fbpx

Сайри доманакӯҳи Мевағул. Чаро хуҷандиён ба зиёратгоҳи Бӯшато мераванд

Деҳаи Боғи боло 20 километр аз маркази шаҳр дуртар дар доманаи кӯҳи Мевағул ҷойгир аст, ки ҳамарӯза ба он ҷо хатсайри автобусҳо 12 маротиба рафта меояд.


0
ИН ва дигар аксҳо аз муаллифи мақола - Файзуллохон Обидов

Деҳаи Боғи боло (номи пешина Учбоғ)-и Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доманаи кӯҳи Мевағул ҷойгир аст. Ба ин мавзеи хушобу ҳаво сокинони шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он аз оғози фасли баҳор то миёнаҳои моҳи май барои истироҳат меоянд.

Дар баландии яке аз теппаҳои доманакӯҳ мақбараи Бобои Ваҳшӣ (ба лаҳни мардуми таҳҷоӣ “Бӯваҳшиато”, ё “Бӯшато”) ҷойгир мебошад. Бино ба гуфтаи таърихшиносон, мақбара таърихи беш аз 190 сола дорад.

Муаллифи Your.tj ба мавзеи истироҳатии деҳаи Боғи боло, ки дар байни сокинони шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он бо номи Мазори “Бӯшато” маъруф аст, рафта, бо сайркунандагону масъули зиёратгоҳи Бобои Ваҳшӣ ҳамсуҳбат шуд.

Хати роҳ аз Хуҷанд то Мазори “Бӯшато”

Аз бозори маъруфи “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ба самти деҳаи Боғи боло хатсайр мавҷуд аст. Ҳамарӯза ба самти Боғи боло, ки аз маркази шаҳр 20 километр дур аст, хатсайри автобусҳо 12 маротиба рафта меояд. Бо онҳо аз соати 5-и саҳар то соати 19-и бегоҳ рафтан мумкин аст.

Моҳи марти соли 2022 роҳи мошингарди байни деҳаи Боғи боло то даромадгоҳи шаҳри Хуҷанд қисман мумфарш гардида буд. Ба гуфтаи сокинон, ин роҳ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ ба истифода дода шудааст.

Чанд сол пеш аз ин аҳолии сеҳазорнафараи деҳа барои ба шаҳр омадану ҳалли масъалаҳои рӯзмарра душворӣ мекашиданд. Аз қисман мумфарш шудани роҳи байни деҳаву шаҳр аҳолии ин мавзеъ хушнуданд.

“Агар пеш аз мумфарш шудани роҳ нақлиёт дар 60-70 дақиқа то истгоҳи охирон ба як самт ҳаракат мекард, акнун дар 40-50 дақиқа ин роҳро тай мекунад”,- гуфт ронандаи хатсайр Комилҷон Қаюмов.

Гуфта мешавад, дар ободии роҳ саҳми аҳолии деҳот низ калон аст. Онҳо дар қади роҳ ниҳолҳои ороишиву сояфкан шинониданд, ки боиси сабзу хуррам ба чашм расидани ду тарафи роҳ гардидааст.

Табиати зебои доманакӯҳи Мевағул

Нақлиёти мо ба доманакӯҳи мавзеи “Бӯшато” расид. Ин ҷо манзараи ҳушрабое дорад. Ба дили ҳар кас намои табиати пур аз сабзаву гиёҳ, ҳазориспанди сабзу лолаҳои шукуфон ва ҳавои софу беғубор осоиш мебахшад.

Ин ҷо гурӯҳи зиёде аз сокинонро вохӯрдан мумкин аст, ки барои дамгирӣ омадаанд. Онҳо дар гӯшае зери чойник алов гузошта, чой меҷӯшонанд, дар гӯшаи дигаре, ки ошдон сохта шудааст, машғули пухтупазанд.

“Мо ҳар сол бо аҳли оила барои дамгирӣ ба ин ҷо меоем. Доманаи кӯҳ ҳавои тозаву табиати зебо дорад. Фарзандон аз дидани гули шукуфтаи лола ба ваҷҳ меоянд. Имсол писарчаам бо ҳаяҷон нақл кард, ки бо бародаронаш ба кӯҳ баромада, аз дур рӯбоҳро дидааст. Маҳз барои дар ёди кӯдакон мондан ва каме ҳам бошад истироҳат кардан ба ин ҷо меоем”,- гуфт Баҳодур ном шахси миёнсол.

Чаро сокинон ба зиёрати мақбараи “Бӯшато” меоянд?

Дар болои теппае мақбараи Бобои Ваҳшӣ ҷойгир аст. Шайхи ҳозираи мақбараи “Бӯшато” Рӯзибой Саидов мегӯяд, ки дар он ҷасади Бобои Ваҳшӣ ба хок супорида шудааст. Дар поёни он қабристони калон мавҷуд аст, ки фавтидагони ҳамаи деҳаҳои доманаи кӯҳи Мевағулро мегӯронанд.

“Имрӯз ин ҷо зиёратгоҳи мардум ба ҳисоб меравад. Аз ҷашни Наврӯз сар карда, то миёнаҳои моҳи май мардум ба ин мавзеъ омада, истроҳат мекунанд. Аксари онҳо барои тамошои гули лола, ки дар кӯҳҳо мерӯяд, ба болои кӯҳ мебароянд”,- нақл кард Рӯзибой Саидов.

Тавре дидем, сокинон ба даруни мақбараи Бобои Ваҳшӣ даромада, дар болои кӯрпача нишаста, ба хотири рӯҳи гузаштагон дуои фотеҳа мехонанд. Дар шафати мақбара дарахти азими тут сарсабз аст. Дар шохаҳои он пораҳои гуногуни матоъ баста шудааст.

“Одамон бо нияти нек ба ин дарахт пораҳои матоъро мебанданд. Албатта, нахуст аз Худованд мехоҳанд. Боз бо ин роҳ талаби фаразанддор шудан мекунанд. Хоҳиши шифо ёфтан низ. Умуман, дар ин амал бадиеро намебинам”,- афзуд Рӯзибой Саидов.

Табиати нотакрор – носипосии инсонҳо

Тавре пай бурдем, дар ин мавзеъ истироҳаткунандагон машғули пухтупаз шуда, ҳамроҳи худ нӯшобаву хӯришҳои гуногун меоранд. Мутаассифона, аксарият пас аз истироҳат пасмондаҳо, бахусус, зарфҳои пластикӣ ва бастаҳои полиэтилениро дар ҷойи кушод гузошта мераванд. Дар ин мавзеи истироҳатӣ қуттиҳои махсуси партов низ ба назар намерасад.

Тавре шайхи мақбараи Бобои Ваҳшӣ – Рӯзибой Саидов гуфт, ки аз истироҳаткунандагон маблағи муайян талаб карда намешавад, ҳар кас аз ҳиммати худ амал мекунад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки сайркунандагон ба тозагӣ низ аҳамияти махсус диҳанд.

Файзуллохон Обидов, махсус барои Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend