Саноат Додобоева – ҷавондухтари тоҷик, ки пас аз хатми зинаи бакалавр дар Тоҷикистон бо роҳи худомӯзӣ забони кореягӣ омӯхт ва барои идомаи таҳсил ба Кореяи Ҷанубӣ рафт. Ӯ бо гирифтани стипендияи пурраи Донишгоҳи EWHA ҳоло дар соҳаи илмҳои иҷтимоӣ таҳсил мекунад.
Дар суҳбат бо Your.tj вай дар бораи таҷрибаи худ, мушкилиҳои зиндагӣ дар хориҷа ва нақшаҳои ояндааш қисса кард.
Чӣ гуна духтари тоҷик роҳи илмро дар Кореяи Ҷанубӣ интихоб кард?
Таҳсил дар хориҷа барои ҷавонони тоҷик имкони рушди шахсӣ ва касбиро фароҳам меорад. Аммо интихоби кишваре мисли Кореяи Ҷанубӣ, ки фарҳанг, забон ва тарзи зиндагӣ аз Тоҷикистон фарқ дорад, қадами ҷасурона ва пурмасъулият аст.
Саноат Додобоева бо вуҷуди ин, пас аз хатми зинаи бакалавр дар Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ба Корея рафт.
“Ман ҳамеша ба таҳсил ҳамчун воситаи тағйироти мусбат нигоҳ мекардам. Пас аз хатми бакалавриат эҳсос кардам, ки бояд дар таҳқиқоти илмӣ бештар амиқ шавам ва маҳз Кореяро барои рушди минбаъдаи худ интихоб намудам”,- гуфт ӯ.
Интихоби Корея барои Саноат тасодуфӣ набуд. Ӯ аз таҷрибаи рушди босуръати ин кишвар илҳом гирифта, тасмим гирифт, ки яке аз донишгоҳҳои бонуфузи он – EWHA Woman’s University-ро барои таҳсил интихоб кунад. Барои ин Саноат мустақилона ба омӯзиши забони кореягӣ пардохт.
“Аз соли 2022 мустақилона омӯхтани забони кореягиро оғоз кардам. Баъдтар дар Донишкадаи забони Кинг Сеҷонг, ки дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон воқеъ аст, иштирок кардам.
Шаҳодатномаи TOPIK – имтиҳони малакаи кореягиро гирифтам ва ҳуҷҷатҳои худро моҳи октябри соли 2023 ба донишгоҳи EWHA равон кардам ва баъд аз гирифтани ҷавоби мусбат тайёрӣ барои омода кардани раводид ба ин Кореяро шурӯь кардам”,- мегӯяд Саноат
Моҳи декабри соли 2023, Саноат соҳиби стипендияи пурра гардид ва моҳи феврали соли 2024 ба Корея парвоз кард, то таҳсили худро дар зинаи магистратура идома диҳад. Вай мегӯяд, ки ин кишварро бо ду сабаб барои идомаи таҳсил интихоб кардааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Дар аввал мехостам донишҳои забони кореягиамро такмил диҳам ва инро танҳо тавассути ворид шудан ба муҳити зиндаи фарҳангӣ ва рӯзгори ин кишвар метавонистам анҷом диҳам. Дуввум, Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳои камшуморест, ки дар тӯли 40 сол аз гирандаи кӯмакҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) ба узви донори он табдил ёфт. Ин таҷриба ва модели рушди он барои ман хеле ҷолиб буд”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Аз Тоҷикистон то Кореяи Ҷанубӣ
Ҳамсуҳбати мо аз айёми кӯдакӣ ба забономӯзӣ, фанҳои гуманитариву дақиқ ва варзиш шавқу рағбати зиёд дошт. Муҳити оилавӣ ва дастгирии волидон дар ташаккули шахсияти ӯ нақши калидӣ бозиданд, ки заминаи мустаҳками рушди зеҳнӣ ва ҷисмониро барояш фароҳам оварданд.
Дар синни 14 солагӣ ба таҳсил дар хориҷа рағбат пайдо кард ва пас аз 3 соли заҳмат стипендияи FLEX-ро ба даст оварда, соли 2017 ба ИМА рафт.
Пас аз як соли таҳсил дар мактаби амрикоӣ, дипломи хатми мактабро гирифта, барои гирифтани дараҷаи бакалавр дарҳол ба Сингапур рафт, аммо натавонист дар он ҷо то охир таҳсил кунад ва ба Тоҷикистон баргашт.
“Аз рӯзҳои аввали ҳаётам дар оилаи мо ба таҳсил, худомӯзӣ ва рушди шахсӣ аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Ман бо шавқу завқ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ машғул мешудам, ҳамзамон фанҳои гуманитариву дақиқро меомӯхтам ва дар чорабиниҳои мактабӣ фаъолона иштирок мекардам. Ин машғулиятҳо на танҳо донишу малакаи маро густариш доданд, балки дар ташаккули интизом, устуворӣ ва худбоварии ман низ таъсири бузург гузоштанд”,- изҳор дошт Саноат.
Ҳамин тавр, дар Душанбе психологияи кӯдакон ва таълими забони англисиро барои дараҷаи бакалавр омӯхта, бо кӯдакони гурезаи афғонистонӣ кор кард.
Саноат дар Шӯрои Амрико оид ба таҳсилоти байналмилалӣ (American Councils for International Education) фаъолият мекард ва бо Оҷонсии СММ оид ба муҳоҷират, лоиҳаҳои таълимии Оғохон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамуд.
“Ман кори худро дӯст медоштам. Он ба ман имконият дод, ки бо одамони гуногун кор кунам, таҷрибаи нав ба даст орам ва малакаҳои забони англисии худро сайқал диҳам. Аммо ман ҳамеша орзу мекардам, ки таҳсиламро идома диҳам”,– нақл кард ӯ.
Дар EWHA Woman’s University-и Кореяи Ҷанубӣ Саноат аз рӯи ихтисоси “Ҳамкории байналмиллалӣ барои рушди устувор”-ро меомӯзад, ки ба таҳқиқи буҳронҳои харобиовари инсоният, аз қабили гуруснагӣ, нобаробарии гендерӣ, тағирёбии иқлим ва беадолатии ақаллиятҳо равона шудааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Мушкилот ва таҷрибаи аввал: Оғози зиндагии донишҷӯӣ дар Корея
Дар раванди омодагӣ ба сафари Корея, Саноат бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ шуд. Ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо, супоридани имтиҳонҳо, дарёфти раводид ва мутобиқ шудан ба муҳити нави фарҳангӣ. Бо вуҷуди ин, ӯ тавонист ҳамаи ин монеаҳоро паси сар кунад ва ба шаҳри Сеул кӯч бандад.
Гузариш аз муҳити Тоҷикистон ба зиндагии донишҷӯӣ дар Корея барои Саноат осон набуд. Фарқиятҳои фарҳангӣ, забонӣ ва ҳатто иқлимӣ барои ӯ як навъ санҷиш буданд, ки сабру таҳаммул ва мутобиқшавии баландро талаб мекарданд.
“Дар аввал ҳама чиз барои ман аҷиб менамуд: меъёрҳои иҷтимоӣ, тарзи муошират, ҳатто ҳавои ин ҷо. Аммо мушкили асосӣ забон буд. Гарчанде ки ман то андозае забони кореягиро медонистам, озодона муошират кардан дар ҳаёти ҳаррӯза барои ман хеле душвор буд. Ҳангоми харид, саволу ҷавоб бо омӯзгорон ва ҳатто дар муошират бо ҳамсабақон баъзан мушкилӣ мекашидам”,- ба ёд овард ӯ.
“Дар Корея мустақил мешавӣ”
Ба гуфтаи Саноат, ҷомеаи Корея чандон ба хориҷиён одат накардааст. Бисёре аз кореягиҳо бо забони англисӣ ҳарф намезананд, ки ин барои донишҷӯи хориҷӣ, махсусан дар оғоз, монеаи ҷиддӣ мешавад.
Дар муқоиса бо Тоҷикистон, ки мардумаш хеле меҳмондӯст буда, ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд, дар Корея бояд мустақилона аз уҳдаи ҳама кор баромад. Зеро, тавре Саноат мегӯяд, дар ин кишвар ҳоло ҳам ҷомеаи якхела аст ва хориҷиён ҳамагӣ 2,3% аз шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳанд.
“Илова бар ин, бояд рӯҳан омода бошед, ки дар Корея касе ба шумо кӯмак намекунад, ин метавонад даҳшатнок ба назар расад, аммо Корея дар рейтинги сармояи инсонӣ танҳотарин кишвар аст.
Аз ин рӯ, ба монеаҳои забонӣ, дигар монеаҳое ки дар ҳар гӯшаи ҷаҳон вуҷуд доранд, омода бошед. Аммо эҳтимоли зиёд дорад, ки танҳо ба сабаби “нав” ё “хориҷӣ” будан ба осонӣ кӯмак ёфта наметавонед. Агар мушкиле пеш ояд, умед бастан ба ёрии дигарон чандон фикри хуб нест”,- илова кард Саноат.
“Бо сабру таҳаммул бояд буд”
Бо вуҷуди ин, ӯ таъкид мекунад, ки бо сабру таҳаммул ва омодагии дуруст донишҷӯён метавонанд ба муҳити нав мутобиқ шаванд.
Аз ин рӯ, ба ҷавононе, ки мехоҳанд барои таҳсил ба Корея раванд, тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар на танҳо забони кореягиро то ҳадди муайян омӯзанд, балки бо фарҳанг ва расму оини ин кишвар низ шинос шаванд.
“Донистани хатти кореягӣ (Hangeul) барои хондан ва навиштан муҳим аст, зеро он дар зиндагии ҳаррӯза, аз ҷумла ҳангоми истифодаи нақлиёт, харид дар мағозаҳо ва фармоиши хӯрок дар тарабхонаҳо, кӯмак мерасонад”,- таъкид кард Саноат.
Аз таҳсил то саҳмгузорӣ дар ҷомеа
Илова бар таҳсил, Саноат дар фаъолияти гуногуни иҷтимоӣ ва таълимӣ низ ширкат мекунад. Вай ба таълими онлайнӣ машғул буда, забони англисиро меомӯзонад ва таҷрибаи зиндагиву таҳсилашро дар Корея тавассути саҳифаи шахсии худ дар Instagram – @sanoat_korea бо дигарон мубодила мекунад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ҳадафи ӯ на танҳо нақл кардан дар бораи зиндагии донишҷӯии худ, балки расонидани кӯмак ба онҳое аст, ки мехоҳанд барои таҳсил ба Корея раванд.
“Ба наздикӣ ман ба Ҷамъияти Бунёди Ҷаҳонии Сулҳ дар Корея ҳамроҳ шудам. Ин созмон маъракаи “Як орзу – Як Корея”-ро пеш мебарад, ки ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва муттаҳидсозии нимҷазираи Корея равона шудааст. Ман бовар дорам, ки ҳуқуқи фирориёни Кореяи Шимолӣ низ ҷузъи ҳуқуқи инсон аст ва кӯмак ба онҳо аҳамияти бузург дорад”,- гуфт донишҷӯдухтари тоҷик.
Бо фаъол будан дар чунин созмонҳо ва саҳмгузорӣ дар баррасии масъалаҳои муҳими ҷомеа, Саноат на танҳо таҷрибаи шахсии худро ғанӣ мегардонад, балки кӯшиш мекунад, ки дар муҳити нави худ низ таъсири мусбат гузорад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Тоҷиконро дар Корея чӣ гуна қабул мекунанд?
Ба гуфтаи Саноат, муносибат ба тоҷикон дар Корея вобаста ба шахсияти худи онҳо фарқ мекунад.
“Агар шумо муҳоҷири ғайриқонунӣ бошед ва барои ҷомеа муфид набошед, табиист, ки шуморо хуш қабул намекунанд. Аммо агар шумо донишҷӯ ё мутахассисе бошед, ки ба ҷомеа манфиат меорад, муносибат низ дигар хоҳад буд”,- шарҳ дод ӯ.
Саноат қайд мекунад, ки шахсан таҷрибаи хубе дошт ва ҳам дар байни кореягиҳо ва ҳам дар байни донишҷӯёни хориҷӣ дӯстони зиёде пайдо кардааст.
“Устодон ва донишҷӯён дар донишгоҳ ба таълимгирандагони хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки мо зудтар ба муҳити нав мутобиқ шавем. Масалан, барои мо зиёфатҳо ва сайёҳатҳо ташкил мекунанд, то худро дар ин ҷо бегона эҳсос накунем”,- нақл кард ӯ аз ҳаёти донишгоҳ.
Пас аз хатми таҳсил, Саноат ният дорад ба Ватан баргашта, таҷрибаи андӯхтаи худро дар амал татбиқ намояд. Ӯ мехоҳад, дар рушди илму маориф саҳм гузорад ва донишеро, ки дар Корея ба даст овардааст, барои пешрафти Тоҷикистон истифода барад.
Барои ҷавонони тоҷик, ки орзуи таҳсил дар хориҷро доранд, таҷрибаи Саноат метавонад як роҳнамо ва илҳомбахш бошад. Ба андешаи ӯ, ҳар касе, ки хоҳиши амиқтар кардани дониши худро дорад, бо иродаи қавӣ ва заҳмат метавонад роҳи худро пайдо кунад.
“Муҳим он аст, ки ҳадафи худро дақиқ муайян намуда, барои расидан ба он пайгирона кӯшиш кунем”,- хулоса кард Саноат.
С.У.