fbpx

Се рӯз дар Душанбе баъзе роҳҳои марказӣ баста мешаванд. Дар пойтахт се чорабинии муҳими сиёсӣ мегузарад

Наздики ҳазор меҳмонон ба Душанбе меоянд, аз ҷумла президентҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон. Онҳо дар бораи Афғонистон суҳбат мекунанд.


0
Акс аз Спутник Тоҷикистон

Аз 15 то 18 сентябр дар Душанбе ду чорабинии муҳими сиёсӣ баргузор мешавад: ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ва ҷаласаи солонаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо президенти Русия Владимир Путин бо як сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад.

Дар робита ба ин маъракаҳои сиёсӣ, сар аз 15-уми сентябр, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ – А.Дониш маҳдуд карда мешавад.

Аз 15 сентябр сар карда, фурудгоҳи Душанбе ба қабули меҳмонони расмӣ аз кишварҳои гуногун шурӯъ мекунад – дар маҷмӯъ, дар доираи ҳайатҳои инфиродӣ омадани ҳазор меҳмон дар назар аст.

Дар робита ба сафари расмии президенти Русия ва баргузории ду чорабинии муҳими сиёсӣ, роҳҳои протоколии пойтахт аз ҷониби фурудгоҳ, баъдан кӯчаи А.Дониш, кӯчаи Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат барои воситаҳои нақлиёт давра ба давра баста мешавад.

Мо дар харита роҳҳои баста мешударо нишон додем. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин кӯчаҳо давра ба давра рӯзонаву шабона маҳдуд карда мешаванд.

Мутаассифона, замони дақиқи бастани роҳ ҳанӯз эълон нашудааст, аз ин рӯ ба шумо маслиҳат медиҳем, ки дар ин рӯзҳо кӯшиш кунед, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунед.

Дар Душанбе чӣ чорабиниҳои сиёсӣ мегузарад?

15-уми сентябри соли равон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ӣо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад вазорати корҳои хориҷӣ.

Дар рафти сафар сарони давлатҳо дар сиғаҳои маҳдуд ва васеъ бо ҳузури ҳайатҳо гуфтушунид баргузор менамоянд.

Дар натиҷаи музокирот қабули изҳороти муштараки ду роҳбар роҷеъ ба таъмиқи муносибатҳои шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймонӣ, инчунин имзои зиёда аз 20 санади нави ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Президентҳои Тоҷикистону Россия дар маросими гузоштани заминаи панҷ мактаб бо таҳсилот бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода дар шакли маҷозӣ иштирок хоҳанд кард.

16 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии президенти Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар ҷаласа Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, президенти Қирғизистон Садир Жапаров, президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва котиби генералии СААД Станислав Зас иштирок хоҳанд кард.

Аз натиҷаи ҷаласа қабули Эъломияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва тақрибан 15 қарор ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзи 16-уми сентябр сарони давлатҳо – аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе меоянд. Ҳарчанд омадани баъзе ҳайатҳо як рӯз пештар, 15 сентябр оғоз мешавад.

17 сентябри соли 2021 дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, раиси Чин Си Ҷинпин (онлайн), президенти Қирғизистон Содир Жапаров, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд.

Дар  нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид.

Дар ҷараёни саммити ҷашнӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол, вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд.

Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити таърихии СҲШ Эъломияи душанбегии 20-солагии СҲШ ва тақрибан 30 қарор қабул карда шаванд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони кишварҳои СҲШ ва СПАД оид ба вазъи Афғонистон табодули афкор мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend