fbpx

Ширкати русии “ТехСтрой” аз бурдани 1000 муҳоҷири тоҷик ба Русия даст кашид

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Муҳоҷирон дар Русия
Акс аз сомонаи restate.ru

Дар кишвар наздики 74,5 ҳазор нафар ваксина гирифтаанд

Дар кишвар аз 86,5 ҳазор нафар гурӯҳи афзалиятноки пешбинишуда наздики 74,5 ҳазор нафарашон ваксина гирифтанд. Тибқи гуфтаи роҳбари Раёсати эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров, миқдори боқимондаи 1,8 миллион ваксина дар доираи барномаи COVAX дар кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо аз сабаби бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Ҳиндустон, ки ба истеҳсоли ҳаҷми бузурги ваксинаҳо барои пӯшонидани талаботи механизми COVAX машғул буд, ба таъхир афтодааст.

Аз ҷониби СҶТ барои ҳалли ин масъала бо дигар истеҳсолкунандагон гуфтушунидҳои иловагӣ идома доранд. Тоҷикистону Чин ба тавофуқ расиданд, ки ваксинаи CoronaVac –ро барои фарогирии 150 ҳазор шаҳрвандон ба кишвар ворид кунанд. Айни замон, масъалаи воридоти ваксинаи Sputnik V аз Русия ба кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад, гуфт Ҷаъфаров дар мусоҳибаи худ ба Азия-Плюс.

Ширкати русии “ТехСтрой” аз бурдани 1000 муҳоҷири тоҷик ба Русия даст кашид

Ширкати сохтмонии русии “ТехСтрой”, аз иҷрои шартнома, ки дар доираи он бояд муҳоҷирони кориро аз Тоҷикистон ба Русия мебурд, даст кашидааст. Ин ширкат бояд 1000 муҳоҷири тоҷикро барои кор дар Русия мебурд. Қаблан ин ширкат 5 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистонро ба кор бурда буд.

Аммо Ӯзбекҳо баробари ба русия расидан аз ҷойи кории ин ширкат даст кашида, ба ҷойи кори қаблии худ рафтаанд. Пас аз ин ширкат тасмим гирифтааст, ки аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дигар коргар наорад, гуфт ба Азия-Плюс Роҳбари “Олами Саёҳат” Набиҷон Гулматов.

Қирғизистон сарҳадҳояш бо Тоҷикистонро пурра баст

Мувофиқи қарори кабинаи вазирони Қирғизистон аз 21 майи соли 2021, маҳдудиятҳои муваққатӣ барои вуруду баромадан, будубош, ҳаракат ва транзит тавассути қаламрави Қирғизистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷорӣ карда шуданд. Хабар додааст “АКИpress” дар такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар. Истисно танҳо барои кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо дода мешавад.

Дар бораи пурра баста шудани марз сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов дар суҳбат бо сокинони деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Чон-Алайи вилояти Уш хабар додааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Радиои Озодӣ, то рӯзи 14 май 57 мошини боркаш бо рақамҳои тоҷикиву қирғизӣ дар марз банд мондаанд.

Дар Душанбе ду ҷавон барои таҳқир ва латукӯби се хоҳар боздошт шудаанд

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавон хабар дод, ки дар латукӯби се хоҳар дар маҳаллаи Испечаки пойтахт айбдор мешаванд.

“Дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ҷавонписарон се хоҳарро, ки барои сайругашт баромада буданд, сараввал дашном ва ҳамзамон мавриди латукуб қарор додаанд. Дар натиҷа яке аз духтарон ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, омадааст дар хабари Раёсат. Мақомот алайҳи боздоштшудагон барои авбошӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаааст, ки ба онҳо то 5 сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Путин гуфт, Русия омодааст ба Тоҷикистону Қирғизистон кӯмак кунад

Президенти Русия Владимир Путин дар вохӯрӣ бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфтааст, ки Маскав барои ҳалли баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон маҳз тавассути музокирот ҳар кӯмаки мумкинро мерасонад.

“Албатта, вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро хеле бодиққат ва бо нигаронии афзоянда пайгирӣ кардем”, — гуфтааст Путин. Вай ёдовар шуд, ки чанде пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав буд ва мавзӯи сарҳад бо ӯ низ баррасӣ шуд.

“Роҳи ҳалли дарозмуддати мушкилотро ёфтан зарур аст, то ба манфиатҳои ҳарду ҷониб посухгӯ бошад”, — гуфтааст Владимир Путин.

Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои зудтар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Хатлон

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раисони баъзе минтақаҳо дастур дод, ки суръати бартарафсозии оқибатҳои офати табии дар шаҳри Кӯлоб, ва ноҳияҳои Вахш ва Ҷомӣ тезонида шавад, хабар доданд хадамоти матбуоти президент.

Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи офати табиӣ дар аввали моҳи май, дар Хатлон ҳадди ақалл 128 хона комилан ва 400 хонаи дигар қисман хароб шуданд. Ғайр аз ин, президент тезонидани суръати ҷамъоварии ғалладона, хӯроки чорво, зиёд намудани ҳаҷми содироти меваю сабзавотро аз минтақа ба кишварҳои хориҷӣ супоришҳо додааст.

Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон қабули донишҷӯён зиёд мешавад

Дар Тоҷикистон шумораи ҷойҳо дар мактабҳои олӣ зиёд карда мешавад. Ҳамин тариқ, қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳои кишвар дар соли хониши ҷорӣ нисбат ба соли 2019 1,3% зиёд мешавад.

Тибқи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 57 ҳазору 468 нафар ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, 12 ҳазору 317 донишҷӯ аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил хоҳанд кард.

То соли 2023 шумораи донишҷӯёни донишгоҳҳо ба 59.789 донишҷӯ хоҳад расид.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend