fbpx

Санъат дар рӯйи санг. Чӣ тавр маъюби гуруҳи якум сангтароши моҳир шуд


0

Саймурод Азимов дар Душанбе ба сангтарошӣ машғул аст. Ӯ дар ҷанги Афғонистон 50%-и саломатии худро аз даст додааст, вале ба ин нигоҳ накарда пас аз бозгашт барои пешбурди зиндагиаш ба омӯхтани рассомӣ ва сангтарошӣ шурӯъ мекунад.

Ӯ ба Your.tj дар бораи зиндагӣ ва омӯзиши касби сангтарошиву кору фаъолияташ қисса кард.

“Ними баданам кор намекард, вале…”

Саймурод Азимов зодаи шаҳри Кӯлоб буда, баъди захмӣ шудану маъюб гардиданаш дар ҷанги Афғонистон соли 1979 ба ватан бармегардад. Пас аз бозгашт роҳ гашта наметавонист, дастонаш низ қариб ба пуррагӣ кор намекарданд, лекин ин ҳама монеи ӯ нашуд ва бо иродаи қавӣ шабу рӯз машқ мекард ва умеди зиндагии некро аз даст намедод. Аз машқҳои пайваста ва иродаи қавии доштааш дастонаш каме беҳбуд меёбанд ва ба ҳаракат медароянд.

“Вақте аз ҷанг баргаштам нисфи баданам кор намекард, аммо шукр, ки дастонам ба кор даромаданд. Пас аз он ман ба шуғли дӯстошдаам – рассомӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба ҳайси рассом ба фаъолият оғоз намудам, – нақл кард Саймурод. – Аз кор накардани пойҳоям ғамгин будам, аммо дар баробари ин кӯшиш кардам, то сарбориии дигарон нашаваму зиндагиамро давом диҳам. Сипас, барои боз ҳам рушд додани касбу машғулияти интихобнамудаи хеш роҳ пеш гирифтам ҷониби Душанбешаҳр”.

Рағбат ба сангтарошӣ ва кору зиндагӣ дар Душанбе

Дар Душанбе Саймурод ба Коллеҷи рассомии ба номи Олимови пойтахт дохил шуда идомаи таҳсил кард. Муҳити донишҷӯӣ завқи ӯро нисбат ба сангтарошӣ тавлид кард ва чун дид, ки аз кори сангтарошӣ дӯстонаш маблағи хуб ба даст меоранд, оҳиста – оҳиста дар баробари рассомӣ ба  сангтарошӣ низ машғул гардид.

Баъди хатми Коллеҷ тасмим гирифт, дар шаҳр бимонад ва корашро дар ду самт идома диҳад. Ӯ алакай пай бурда буд, ки муҳити пойтахт барои расидан ба орзуҳояш имкониятҳои зиёдтарро фароҳам меорад. Дар Душанбе корҳояш барор мегиранду аз ҳисоби рассомиву сангтарошӣ дар як муддати начандон тӯлонӣ барои худ хонаи истиқоматӣ харид.

Баъзан сангҳоро то 10 ҳазор сомонӣ мефурӯшем

Бо маслиҳат ва дастгирии дӯстону наздикон Саймурод дар чанд гӯшаи шаҳр нуқтаҳои рассомиву сангтарошӣ кушода, якҷо бо дастпарваронаш кор мекард. Дар аввал ба рассомӣ машғул шуд ва дар таҳриру таҳияи техникиву рассомии осори чандин шоирону нависандагони машҳури кишвар саҳм гузошт.

Баъдан касби сангтароширо ривоҷ дод. Писари калониаш барои ӯ аз мулки Чин сангҳои мармару ба ин монанд меовард ва ӯ онҳоро нақшкорӣ карда музди кории худро болояш зам карда ба муштариён мефурӯхт.

“Одатан мардум сангҳои миёнаро фармоиш медиҳанд, ки онро мо бо нархи 150 сомонӣ харидорӣ мекунем. Баъди навиштани ному насаб ва ягон навъ ороиши зебдиҳанда онро бо қиммати ҳамагӣ 300 сомонӣ мефурӯшем”, – мегӯяд Саймурод.

Баъзан мешавад, ки муштариён сангҳои калонҳаҷм ва қиматтарро супориш медиҳанд. Баъзеи дигар хоҳиш мекунанд, ки акси майитро болои санг тарошад.

“Нархи ин гуна сангҳо аз 800 сомонӣ болотар аст, зеро кораш заҳматталаб аст”, – нақл мекунад Саймурод. – Ҳатто ҳолате низ буд, ки бо фармоиши муштарӣ санги дархостшударо бо арзиши 8 000 сомонӣ харидорӣ намудаву баъди анҷоми корҳо онро бо нархи 10 000 сомонӣ фурӯхтаем, яъне арзиши санг на танҳо аз намуд, балки аз заҳмати ба он сарф шуда низ вобаста аст”.

Шогирдонамро аз мактаб-интернат интихоб мекунам

Саймурод бо шогирдонаш дар як рӯз вобаста ба ҳаҷм ва ороиш то 10 сангро омода мекунанд. Ӯ беш аз 500 шогирдро тарбия кардааст, ки имрӯз ҳамаи онҳо аз ин роҳ зиндагии худро пеш бурда истодаанд.

“Зиёдтар шогирдонамро аз Мактаб – интернати №2 – и назди Донишгоҳи молия ва иқтисод интихоб мекунам, зеро ин ятимон ба дастгирӣ эҳтиёҷ доранд. Онҳо дар назди ман ҳам кор меомӯзанд ва ҳам даромад ба даст меоранд. Одатан даромади моҳонаамро қариб барои 30 нафар харҷ мекунам. Инҳо оила, фарзандон, ёру бародарон ва шогирдонам мебошанд”, – мегӯяд ӯ.

Фарзандон пайрави падар

Саймурод оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст, ки аз инҳо 5 нафар пайроҳаи падарро тай намудаву имрӯз дар қатори ӯ зиндагии худро идома дода истодаанд.

“Насиб набудааст, ки бо пойҳои равон дар иҳотаи оилаву пайвандон гардаму бе кӯмаки касе зиндагӣ кунам. Худоро шукр фарзандон ва шогирдонам маро ба мошине, ки аз даромади ҳамин касбу корамон харидорӣ намудаем, ҳар рӯз то ҷои кор меоранд”,- мегӯяд ӯ.

Маҳсули дасти Саймуродро то Русия бурдаанд

Дар кори сангтарошӣ ҳунари рассомӣ муҳим ва зарурист. Зеро сангтарош метавонад дар рӯйи санг рассомиро омӯзад. Аз рассомӣ ба сангтарошӣ омадан ҳам осон аст, агар завқ дар ин роҳ рафиқи ҳамон нафар бошад. “Ман пештар дар чанд нуқтаҳои шаҳр дӯконҳои иҷора доштам, лек 4 соли охир дар шафати роҳи калони маҳаллаи Гипроземи пойтахт кор карда, ҳудуди 1300 сомонӣ иҷорапулӣ месупорам”, – мегӯяд ӯ.

Корҳои рассомиии Саймуродро на танҳо дар дохили кишвар, балки ба чандин кишварҳои хориҷа низ бурдаанд. Аз ҷумла имрӯзҳо метавон шоҳкориҳои дастони ин қаҳрамонро дар деворҳои қаҳвахонаи машҳури “Шафранг”, воқеъ дар шаҳри Челябински Русия мушоҳида кард.

“Чандин зардевориҳои машҳур омода кардаам. Ҳатто чанд маротиба расми Эмомалӣ Раҳмонро бо писараш Рустами Эмомалӣ тасвир кардам. Миралӣ Маҳмадалиев қариб ба ҳама ошност. Ӯ замони роҳбарӣ дар колхоз дар деҳаи Гулдараи ноҳияи Восеъ як истироҳатгоҳи боҳашамматеро дар баландии кӯҳ бунёд намуд, ки аксарияти нақшу нигори дар деворҳои он тасвиршуда маҳсули кори ман аст”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Саймурод то ин замон рассомиву ороиши сангҳои рӯи қабри чандин шахсиятҳои бузургро низ анҷом додааст.

Қаҳрамони мо аз касби пешакардааш боре ҳам пушаймон нашудааст, зеро маҳз тавассути ин роҳ дар зиндагӣ муввафақ шуду дастгири чандин нафарон дар ин соҳа гардид. “Вақте ҷавонмардони солимро мебинам, ки аз мардум пул металабанд, шукрона мекунам, ки болои ин қадар ранҷҳои сахти зиндагӣ ва дорои маъюбият будан муҳтоҷи касе нестам”, – гуфт Саймурод.

Шералӣ ДАВЛАТОВ, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend