fbpx

Савдои одам. Чӣ тавр як зани тоҷик ба доми фиреби ҳамватанонаш афтод

Ӯ ба доми фиреби ҳамватанони худ афтид ва бо умеди дарёфти маблағи хуб қурбонии дасти одамҷаллобон гардид.


0
Акси марбута аз сомонаи расмии СММ (un.org)

Соли 2013 дар як вохӯрии сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ кишварҳои узв қатъномаеро қабул карданд, ки тибқи он 30 июл ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо савдои одамон эълон гардид.

Ҳадафи асосии ин рӯз баланд бардоштани огоҳии ҷомеа бо мушкилоти қурбониёни савдои одамон, ташвиқ намудани ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, ва даъвати ҳукуматҳо ба амалҳои мушаххас дар самти мубориза бо ин ҷинояти ҷиддӣ мебошад.

Мо дар бораи зани ҷавоне қисса мекунем, ки баъди пошхӯрии оилааш барои таъмини рӯзгор ва фарзандонаш барои кор ба Русия рафт. Ӯ ба доми фиреби ҳамватанони худ афтид ва бо умеди дарёфти маблағи хуб қурбонии дасти одамҷаллобон гардид.

Аз хатми донишгоҳ ва пошхӯрии оила то ваъдаи кор дар Русия

Мадина (ном бо хоҳиши қаҳрамон иваз карда шудааст) хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Бохтари ба номи Носири Хусрав аст ва онро соли 2020 бо муваффақият хатм кардааст.

Замони таҳсил дар соли чоруми донишгоҳ ӯро ба шавҳар медиҳанд. Вале дар соли 2023 аз шавҳараш ҷудо мешавад. Дар давоми се соли зиндагии якҷоя соҳиби ду фарзанд мешавад.

Барои пеш бурдани рӯзгор ва таъмини фарзандон Мадина як сол дар як лаборатория ва муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кор мекунад ва ҳатто дар бозор низ ба таври ғайрирасмӣ чиз мефурӯхт.

«Соли 2024 як шиносам бо номи Рустам, ки дар Русия зиндагӣ мекард, дар шаҳри Балашихаи вилояти Москва дар як завод кор пешниҳод кард. Ӯ маоши баланд ва шароити хуб ваъда кард. Кор аз бастабандии маҳсулоти тайёр иборат буд. Чун сахт ниёз доштам, ба ин шартҳо розӣ шудам»,- нақл мекунад ҳамсуҳбати мо.

Рустам 60 ҳазор рубли русӣ моҳона ва ҳамчунин, пардохти ҳамаи хароҷот, аз ҷумла ҷойи зист, ғизо ва ғайраҳоро аз тарафи ширкат ваъда медиҳад. Ӯ ба қаҳрамони моро бо марде бо номи Ҷалил, сокини ноҳияи Хуросон шинос мекунад, ки бояд чиптаи ҳавопайморо то шаҳри Москва мехарид.

Сафар ба Москва ва оғози роҳи пуразоб

Ҳамин тавр, бино ба нақли Мадина, 2 феврали соли 2025 Ҷалил чипта харида, ӯро ба Москва гусел мекунад. Дар фурудгоҳ низ тибқи маслиҳати пешакӣ ҳамсуҳбати моро ронандаи такси пешвоз мегирад.

Мадина ба такси савор мешавад, аммо онҳо на ба самти завод ба Балашиха, балки ба шаҳри дигаре бо номи Котелники мераванд.

«Дар он ҷо Ҷалил маро пешвоз гирифт ва шиносномаи хориҷиамро бо баҳонаи сабти ном гирифт. Вақте талаб кардам, ки шиносномаамро баргардонад, ӯ гуфт, ки ҳуҷҷатҳоро танҳо пас аз анҷоми шартнома ва пардохти пурраи “қарз” бармегардонад.

Гуфтанд, ки агар касе хоҳиши тарки заводро дошта бошад, бояд як соли пурра кор карда, қарзро пурра пардохт намояд. Маоше, ки пештар 60 ҳазор рубл гуфта буданд, баъдан ба 35 ҳазор рубл табдил ёфт. Ман имкони дигар надоштам, маҷбур шудам, ки бо ҳамин шароит кор кунам»,- ба хотир меорад Мадина.

Ба гуфтаи ӯ, «қарзе», ки онҳо ба гардани ҳамсуҳбати мо гузоштаанд, гӯё аз ҳисоби хароҷот барои омода кардани ҳуҷҷатҳо ва чиптаи сафар – 100 ҳазор рубл ба миён омадааст.

Шароити бади кору зист

Мадина нақл мекунад, ки дар завод як мард бо номи Султон шахси масъул ва калон буд. Ҷалил ҷонишини ӯ ва Асад – бародари Ҷалил, масъули назорат ва ҷазо. Ҳарсеи онҳо аз Тоҷикистон буданд. Султон аз ноҳияи А.Ҷомӣ, бародарон Ҷалил ва Асад аз ноҳияи Хуросон.

«Шароити корӣ ниҳоят вазнин буд. Аз соати 06:30 то 22:00 бе рӯзҳои истироҳат кор мекардем. Рӯзи якшанбе то соати 17:00 кор буд ва баъд аз он боз 2-3 соат ҷаласа. Ҷаласаҳоро Ҷалил мегузаронд. Вақти хӯрокхӯрӣ буд, аммо бо хароҷоти худи коргарон. Дар баъзе ҳолатҳо вақти танаффус ҳамагӣ 10 дақиқа буд. Барои ба ташноб рафтан вақт намедоданд»,- ёд овард аз он рӯзҳои торик қаҳрамони мо.

Ӯ афзуд, ташноб ва ҳаммом дар ҳолати ғайисанитарӣ қарор доштанд. Ҳуҷраҳои хоб сард буданд, гармкунак кор намекард. Ошхона вуҷуд надошт. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар долони хобгоҳ 3 дегдони хурд гузошта буд, вале барои 150 нафар омода кардани хӯроки гарм номумкин буд.

Аз ин ҳол Асад истифода бурда, як мағоза дар дохили хобгоҳ мекушояд, ки дар он ҷо коргарон метавонистанд хӯрданӣ бихаранд. Вале чун касе пул надошт, ҳама чиз ба қарз навишта мешуд.

«Завод хеле калон буд. Роҳ то ташноб 5 дақиқа буд. Барои ба он ҷо рафта омадан 12-13 дақиқа вақт мерафт, аммо танаффус ҳамагӣ 10 дақиқа буд. Агар 2-3 дақиқа дер кунем, 500 рубл ҷарима мешуд. Ман дар 6 моҳи кор якчанд маротиба аз 900 то 2700 рубл ҷарима шудам.

Бо маоши 35 ҳазор рубл дар маҷмуъ, бояд 280 ҳазор рубл мегирифтам, аммо тақрибан ҳамагӣ 25 ҳазор рубл гирифтам. Қисми боқимондаро барои қарзашон гирифтанд»,- мегӯяд Мадина.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар бори музд гирифтан, маҷбур мекарданд имзо гузорад, ки гӯё маошро пурра гирифтааст. Аммо баъд аз он Асад ва Ҷалил он пулро гирифта мегуфтанд, ки ҳанӯз қарздор аст.

«Роҳи фирор набуд»

Ҳамсуҳбати мо афзуд, аксари шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки низ дар чунин шароит қарор доштанд, намешинохт. Ҳатто баъзеи онҳо аз баҳри шиносномаҳояшон гузашта, аз он ҷо фирор кардаанд.

«Ҷалил чанд маротиба тамоми муҳоҷиронро ҷамъ карда, гуфт, ки агар касе гурезад, бо ёрии дӯстонаш ӯро бармегардонад, мезанад ва қарзро дучанд мекунад. Ва воқеан чанд маротиба чунин кард.

Як рӯз ман бемор шуда натавонистам ба кор равам. Асад бо лақаби “Шер” омад ва маро маҷбур кард, ки кор кунам. Ман гуфтам, ки ҳолатам бад аст, вале ӯ дашном дода, маҷбур кард, равам. Агар касе кор наравад, 1500 рубл ҷарима мешуд»,- ёди хотираҳои талх кард қаҳрамони мо.

Ба гуфтаи ӯ, дар тамоми ин муддат, ягон маротиба кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират (ФМС) ва полис ба ин завод нарафтааст. Нафарони беморро низ ба кор маҷбур мекарданд, на духтур буд, на қутии ёрии аввал.

«Муносибати бо коргарон бераҳмона буд. Онҳо дашном медоданд, мезаданд. Бо чашмонам дидам, ки Ҷалил ва Асад чанд муҳоҷирро барои дер омадан ё хато кардан, заданд. Боре як муҳоҷири тоҷик бо номи Мирзомиддинро чунон заданд, ки аз даҳону биниаш хун рафт».- нақл кард аз он рӯзҳои даҳшатнок.

«Маҷбур таҷовуз мекарданд»

Аз ин даҳшатноктар, ба гуфтаи Мадина ин буд, ки Ҷалил ба ҳар зане, ки ба завод меомад, дастдарозӣ мекард. Қаҳрамони мо тақрибан ду ҳафта баъд аз рафтанаш бемор шуд ва дар хона мехобид. Ҷалил бе иҷозат вориди утоқи ӯ мешавад аҳволашро мепурсад.

«Ман гуфтам, ки беморам ва кор карда наметавонам. Ӯ маро ба болои кат тела дод, дарро баст ва аз болоям баромада, дастонамро маҳкам дошт. Ман муқобилат карда наметавонистам. Фарёд задам, гиристам, илтимос кардам, ки накунад, вале гӯш намекард.

Баъд ӯ либоси ман ва худашро кашида, маро таҷовуз кард. Вақте рафт, гуфтам, ки ба касе арз мекунам. Ӯ хандид ва гуфт, ки касе ба ман бовар намекунад»,- бо ашки талх ва нафрат ба хотир овард қаҳрамони мо он лаҳзаҳои сиёҳро.

«Баъд аз он шаби сиёҳ, ман дигар он Мадинаи пешина набудам. Имрӯз, вақте инро ба хотир меорам, ба ҳар зану духтари тоҷик мегӯям: Лутфан, аввал бисанҷ, баъд бовар кун. Ҳеҷ ваъдаи зар ва ё чиптаи ройгон арзиши иззати нафс ва озодиро надорад. Бигзор ҳеҷ зане дигар чунин зулмро аз сар нагузаронад.»

Ба гуфтаи Мадина, чун Ҷалил ва бародараш саркоргар буданд, ҳама аз онҳо метарсиданд. Ӯ низ ҷуръати шикоят кардан надошт. Касеро дар утоқаш танҳо ёфт, Ҷалил вориди он мешуд ва муносибати ҷинсӣ талаб мекард.

«Ҳар сари чанд вақт барои санҷиш меомаданд. Султон, Ҷалил ва Асад як рӯз пеш моро огоҳ мекарданд, ки катҳо ва гирду атрофро тоза кунем. Баъд аз он акс гирифта ба касе мефиристоданд. Баъзан дар нисфи шаб бо баҳонаҳои гуногун моро бедор мекарданд ва намегузоштанд, ки бихобем»,- нақл мекунад ҳамсуҳбати мо.

Раҳоӣ аз банди «ғуломӣ»

Мадина моҳи марти соли 2025 ба як ширкат дигар мегузарад ва ният дошт, ки он ҷо кор кунад. Аммо ҳанӯз назди Ҷалил 35 ҳазор рубл «қарздор» буд.

Дар завод бо ҷавоне бо номи Абдулло никоҳи шариатӣ мебастандад ва ӯ ваъда медиҳад, ки «қарз»-ро месупорад. Танҳо пас аз он Ҷалил шиносномаи Мадинаро бармегардонад ва ӯ аз он ҷо меравад.

Савдои одамон чӣ гуна сурат мегирад?

Ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии «Фемида». Ғоибназар Давлатбеков дар суҳбат ба мо гуфт, савдои одамон яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии фаромарзӣ буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон бо унсурҳои таҳдид ба амнияти миллӣ ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии давлатҳо, эътироф гардидааст.

Ғоибназар Давлатбеков

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди онро муқаррар намудааст.

Ба гуфтаи коршинос, савдои одамон аз се марҳила иборат аст: ҷалбкунӣ, интиқол ва истисмор. Одатан одамҷаллобон кори худро аз ҷалбкунӣ оғоз менамоянд. Ҷалбкунӣ амали мушаххасест, ки дар раванди он ҷабрдида ба кори пешниҳодшуда розигии ихтиёрӣ ё маҷбурӣ медиҳад.

«Тадбирҳои гуногун барои бовар кунонидани қурбониёни эҳтимолӣ ба зарурати розӣ шудан ба пешниҳод аз ҷониби ҷинояткорон аксар вақт истифода мешаванд. Пешниҳод намудани ҷои кори бо маоши баланд, шароити хуби корӣ, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо тайёр кардани раводид, пардохти роҳкиро ва дигар ваъдаҳои бардурӯғ»,- шарҳ дод Давлатбеков.

Ӯ афзуд, ин стратегия ҷалбкунӣ аст ва ҷабрдида аллакай аз кишвари худ набаромада аз одамҷаллобон қарздор мешавад ва бар ивази пардохти қарз аз тарафи онҳо ба намудҳои гуногуни истисмор дучор мегардад.

Одамҷаллобон дар аксар ҳолатҳо, қурбониёнро дар таҳти назорати доимӣ мегиранд, шиносномаро бо баҳонаи ба расмият даровадан дар кишвари қабул, телефон ва дигар воситаҳои алоқаро кашида мегиранд, гашту гузори онҳоро маҳдуд мекунанд, нисбати онҳо зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ анҷом медиҳанд. Ҷабридида ҳамин вақт дарк мекунад, ки ба доми одамҷаллобон афтидааст.

Чӣ бояд кард?

Коршинос гуфт, шахсоне, ки ба дасти одамҷаллобон афтоданд, бояд аввал ин роҳҳои халосиро дида бароянд:

  1. Агар имконияти гурехтан дошта бошанд, бояд истифода баранд.
  2. Агар имконияти занг задан, ё дигар воситаи алоқа дошта бошанд, ба мақомотҳои дахлдор кишвари қабул, сафорат ё консулгарии кишвари худ, намояндагони ВКД ҶТ, намояндагони вазорати меҳнат, хешу табор ё шиносҳои худ, хати оҷилӣ, ё созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалии кишвари қабул ё кишвари худ, ки ба қурбониёни савдои одам кумак мерасонанд, хабар диҳанд. Баъди халос шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари қабул муроҷиат кунанд, ки барои ба ҷавобгари кашиданӣ ҷинояткорон чора андешанд.

Шаҳрвандони кишвар бояд пеш аз сафар, ё барои санҷидани чунин эълону рекламаҳои бардурӯғ ба хати оҷилии Созмони Байналмиллалии (СБМ) Муҳоҷират дар Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “Зеркало” роҳандозӣ шудааст, ё ба Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё СБМ дар Тоҷикистон муроҷиат карда аз машварати пеш аз сафар истифода кунанд. Рақамҳои хати оҷилӣ : 900-800-800

Ҳамчунин маълумоти муффасал дар бораи қонунгузори кишвари қабул оиди ба расмият дарори буду боши худ гиранд.

Пеш аз сафар ҳуҷҷатҳои худро нусхабардорӣ карда бо худ гиранд, қисми онро дар хонаашон монанд.

Дар бораи кишвари сафар, ширкати қабулкунанда, ё шахси алоҳидаи даъваткунанда ба наздикони худ маълумоти пурра диҳанд, ки дар ҳолати зарурӣ аз ин маълумотҳо истифода бурдан мумкин аст.

Тоҷикистон барои мубориза бо савдои одам чӣ чораҳо мебинад?

Тоҷикистон ҳамчун узви фаъолу комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Конвенсия оид ба мубориза ба муқобили савдои одамон ва истифодаи онҳо барои фоҳишагӣ аз тарафи шахсони сеюм (соли 1949), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2000), Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ (соли 2000) ва санадҳои дигари аҳамияти ҳуқуқидоштаи байналмилалӣ ҳамроҳ шудаааст.

Заминаи қонунии ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз савдои одамон аз Конститутсияи Тоҷикистон, кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ, оила ва меҳнат сарчашма мегирад.

Ҳамчунин, соли 2004 Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ аввалин шуда қонун “Дар бораи мубориза бар зидди савдои одамон”-ро қабул карда буд.

Аз 26-уми июли соли 2014 Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» мавриди амал қарор дорад.

Бар асоси моддаи 130(1)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои одамон манъ аст ва ин амал ҷавобгарӣ дорад.

Инчунин,барои ҳар се сол Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон бо қарори Ҳукумати ҶТ қабул карда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27 июли соли 2016 № 327 «Дар бораи Тартиби амалӣ намудани маҷмўи тадбирҳо дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон» қабул карда шуд.

Ба қурбониёни савдои одам чӣ гуна кумак мекунанд?

Ба гуфтаи коршинос Ғоибназар Давлатбеков, санадҳои дар боло зикршуда ба тамоми қурбониёни савдои одамон оид ба таъмин бехатарӣ, махфияти маълумот дар бораи қурбониёни савдои одамон, дастгирӣ ва расонидани кумаки тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ройгон кафолат медиҳад.

Аз тарафи сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалии ба қурбониёни савдои одамон тамоми кумакҳои дар боло зикришуда пешниҳод карда мешаванд.

МД Маркази ҷумҳуриявии хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои қурбониёни савдои одамон ва зӯроварӣ дар оилаи Вазорати тандурусти низ дар хизмати қурбониёни савдои одамон аст.

Виктор Лутенко: «СБМ дар ҳама самтҳо омодаи ҳамкорӣ ва дастгирӣ аст»

Виктор Лутенко, Роҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон гуфт, бояд мубориза бар зидди одамрабоӣ ба сатҳи нав бароварда шавад ва он фарогири ҳамаи самтҳо бошад.

Виктор Лутенко, Роҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон

«Барои ин зарур аст, ки технологияҳои нав, мисли зеҳни сунъӣ, самаранок истифода шаванд. Мо бояд бо шарикони нав ҳамкорӣ кунем ва бо ташаббусҳои ҷиддӣ пеш равем.

Огоҳсозии мардум бояд мақсаднок ва замонавӣ бошад, кӯмак ба қурбониён бояд бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷудбуда беҳтар карда шавад. Ҳатто тартиби муроҷиати қурбониён барои кӯмак бояд осон ва мукамал бошад»,- афзуд Виктор Лутенко.

Ба гуфтаи ӯ, барои дастгир ва ҷазо додани одамрабоён имрӯз лозим аст онҳоро ҳангоми доду гирифти маблағ ва дар шабакаҳои интернет пайгирӣ кард, «чун ҳоло асосан дар фазои рақамӣ фаъолият мекунанд».

«Барои иҷрои ҳамаи ин корҳо, сармоягузории ҷиддии ҳам давлатӣ ва ҳам байналмилалӣ зарур аст. СБМ омода аст, ки дар ҳама самтҳо кӯмак ва дастгирӣ кунад»,- таъкид кард ӯ.

Дар 9 моҳи соли гузашта дар кишвар 48 ҳолати савдои одамон ба қайд гирифта шуда буд, ки назар ба солҳои гузашта хеле бештар аст.

«Азия-Плюс» ин оморро бо такя ба иттилои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД пешниҳод карда буд. Омори навро барои соли 2025 дастрас карда натавонистем.

Аз шумораи умумии ҳолатҳои ба қайдгирифташуда 27 ҳолат ба истисмори меҳнатӣ ва 21 ҳолат ба истисмори ҷинсӣ рабт доранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend