fbpx

Ҳукми абад ба марде, ки дар Деваштич ду фарроши идораи давлатиро кушта буд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Заноне, ки дар Деваштич кушта шуданд.
Акс аз "Азия плюс"

Боздошти ҷавоне, ки аз номи “Солиҳин ТВ” қаллобӣ мекард

Сокини 22 – солаи Душанбе, Беҳрӯзи Субҳиддинро бо гумони қаллобӣ дар интернет боздошт карданд, хабар медиҳад Шӯъбаи милитсия дар пойтахт.

Қаллобӣ дар интернет
Акс аз интернет

Гуфта мешавад, ки ин ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи “Солиҳин ТВ” саҳифаҳои қалбакӣ боз карда, аз тариқи хайрия (шабаке бо чунин ном дар робита ба корҳои хайриявӣ дар кишвар маъруфият пайдо кардааст) “пул кор кардааст”.

“Солиҳин ТВ” шабакаест, ки дар он наворҳо дар бораи корҳои хайриявӣ нашр мешаванд (хонаҳо медиҳанд, барои муолиҷаи ниёзмандон аз номи хайрхоҳон пул медиҳанд). Дар он ҷавоне, ки интиқоли кӯмакҳои гуногунро ба навор мегирад, чеҳраи худро дар навор нишон намедиҳад.

Ба гуфтаи намояндагони ниҳодҳои интизомӣ, Беҳрӯзи Субҳиддин аз ин истифода кардааст.

“Ӯ дар саҳифаҳои бозкардааш эълонҳои ҷамъоварии маблағро гӯё барои ниёзмандон нашр карда, ҳамчунин аз худи ниёзмандон маблағи муайяне мегирифт, то онҳоро “ба рӯйхат” – и кӯмакгирандагон илова кунад. Баъди гирифтани маблағ бо ӯ тамос гирифта намешуд”, – қайд мекунад РВКД.

Ӯ бар асоси баёноти ҷабрдидаҳо боздошт шудааст.

Ба гуфтаи ин идора, ҳоло даст доштани боздоштшуда дар 20 ҳодиса собит шудааст.

“Маблағе, ки ӯ аз шаҳрвандони ба боварияш даромада гирифтааст, аз 800 то 2000 сомониро ташкил медиҳад”, – хабар медиҳад ВКД.

Нисбати Беҳрӯзи Субҳиддин бо моддаи 247 (қаллобӣ) – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳукми абад ба марде, ки дар Деваштич ду фарроши идораи давлатиро кушта буд

Саҳобиддин Мунавварзода, гумонбар ба куштори ду зани фаррош дар Идораи замини ноҳияи Деваштич ба ҳабси абад маҳкум гардид. Мувофиқи маълумот ҳукм ду рӯз қабл, 30-юми январ, аз ҷониби Суди вилояти Суғд содир гардидааст.

Куштор
Акс аз сомонаи inbusiness.kz

Қосим Зокиров, падари яке аз занҳои кушташуда ва як манбаи дигар аз суди вилояти Суғд дар ин бора иттилоъ доданд.

Умеда Зокироваи 45-сола ва Вориса Фозиловаи 56 – сола, ду зани фарроши Идораи замини ноҳияи Деваштич, 17 – уми июли соли 2022, дар рӯзи истироҳатӣ, дар макони кори худ, бо зарби корд кушта шуданд. Саҳобиддин Мунавварзода, мутахассиси пешбари идораи замини ноҳия ҳамчун гумонбари асосӣ дар куштор боздошт гардида буд.

Қосим Зокиров, падари Умеда Зокирова, дирӯз, 31 – уми январ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Истаравшан, аз ҷониби судяҳои Суди вилояти Суғд баррасӣ шуд ва дар ниҳоят, Саҳобиддин Мунавварзода  бо моддаи 104 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Қосим Зокиров пас аз эълони ҳукм гуфт, ки аз ҳукм розӣ аст.

Назари пайвандон ва вакили дифои Саҳобиддин Мунавварзода оид ба ҳукм то ҳол дастрас нест ва ҳамчунин, дақиқ нест, ки оё аз болои ҳукм шикоят мекунанд ё не.

Ёдовар мешавем, ки Умеда Зокирова ва Вориса Фозилова, ду зани фаррош дар Идораи замини ноҳияи Деваштич, ки ҳамчунин бо ҳам риштаи пайвандӣ доштанд, 17-уми июли соли 2022 кушта шуданд. Онҳо рӯзи содир шудани ҷиноят, ки истироҳатӣ буд, барои тоза кардани идора рафта буданд.

Тоҷикистон дар Индекси дарки коррупсия дар зинаи 150-ум қарор гирифт

Тоҷикистон дар Индекс (Шохис)-и навбатии дарки коррупсия (Corruption Perceptions Index)-и созмони байналмилалии ғайриҳукуматии Transparency International  дар зинаи 150 – ум қарор гирифтааст.

Коррупсия дар Тоҷикистон
Акс аз интернет

Байни 180 кишвари саросари дунё Тоҷикистон ҳамроҳи Афғонистон, Камбоҷа, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Гватемала, Лубнон ва Нигерия мақоми 150 – умро ишғол мекунад.

Дар Индекси Transparency International кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 то 100 имтиёз баҳогузорӣ мешаванд. Нишондиҳандаи “сифр” (0) сатҳи баландтарини ришвахорӣ  ва “сад” (100) мизони пасттаринни коррупсия ё худ ҷой надоштани коррупсияро нишон медиҳад. Тоҷикистон 24 балл касб намудааст, ки 1 балл камтар нисбат ба солҳои пешин аст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки мақомоти кишварҳо ислоҳоти зарурӣ намегузаронанд, то ки коррупсия аз байн бурда шавад ва кори мақомоти судиву сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаффоф нест.

Индекси дарки коррупсияро дар 180 кишвар арзёбӣ мекунанд. Назарпурсӣ дар доираҳои корӣ ва миёни мутахассисону коршиносон аз ҷумлаи асосҳои таҳқиқот мешавад.

Таҳлилгарон дар гузориши нав зикр мекунанд, ки кишварҳои худкома (авторитарӣ) ҳарчи бештар коррупсияро ба сифати абзори сиёсати хориҷӣ барои таъсир ба кишварҳои демократӣ истифода мебаранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend