Дар байни тоҷикон маъмултарин таоми ҷашнӣ дар Наврӯз суманак аст, ки аз донаҳои сабзидаи гандум омода мешавад. Аз китоби «Маҷмааи ҷашнҳои миллии тоҷикон дар оинаи таърих» маълумот ҷамъ овардем, ки дар Тоҷикистон барои ин ҷашн боз чӣ таомҳо омода мешаванд.
Суманак гуногун мешавад
Таърихи пайдоиши суманак ё сумалак ба замонҳои қадим бармегардад. Тарзу усулҳои тайёр кардани ин таоми суннатии идона дар асари энсиклопедисти барҷастаи асрҳои миёна, Абурайҳон Берунӣ «Ёдгориҳои наслҳои гузашта» баён шудааст.
Суманакро бо тарзҳои гуногун омода мекунанд. Навъи аввал ва маъмултаринаш суманаки дегӣ, таомест, ки аз донаи гандуми сабзида тайёр карда мешавад. Онро одатан дар арафаи ид тамоми шаб то субхи соли нав дар дег мепазанд. Дар ин маросим то 30 – 40 зан иштирок мекунанд.
Мардонро ба эътиқоди он ки ҳузури онҳо фоли бад аст, иҷозат намедиҳанд. Раванди тӯлонии пухтани суманак бо суруду рақс хуш мегузарад.
Занҳо маъмулан зери суруди «Суманак дар чӯш мо кафча занем…» маҳсулоти дар дег ҷӯшида истодаро бо кафгири дароз ба ҳаракат медароранд.
Суманаки тайёрро субҳи барвақт 1 – 2 соат дам медиҳанд. Баъд аз он зани аз ҳама калонсол ва муътабар бо кӯмаки дигар иштирокчиён онро ба пиёлаҳо рехта, ба рӯи дастархони идона назди меҳмонон мегузорад.
Суманаки тагиаловӣ
Дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон тайёр кардани суманаки тагиаловӣ бештар маъмул аст. Барои омода кардани аз маҳсулоти суманак хамир карда, дар оташдон кулчахои хурд мепазанд. Як қисми кулчаҳоро ба ҳамсояҳо тақсим мекунанд. Боқимондаро дар дастархони идона мегузоранд.
Бадахшониён низ ҳатман дар Наврӯз ба ҳамин тарз, вале танҳо кулчаҳои калон – кумочи шогунӣ, камоч ё шогун-кумоч (кумочи солинавӣ) мепазанд. Шумораи онҳо вобаста ба шароити оилавӣ, аз як то се дона ва вазнашон аз 1 то 2,5 килограмм ва баъзан то 7 килограмм мерасад.
Занҳо аз субҳи барвақт дар рӯзи аввали Наврӯз аз ширу об бо иловаи чормағзи кӯфта ва тути хушк хамир мекунанд. Кулчаро бевосита ба болои хокистари тафсон дар оташдон мегузоранд ва барои тоза нигоҳ доштани хона оташдонро бо сарпӯш мепӯшонанд.
Вақте ки шогун-кумоч тайёр мешавад, ду мард (яке аз онҳо сардори оила) дар ҳуҷраи асосӣ дар деворҳои муқобил нишаста, онро дар гирди ҳамдигар се маротиба мечархонанд. Сипас бо корд пора карда, ба ҳар касе, ки дар хона ҳозиранд, тақсим мекунанд.
Боқимондаро ба хешовандон мегузоранд. Ҳатто ба дӯстони наздике, ки дар ҳамон деҳа ва деҳаҳои дигар ҳастанд, мефиристанд. Ин нони маросимӣ рамзӣ ҳисобида мешавад, ки файзу баракатро ифода мекунад. Бинобар ин тақсим кардани он ба бегонагон, ҳатто ба ҳамсояҳо, агар хешу табор набошанд, қатъиян манъ аст.
Чунин мешуморанд, ки файз дар оила мемонад ва ба бегонагон ё оилаи бегона намегузарад. Дар шароити шаҳр нони рамзиро дар тафдон ё дар оташдон мепазанд.
Суманаки дегчагӣ ва суманаки хурмагӣ
Дар Кӯлоб тайёр кардани суманаки дегчагӣ маъмул аст: маҳсулоти хамирро омехта мекунанд ва порае мисли ҳалво ба даст меоранд. Онро ба равғани тафсон меандозанд ва кӯфта, бо қошуқи чӯбин муддати тӯлонӣ омехта мекунанд. Дар натиҷа пораи ғафс ҳосил мешавад. Онро аввал хунук, сипас пора карда, дар табақчаҳо ба дастархони идона мегузоранд.
Дар ноҳияҳои куҳистони Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб пештар суманаки хурмагӣ машҳур буд. Барои тайёр кардани он ба гандум дар рӯйи тахтачаи сангин ё дар хурма, об ва каме орд илова карда, дар хокистари тафсони оташдон то саҳар мемонданд. Дар натиҷа пораи ҳалвомонанди суманак омода мешавад.
Дангича, далда ва даляро чӣ тавр мепазанд?
Хӯроки ҷашнии наврӯзӣ инчунин шӯрбои гандумкуча (дангича) мебошад. Он аз пӯсти гандуми нимпухта бо иловаи ҳатмии нахӯд ва лӯбиё, миқдори ками орд, пой ва рӯдаи ҳайвонот (каллапоча) тайёр карда мешавад. Ҷолиб он аст, ки таом бо номи дангича дар асари ошпазии муаллифи асри 14 низ зикр шудааст.
Таоми дигар – далида ё далда – аз орди гандум ва нахӯд бо иловаи зағир тайёр карда мешавад. Донаҳоро дар резакунаки ғалладона реза мекунанд. Ё дар тахтача кӯфта, бо миқдори ками орди гандуми одии дар равған бирёншуда омехта карда, дар зарфҳои сафолӣ мегузоранд ва дар он об илова мекунанд. Таом тақрибан баъди як соат омода мешавад.
Дар Обигарм таоми даляро омода мекунанд. Он дар фасли баҳору зимистон ба ғизои ҳаррӯзаи сокинон дохил мешавад. Дар ин чо гандумро одатан аввал дар об ҷӯшонда, баъд ба он шир меандозанд. Сипас намак ва мурч андохта, бо кабудӣ ва пиёз мечӯшанд хуштамъ мегардонанд.
Шӯрбои кашк, ки дар рисолаи муаллифи асри 14 Абуисҳоқи Атим «Канз-ул-иштиҳо» зикр шудааст, чӣ дар кӯҳистон ва чӣ дар водиҳо машҳур аст. Ин шўрборо бо омехтаи гандуми кӯфта, сари гӯсфанд, маҳсулоти нимтайёр, пиёз, сабзӣ, кашниз, мурчи сурх ва намак аз шом то саҳар мепазанд.
Барои тайёр кардани он деги чӯянӣ истифода мешавад. Аммо пеш аз ин тамоми маҳсулоти заруриро дар як кӯзаи калони гилин ҷойгир карда, гарданашро бо хамир молида, дар хокистари гарм гӯронида, тамоми шаб мемонанд.
Боҷи ҷашнӣ
Дар Бадахшони Куҳӣ тайёр кардани таоми ҷашнӣ бо номи боҷ аҳамияти махсус дорад. Дар як поси шаб, пас аз анҷоми хӯроки шом, тамоми аҳли хонавода дар атрофи дег ҷамъ мешаванд. Сарвари оила – мард, ки шаби гузашта махсус аз чашма об оварда буд, онро ба дег мерезад. Пас аз он оташ афрӯхта мешавад. Аз он лаҳза то ҷӯшидани об ҳама бояд хомӯш бошанд.
Пас аз ин сарвари оила печаи хамир – ғалтакро ба дег меандозад. Гандуми кӯфтаро бо дастони росту чап ба навбат гирифта, кафи дастонро ба ҳам оварда, оҳиста – оҳиста ба деги мерезад. Вай ин корро мувофиқ ба шумораи аъзоёни оила такрор мекунад. Дар тамоми ин раванд дуо хонда мешавад. Вақте ки гандум аллакай ба дег рехта мешавад, боқимондаи маҳсулоти пешбинишуда ба он ҳамроҳ карда мешавад.
Пас аз ин ҳама хоб мераванд. Танҳо сардори оила тамоми шаб то субҳ оташро дар оташдон нигоҳ медорад. Аз як хона ба хонаи дигар интиқол додани таоми боҷ рамзи орзуи бахту саодат, таҳкими робитаҳои хешутаборӣ ва ҳамбастагии оилаҳо мебошад.
(Аз китоби «Маҷмааи ҷашнҳои миллии тоҷикон дар оинаи таърих», муаллифон Лариса Додхудоева, Зинатмо Юсуфбекова ва Муъмина Шовалиева).