимох.

Аъзоёни хочагӣ як сол пеш дар мавсим 1—1,5 тонна пистаро дастӣ тоза мекарданд, холо бо ёрии ин тачхизот имконият пайдо карданд, ки дар як шабонаруз то 700—800 килограмм писта бирён ва коркард кунанд.

Имсол ин зани соҳибкор тасмим гирифтааст, ки 12 тонна писта харидорӣ ва коркард намояд.

Ҳамасола соҳибкорони афғон як қисми пистаи коркардшударо аз Идимоҳ Худойбердиева тавассути миёнаравҳо мехариданд ва ҳоло ҳам харидорӣ мекунанд.

Имсол, соҳибкор бо дастгирии шарикони рушд сертификати REX гирифт, ки ба ӯ имкон медиҳад, ки маҳсулотро ба Аврупо бидуни миёнарав содир кунад.

Амонҷон Муҳиддинов

Skip to toolbar