fbpx

Нархи билетҳо маълум шуд. Мардум дар авиакасса мунтазири хариди билети Душанбе-Маскав ҳастанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


4
4 points
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Шӯрои уламои кишвар аз мардум даъват кард, то ваксина гиранд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 31 март бо нашри муроҷиатномае аз мардуми кишвар даъват кард, ки онҳо фаврӣ ва бидуни таъхир ваксинаи зидди коронавирус бигиранд.

Дар муроҷиатнома омадааст: Баъзе инсонҳо вокуниши ғайрифаъолро ба даъвати ба эмгузаронӣ бо баҳонаи он, ки баъзе доираҳои хориҷӣ ба воситаи эмгузаронӣ мехоҳанд ба мардум зарар расонанд, тарғиб мекунанд. Ин сароҳатан муносибати ғалат аст, ки аз саъйю талоши хидмат ба манфиатҳои беҳтарини мардум ва ҷомеаҳо ҷудо мебошад. Чунин муносибат ба яке аз ду сабаб ишора мекунад: ин ё натиҷаи ҷаҳолат ва нодонии аҳкоми шариат аст, ё ин ки натиҷаи адами огоҳӣ аз оқибатҳои хатарноки вогузорӣ ва тарки эмгузаронӣ.

Дар ин раванд раёсати Шӯрои уламо аз мардум даъват менамояд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён ҳар як шахси ватандӯсти оқил, дар навбати аввал шахсони калонсол бояд дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ бетаъхир, таъҷилан аз эмгузаронӣ (ваксинатся) гузаранд.

Ёдовар мешавем, ки ваксиназанӣ дар Тоҷикистон аз 22-юми март оғоз шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара меравад.

Ин сафар дар пайи он сурат мегирад, ки як изҳороти Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, дар бораи Ворух бо вокунишҳо рӯ ба рӯ шудааст. Тошиев ҳафтаи гузашта гуфт, ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, Ворухро ба Қирғизистон дода, дар иваз аз гӯшаҳои дигари Бодканд 12 ҳазор гектар замин бигирад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 31-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара, аз ҷумла ҷамоати Ворух сафар мекунад. Сухангӯи президент афзуд, сана ва барномаи сафар ҳанӯз дақиқ нест.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати Ворух эҳтимол рӯзи 4-уми апрел сурат бигирад, вале расман тасдиқ нашудааст. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, низ ба Ворух рафтааст.

Ба Маскав бо $349. Utair ва “Сомон Эйр” нархи парвозҳои доимиро муқаррар карданд

Ширкати ҳавопаймоии Utair ва “Сомон Эйр” ҷадвали парвозҳои доимиро бо хатсайри Душанбе-Маскав тасдиқ намуда, инчунин нархи ҳадди ақали билетҳоро ба ин хатсайрҳо муқаррар карданд.

Парвози нахуст аз ҷониби Utair аз Душанбе ба Маскав рӯзи 3 апрел соати 2-шаб сурат мегирад.

“Дигар парвозҳои Utair ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа соати 6-и субҳ анҷом дода мешаванд. Нархи ҳадди ақали билетҳо аз Душанбе ба Маскав 3 ҳазору 983 сомонӣ (349 доллар) ва аз Маскав ба Душанбе – 1640 сомонӣ (143 доллар) муқаррар шуд”, – хабар дод намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон Ҳусейн Усмонов.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” низ дар бораи анҷоми аввалин парвоз бо хатсайри доимӣ аз Душанбе ба Маскав хабар дод. Он рӯзи 6 апрел дар назар аст. “Арзиши билет ба Маскав 349 доллар ва аз Маскав – 143 долларро ташкил хоҳад дод”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати ҳавопаймоӣ.

Дар ширкатҳо изҳор доштанд, ки дар фурсати наздиктарин билетҳо ба хатсайри Душанбе-Москав ба фурӯш бароварда мешаванд.

Аммо имрӯз назди нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии собиқ бозори “Зелёний”-и шаҳри Душанбе издиҳоми мардум ҷамъ омаданд, ки ба хатсайрҳои доимӣ ба шаҳри Маскав билет харидан мехоҳанд.

Дар фурудгоҳи Душанбе ба онҳо гуфтаанд, ки фурӯши билетҳо оғоз гардида, онҳо маҳз дар ҳамин нуқтаҳои мушаххас фурӯхта мешаванд.

Вокуниши собиқ вазири тоҷик ба пешниҳоди додани Ворух ва интиқодаш аз раиси КДАМ

Ҳамрохон Зарифӣ дар сафҳаи фейсбукияш ин пешниҳоди Тошиевро барои додани Ворух сафсата хонда, таъкид намудааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.

Ӯ гуфтааст, ки бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд.  Зарифӣ гуфтааст, гап сари баргардондани заминҳо ба Тоҷикистон намеравад, танҳо санадҳои ҳуқуқиро бояд эътироф кард.

“На бояд ба тоҷикон заминашонро ба ивази заминашон пешниҳод кард”, – изҳор доштааст собиқ вазири умури хориҷӣ.

Зарифӣ аз сарусадои охир атрофи марз зикр намуда, изҳор доштааст, ки набояд дар хулосабарорӣ шитоб кард, чун тоҷикону қирғизҳо садсолаҳо канори ҳам дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардаанд, дасти ҳам гирифтаанд, ки фаромӯш намешавад.

Ҳамрохон Зарифӣ таъкид намудааст, ки чунин инсонҳои манфӣ ҳамсояҳо низ ҳасту дар мо ҳам кофиянд. Дар идома собиқ вазири хориҷии Тоҷикистон аз инқилобҳои зиёду сарнагунсозиҳои роҳбарони қонунан интихобшудаи Қирғизистон суҳбат кардааст, ки онро мушкилзо хондааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки суханҳояш назари шахсии ӯ буда, мавқеи ҳукумати Тоҷикистонро баён намекунанд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ карданд

Ҷонибҳо доир ба хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор карданд.

Чаҳор рӯзи ахир дар Ҷиззах вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш додааст, 26-31 март дар шаҳри Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти музокирот ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ намуданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

4
4 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
5
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend