fbpx

Тӯфони чангу ғубор дар Душанбе. Мо чиро нафас мекашем ва чӣ гуна худро аз он муҳофизат кунем

Чанд тавсия барои шумо, дар хусуси он ки ҳангоми обуҳавои олуда дар баҳору тобистон чӣ кор бояд кард.


0
Ҳавои ифлос дар Душанбе
тӯфони чангу ғубор дар Душанбе. Акс: Авеста

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, дар охири ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе тӯфони чангу ғубор дар назар аст. КҲФ Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки нафарони гирифтори бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ дар чунин ҳаво бе зарурият аз хона берун нашаванд.

Солҳои ахир Тоҷикистонро зуд-зуд хокбориш ва тӯфони чангу ғубор фаро мегирад ва аз ин махсусан сокинони Душанбе бештар ранҷ мекашанд. Дар чунин ҳолат бояд ба чӣ омода шуд? Дар ин ҷо бихонед.

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки охири ҳафтаи оянда Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва як қисми вилояти Хатлонро чангу ғуборо фаро мегирад.

Бар асари тӯфонҳои чангу ғубор, ки аз ҷанубу ғарб, ҷануб ва шимол ба қаламрави кишвар ворид мешаванд, олудашавии ҳаво бо зарраҳои сахт (чанг), зарраҳои андозааш 2,5 мкм (Pm-2,5) ва зарраҳои андозаашон 10 мкм (Pm-10) зиёд мешавад.

Тибқи гузориши ширкати швейтсарии IQAir, ки сифати ҳаво дар саросари ҷаҳонро назорат мекунад, Тоҷикистон дар соли 2023 бо шумораи зиёди тӯфонҳои чангу ғубор ба даҳгонаи кишварҳои ҳавояшон олудатарин шомил шуд.

Душанбе дар охирҳои соли гузашта дар байни пойтахтҳои ҷаҳон бо олудатарин ҳаво дар ҷои чаҳорум  қарор дошт. Дар ҳоле ки, аз рӯи ин нишондодҳо вазъият бадтар шудааст.

Консентратсияи миёнаи ҳаҷми PM2,5 бар сари аҳолӣ (мкг/м³) барои соли 2023 барои кишварҳо, минтақаҳо ва ҳудудҳо бо тартиби камшавӣ / © IQAir

PM2,5 яке аз шаш ченакҳои доимии олудагии ифлоскунандаи ҳаво мебошад. Ин зарраҳои хурд аз сарчашмаҳои гуногун меоянд ва бо таркиби химиявӣ ва хусусиятҳои физикӣ фарқ мекунанд. PM2,5 асосан аз сулфатҳо, нитратҳо, дуд ва аммоний иборат аст. Манбаъҳои паҳншудаи онҳо дар табиат тӯфонҳои чангу ғубор ва сӯхтори ҷангалҳо мебошанд.

Хокбориш ва тӯфони чангу ғубор

Хокбориш падидаи атмосферист, ки дар натиҷаи он ҳаво тираву ғуборолуд шуда, пардаи хокистарранг, сафедтоб ё зардчатоб мегирад. Он асосан дар шаҳрҳо, дар натиҷаи зиёд шудани миқдори зарраҳои хурд ё сахти чанг ва дуд дар ҳаво пайдо мешавад.

Масофаи дидашаванда ҳангоми хокбориш аз 1 то 9 километр буда, баъзан то чандсад ва хатто даҳҳо метр кам шуда метавонад (дар натиҷаи сӯхтор ҷангалу саҳроҳо ва дар биёбонҳо дар натиҷаи тӯфони сахти чангқ ғубор).

Тӯфони чангу ғубор аз зумраи хатарноктарин ва пешгӯинашавандатарин падидаҳои табиат мебошад. Шамоли сахт чангу ғуборро ба ҳаво мебардорад ва тӯфони абрҳои нафасгиркунанда мешавад, ки метавонад масофаи дидашавандаро тақрибан то ба сифр кам кунанд ва боиси хисороти моливу ҷонӣ гардад.

Зимнан, майдони фарогирии ба истилоҳ “чанги афғонӣ” (номи ғайрирасмии тӯфони чангу ғубор дар Осиё) асосан водии Амударё аст, аммо дар ҷойҳои дигар низ маъмул аст.

Ҳангоми “чанги афғонӣ” зарраҳои чанги дар ҳаво баландшударо Офтоб метафсонад. Чанг то чанд километр баланд шуда, дар ҳаво муддати дароз меистад ва ба масофаҳои васеъ паҳн мешавад.

Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ҳар сол ба атмосфера тақрибан 2 миллиард тонна чанг партоб мешавад.

Дар кишварҳои минтақаҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, миқдори хориҷкунии солонаи чанг 27% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.

Тавсияи табибон

То ҳадди имкон ҳангоми шамоли сахт ё тӯфони чангу ғубор, беҳтар аст, ба кӯча набароед. Инчунин, дар ин вақт беҳтар аст, ки бо фарзандатон аз сайру гашт худдорӣ намоед, зеро кӯдак дар аробачаи кӯдакона дар масофаи хатарноктарин аз сатҳи замин қарор дорад ва ҳар он чизеро, ки мошинҳо ва пиёдагардон ба ҳаво партоб мекунанд, нафас мекашад.

Ниқоби тиббии одии якдафъаина, ки дар дорухона фурӯхта мешавад, бо руймол бастани даҳону бинӣ метавонад аз чангу ғубор дар кӯча эмин дорад. Ин чизҳо намегузоранд, ки зарраҳои калони чангро нафас гиред.

Дар як рӯз на камтар аз 2-2,5 литр об бинӯшед, ки аз ин то 0,5 литр оби минералӣ бояд бошад.

Дар ин ҳангом ба хотири пешгирӣ аз зарар чашмон табибон пӯшидани линзаҳоро тавсия намедиҳанд. Ҳангоми тӯфони чангу ғубор пӯшидани айнак тавсия дода мешавад.

Баъди ба хона баргаштан бояд хуб шустушӯ карда, даҳону биниро бо об бишӯед ва луобпардаи биниро бо вазелин тар кунед.

Ҳангоми тӯфони чанг беҳтар аст, тирезаҳоро накушоед ва агар ба ин зарурат доред, беҳтараш ҳавои хонаро намнок кунед. Дар давоми рӯз ҳадди аққал 1-2 бор фаршро шуста, тамоми сатҳи таҷҳизоту ашёи хонаро, ки дар болои онҳо чанг ҷамъ шуда метавонад, бо матои тар тоза кунед. Дар вақти чанг беҳтар аст қолинҳо ҷамъ кунед.

Инчунин ҷойпӯшу бистарҳоро бишӯед, зеро ҳассосияти бадан натанҳо ба чанги кӯча, балки ба чанги маишӣ низ меафзояд.

Нафарони аллергиядор ва мубталоёни астмаи бронхиалӣ бояд ба духтур муроҷиат карда, ҳама тавсияҳои ӯро вобаста ба назорати беморӣ бояд қатъан риоя кунанд, ҳатто агар қаблан дар табобат беэътиноӣ мекарданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend