Соати ҳушманди ворухӣ: Хонандаи тоҷик соати ҳушманд ва дастгоҳи маккадонкунак сохтааст

Солҳои охир дар Тоҷикистон сафи ихтироъкорони ҷавон афзоиш ёфта истодааст. Қисми зиёди онҳо хонандагони мактабҳои деҳоти дурдаст мебошанд. Қаҳрамони мо низ яке аз чунин хонандагон аст, ки ба муҳити танги деҳот нигоҳ накарда, кӯшишу талош мекунад, ки дар соҳаи илму техника саҳмгузор бошад. Дастгоҳи сохтаашро Сайфиддин Киромиддинов алакай дар озмуни “Техникони ҷавон” дар вилояти Суғд пешниҳод карда, ҷойи аввал ва ҷоизаи Ихтироъкори сол – 2020 соҳиб шуд.

Ихтироъкори ҷавон кист?

Сайфиддин Киромиддинов хонандаи синфи 11 литсей № 3 – и деҳаи дурдасти Ворухи шаҳри Исфара мебошад. Падару модари Сайфиддин ба корҳои хоҷагидорӣ машғуланду аз ҳамин ҳисоб зиндагиашонро таъмин мекунанд. Ба гуфти қаҳрамони мо ӯ дар оила фарзанди калонӣ аст ва аз байни ҳама бародарон танҳо Сайфиддин ба фанҳои дақиқу техникаву ихтироот шавқ дорад.

Сайфиддин аз хурдӣ мисли дигар кӯдакон ба ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таваҷҷуҳ надоштааст. Вай бештар ҳар гуна асбобҳои вайроншудаи маиширо ҷамъоварӣ карда, онҳоро кушода тамоми таҷҳизоти дар дохилаш бударо бароварда меомӯхтааст.

“Модарам доим ҳайрон мешуданд, ки чаро ман мисли дигар кӯдакон ба бозичаву бозиҳои кӯдакона завқ надорам. Он ҳангом ман дар синфи дуюм мехондам. Аз аввал фанни математикаро дӯст медоштаму ҳамеша ба дарсҳо омода будам. Дар тайёр намудани дарсҳо ҳатто аз падару модарам кӯмак намегирифтам”, – кӯдакиашро ба хотир оварда мегӯяд Сайфиддин.

Дар синфҳои болоӣ алакай Сайфиддин ба фанни физика низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Дар интернет тарзи омода сохтани ҳаргуна таҷҳизотҳоро тамошо мекунад ва қарор медиҳад, ки ӯ низ бояд чизе бисозад.

“Навори интернетӣ маро таҳрик дод”

Чун падару модараш хоҷагидоранду дар заминҳои калон ҷувориммака ва дигар намуди зироатҳоро кишт мекунанд. Як рӯз, пас аз тамошои навори тарзи омода намудани дастгоҳи маккадонкунак, қарор медиҳад, ки аввалин дастгоҳаш ҳамин хохад буд.

“Мо заминҳои калони макка дорем ва ҳангоми ҷамъоварии кишт, волидонам барои тоза кардани он, доим ба мушкилӣ дучор меомаданд. Вақте дар интернет навори дастгоҳи макадонкуниро дидам, хостам волидонамро шод кунам ва ҳама таҷҳозотҳои лозимаро ҷамъ оварда ба сохтан, шурӯъ кардам”, – мегӯяд ихтироъкори ҷавон.

Он дастгоҳе, ки Сайфиддин дар интернет дида буд, барояш онқадар писанд намеояд ва ӯ мехоҳад, ки намунаи худашро созад. Дар ҳамин ҳол ӯ аз баргузории озмуни “Техникони ҷавон” огоҳ мешаваду қарор медиҳад, ки ҳарчи зудтар дастгоҳашро сохта дар озмун иштирок намояд. Барои ин Сайфиддин пас аз мактаб, дар хона то нимашабӣ баъзан то саҳар болои асбобаш кор мекунад.

Ба гуфти қаҳрамон дар аввал барояш бисёр мушкил буд, ӯ то ҳатто ноумед ҳам мешаваду аз сохтан даст мекашад.

“Чун аввалин корам буд, бароям хеле мушкил буд. Пас аз дарс то нимаҳои шаб кор мекардам, баъзан модарам омода, “бас кун асбоббозиатрову хоб кун мегуфтанд, то ки саҳар аз мактаб дер намонӣ”. Як маротиба худам низ дилгир шудам, гуфтам ин кор ҳоло аз дастам намеояд. Вале боз ҳисси кунҷкобиам боло мегирифту беихтиёр маро сӯйи асбобҳоям мебурд. Ду маротиба дастгоҳ сохтам корам омад накард ва ниҳоят бори сеюм ба мақсадам расидам. Ба назди челонгар бурда пайваст намудам”, – мегӯяд Сайфиддин.

Нахустин шуда Сайфиддин дастгоҳашро ба модараш нишон медиҳад.

“Модарам хеле шод шуданд, ҳатто ашки шодӣ рехтанд. Зеро он кас ба чунин таҷҳизот эҳтиёҷ доштанд ва ба зами ин аз мувафақияти ман меболиданд”, – нақл мекунад Сайфиддин.

Дастгоҳи маккадонкунӣ чӣ гуна аст?

Мошини маккадонакунаки Сайфиддин тавассути қувваи барқ ба кор медарояд.

“Аз ҷойи махсуси он ҷуворимаккаро меандозем. Донаи ҷуворимакка аз сӯрохии таги мошин ва пучоқи нолозимаш аз дигар тараф мебарояд. Суръати кории маккадонакунаки сохтаам аз дигар намуди дастгоҳҳо тезтар аст. Мошин аз муҳаррик, тасма, теғ, конденсатор, “переходник” ва профилу тунука сохта шудааст. Тарзи кор фармуданаш осон аст. Дастгоҳро ба қувваи барқ пайваст намуда ҷуворимаккаро меандозию халос. Бо он хеле ҳосили ҷуворимаккаамонро майда кардем”, – мегӯяд ихтироъкор.

Соли гузашта Сайфиддин дастгоҳи маккадонкуниашро ба озмун пешниҳод мекунад. Дар даври шаҳрӣ иштирок намуда, ба даври вилоятӣ роҳхат мегирад ва ҷойи якумро ишғол мекунад. Ба гуфти ихтироъкор, пас аз иштирок дар озмун ба сараш фикрҳои нав омадаанд, ки дар пайи амалӣ кардани онҳост.

“Бисёр хушбахт будам, ки меҳнатҳои шабонарӯзии маро қадрдонӣ карданд. Дар озмун бо дастгоҳҳои ихтироънамудаи дигар иштирокчиён шинос шудам. Ҳоло дар сарам боз ғояҳои нав дорам, ки барои осон кардани кори хоҷагидорӣ муфиданд”, – мегӯяд Сайфиддин.

“Соати ҳушманди тоҷикӣ”

Дар баробари дастгоҳи маккадонкунак Сайфиддин боз соати ҳушманди варзишӣ низ сохтааст. Соати ҳушманди сохтааш ба телефон пайваст мешавад ва дар он харитаи ҷаҳон ҷойгир шудааст, инчунин ба Bluetooth- и телефон пайваст карда, ба воситаи он суруд мондан низ мешавад. Тамоми ҳаракатҳои варзиширо аз қадамзанӣ то давидану паридан мешуморад, ба ғайр аз ин дар торикӣ функсияи равшанидиҳиро иҷро мекунад, ки дар шароити деҳот бисёр муфид аст.

Ҳоло қаҳрамони мо мехоҳад, ки нахуст ин ду таҷҳизоти сохтаашро муккамал гардонида ба онҳо функсияҳо нав дохил кунад. Ба ин корҳо касе ба ӯ ёрӣ намедиҳад, ӯ ин ҳамаро аз интернет худомузӣ мекунаду ҳар гуна китобҳои вобаста ба техникаву технологияҳои навро мутолиа менамояд.

“Ҳоло мехоҳам ба ин ду дастгоҳам функсияҳои нави корӣ дохил кунам то ки мукамалтар шаванд. Сипас нақша дорам, ки дастгоҳи алафмайдакунаку донашиканак созам. Чун мардуми деҳоти мо даромади асосиашон аз ҳисоби зардолу аст, мехоҳам барои шикастани донаҳои зардолу асбоби махсус созам, то кори мардумро осон созад”, – бо итминон мегӯяд ихтироъкор.

Қаҳрамони мо ният дорад, ки дар оянда ширкати худро таъсис диҳад ва таҷҳозотҳои техникии навинро истеҳсол намояд. Барои ин ӯ пайваста қиссаи мувафақиятҳои одамони машҳурро мехонаду ба муваффақ шудани худ боварӣ пайдо мекунад.

“Ҳеҷ як нафар яку якбора машҳуру мувафақ намешавад, барои ин одам бояд тамоми кӯшиш ва қувваи худро истифода кунад. Маро қиссаи мувафақиятҳои Стив Ҷобс, Илон Маск, Муҳаммад Алӣ илҳом мебахшанд. Пас аз хондани чунин саргузаштҳо ман ҳар маротиба дар худ қувваи нав ва бовариро эҳсос менамоям”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Ҳоло Сайфиддин ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисодиёти ДМТ супоридааст ва ба Олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ аз фанни математика омодагӣ мебинад.

Файзуллохон Обидов, махсус барои Your.tj

Skip to toolbar