fbpx

Шӯрои уламо мегӯяд, ки оғози Рамазон дақиқ нашудааст, тақвимҳои нашршуда барои тиҷоратанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи tj.habarho.com

Тоҷикистон ба ҷалби қарзҳои имтиёзнок аз Ҷумҳурии Корея умедвор аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 апрел раиси парлумони Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои манфиатбахши тамосҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо, баррасӣ карданд.

Таъкид шуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад.

Шӯрои уламо: оғози рамазон дақиқ нашудааст, тақвимҳои нашршуда барои тиҷоратанд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳанӯз ин ниҳод оғози моҳи шарифи рамазонро эълон накардааст ва тақвимҳое, ки нашр шудаанд ва дар кӯчаву бозорҳои шаҳру ноҳияҳо фурӯхта мешавад, асос надоранд. 

Саидмукаррам Абдуқодирзода раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфт, тақвими моҳи шарифи рамазон ҳафтаи оянда зимни ҷаласаи Шӯрои уламо дар ҳамоҳангӣ бо Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои ҶТ  расман нашр мешавад. Ӯ гуфт дар ҳамин ҷаласа онҳо оғози моҳи рамазонро эълон хоҳанд кард.

Абдуқодирзода  ҳамчунин гуфт, ки феълан он тақвимҳое, ки дар кӯчаву бозорҳо фӯрухта мешаванд дуруст нестанд, ва мо ба мардум тавсия медиҳем, ки онҳоро нахаранд. “Зеро ҳар касе ин корро кардааст танҳо ба мақсади  тиҷорати худ кардааст ва рӯзи дақиқи рамазон ҳафтаи оянда зимни ҷаласаи Шӯро элон карда мешавад”.

Билети Душанбе-Маскав дар билетфурӯшии Агентии алоқаи ҳавоӣ ба роҳ монда шудааст

Ширкати “Сомон-эйр” эълон кард, ки субҳи 2-уми апрел фурӯши билетҳо ба самти Душанбе-Маскавро дар билетфурӯшии Агентии алоқаи ҳавоӣ оғоз кардааст. Интизор меравад, ки ҳавопаймои ин ширкат рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда аввалин парвози худро ба ин самт анҷом бидиҳад.

Нархи билети парвоз ба Маскав аз Душанбе 349 доллар ва бозгашт 143 доллар таъйин шудааст. Ширкати ҳавоии Utair мегӯяд, парвози ҳавопаймои онҳо аз Душанбе ба Маскав соати 2-и шаби 3-юми апрел ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи 249 билет ба ин павроз ба фурӯш рафтаанд. Сокинон аз нархи тайингардида баландтар фурӯхта шудани билетҳо шикоят мекунанд. Аммо Оҷонсии авиатсия шаҳрвандии Тоҷикистон итминон медиҳад, ки мақомоти масъул ҷараёни фурӯши билетҳо ба ин хатсайрро таҳти назорати ҷиддӣ гирифтаанд.

Рустами Эмомалӣ иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллиро даъват кард

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ дар бораи даъват намудани иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум рӯзҳи 16 апрел дар Душанбе қарор ба имзо расонид.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ тағйироту иловаҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқшударо ба қонунҳо “«Дар бораи судҳои ҶТ», «Дар бораи мақомоти адлияи ҶТ» ва «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ инчунин масъалаи табдили номи 26 маҳаллаи аҳолинишинро дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикобод баррасӣ мекунанд.

Ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистон аз Алмаато барои надоштани маълумотномаи COVID-19

Расонаи қазоқии “Кабар-24” менависад, як зодаи Тоҷикистонро, ки аз Душанбе ба Қазоқистон парвоз кардааст, барои надоштани ташхиси тибии зидди COVID-19 аз фурудгоҳи Алмаато ихроҷ кардаанд. Маълум нест, ин шаҳрванди Тоҷикистон чӣ гуна бидуни санади ташхиси манфии коронавирус ба ҳавопаймо роҳ ёфтааст, зеро доштани ин гуна маълумотномаи тиббӣ яке аз талаботи асосӣ барои сафари шаҳрвандон ба давлатҳои дигар аст.

Баъди танаффуси яксола дар аввали моҳи марти имсол байни Душанбеву Аламаато парвози доимӣ барқарор шуд. Ширкатҳои ҳавоӣ пайваста таъкид мекунанд, ки бидуни доштани ташхиси тиббӣ ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Бархе минтақаҳои Тоҷикистон гуфтанд, нақшаи даъват ба артишро иҷро кардаанд

Дар рӯзи нахустини шурӯи мавсими баҳории даъват ба артиш баъзе минтақаҳои Тоҷикистон аз иҷрои нақша хабар дод. Аз ҷумла, тибқи ҳисобот ноҳия Рашт, Дарвозу Шуғнон, шаҳри Хоруғ ва деҳоти Воруху Чоркуҳи Исфара нақшаи пешбинишударо “барзиёд” иҷро намуданд.

Ба гуфтаи мақомот, “ҳамаи ин наваскарон бо хоҳиши худ” ба комиссаритҳои ҳарбӣ ҳозир шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола бо оғози мавсими давъат шикоятҳо дар бораи тариқи сарбозшикор ё облава бурдани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ расонаӣ мегардад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷовид Пирзода, як маъсули Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” гуфтааст, барои муайян кардани ҳаҷми маблағ ва шакли пулакии хидмат санади мушаххасе дар ҳоли омода шудан аст. Зимнан, тибқи қонуни нав аспирантҳо ва магистрҳоро ҳам ба хизмат мебаранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend