Нишасти матбуотии Вазорати маориф

Таътили зимистона аз ҳисоби таътили баҳориву чоряки чорум ҷуброн мешавад

Соатҳои дарсие, ки давоми ҳашт рӯзи тамдиди таътили зимистона хонда нашуданд, аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва ҷамъбасти чоряки чорум ҷуброн мешавад. Ин нуктаро Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зикр кард.

Гуфта мешавад, ки аз ҳисоби таътили баҳорӣ панҷ рӯз ва чоряки чорум се рӯзи таҳсил илова мешавад.

“Бо сабаби сардиҳои зимистони имсола таътили зимистона ҳашт рӯз тамдид шуд. Бо мақсади ҷуброни ин рӯзҳо ва ҳазми пурраи барномаи таълимӣ аз ҳисоби таътили баҳорӣ панҷ рӯз ва охири чоряки чорум се рӯз ба таҳсил илова карда мешавад ва аз якуми июн ҳама ба таътил мераванд”,- гуфта шуд дар нишасти Вазорат.

Ёдовар мешавем, ки бо сабаби сардиҳои зимистони имсола бо фармоиши вазири маориф таътили зимистона то 20 – уми январ тамдид шуда буд.

Skip to toolbar