“Россотрудничество” гуфтааст, тоҷикон аз ҳама бештар Русияро дӯст медоранд
Идораи “Россотрудничество” пажӯҳиши худро дар мавриди муайян кардани маҳбубияти Русия дар миёни сокинони кишварҳои гуногун натиҷагирӣ кардааст. Тибқи он маълум шудааст, ки дар миёни давлатҳои ҳамсуд ё худ ИДМ бештар аз ҳама тоҷикон Русияро дӯст медоштаанд. Баъди Тоҷикистон, шаҳрвандони Сербия ва Арманистон ба Русия маҳбубият доштаанд. Ҳамзамон мардумони Қазоқистону Қирғизистон, Молдова, Сурияву Украина ва Булғористону Чин ҳам гуфтаанд, ки ба Русия эҳтиром доранд.
“Россотрудничество”, як Оҷонсии давлатӣ аст, ки Русия барои пешбурди равобити фарҳангӣ бо ҳамватанон ва пайравону мухлисони фарҳанги русӣ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсис додааст.
Президент Раҳмон моҳи январ паёми солона ироа мекунад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январ паёми навбатии худро ба Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ ироа мекунад. Санаи дақиқи ироаи паёми оқои Раҳмон эълон нашудааст.
Президент Раҳмон бори ахир рӯзи 26-уми декабри соли гузашта паёми солонаашро ба порлумон ва мардум ироа карда буд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёмаш аз низоми бонкии кишвар интиқод карда, ба вазъи маорифу тандурустӣ дахл намуд ва аз коҳиш ёфтани муҳоҷирати тоҷикон ба Русия гуфт.
Рустами Эмомалӣ аз сохтмонҳо норозист: Ӯ хостори ҷалби таҷрибадору бовиҷдонҳо шуд
Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ гуфт, дар ҳудуди шаҳр айни замон сохтмони 450 бинову иншооти нави замонавӣ идома дорад. Ӯ афзудааст, ки дар соҳаи сохтмони бинову иншоот ҳанӯз камбудиву норасоиҳо ҷой доранд.
“Дар ин робита ба сохторҳои масъули шаҳр, махсусан комиссияи давлатии қабул супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр барои интихоби ширкатҳои бовиҷдон, ки дар асл таҷрибаи сохтмонӣ ва сифати корҳои хуб доранд, қатъиян корбарӣ намоянд”, – супориш додааст Рустами Эмомалӣ.
Раиси Душанбе таъкид кардааст, ки барои ҷалби бештари ширкатҳои ватании таҷрибадор ва кормандони маҳаллӣ, истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ ва назорати иҷрои корҳо ҳамарӯза чораандешӣ шавад.
Коҳиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бар асари пандемия
Савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон пас аз ривоҷи бомаром бо суръати баланд тайи солҳои ахир, дар имсоли буҳронӣ каме суст шуд.
Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ҳаҷми савдои байни ду ҳамсоякишвар андаке бештар аз 300 млн долларро ташкил додааст, ки ҳудуди 7% камтар аз ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Муомилоти молу маҳсулот бо Ӯзбекистон, ки солҳои 90-ум шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёфт, пас аз коҳиш дар солҳои 2000-ум, бо сари ҳокимият омадани Шавкат Мирзиёев дар ин кишвар ба барқароршавӣ оғоз кард.
Соли 1995 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 250 млн долларро ташкил дода буд, ки дар маҷмӯъ ду баробар зиёдтар нисбат ба гардиши мол бо ҳамаи дигар кишварҳои ИДМ аст.
Донишманди тоҷик медали Нобел ба даст овард
Академияи илмҳои табиии Русия як ихтироъкори тоҷикро барои нақши муассир дар рушди ихтироъкорӣ, таълимот дар мактабҳои олӣ ва ҷавобгӯй будани китобу корҳои илмияш ба меъёрҳои байналмиллалӣ бо сертификат ва медали ба номи Алфред Нобел ва ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ кардааст.
Абдусафо Умарҷонов, номзади илмҳои техникӣ, декани факултети менталургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ба Азия Плюс гуфт, ки ҳамасола барои медали А. Нобел ин Академия озмуни байналмилалӣ эълон мекунад, ки имсол байни мутахассисиони кишварҳои пасошӯравӣ ин ҷоиза насиби ӯ шуд. Ӯ гуфт дар фаъолияти 35-солаи омӯзгорияш ҳудуди 60 дастурамали омӯзишӣ, мақолаву як манография навишта соҳиби чандин патенти ихтироотӣ аст. Аммо аз 5 китобу дастурамали таълимияш, ки барои омода кардани ихтироъкорони сатҳи ҷаҳонӣ дар мактабҳои олӣ марбутанд, на ҳама рӯйи чоп омадаанд.
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон борону барф меборад
Рӯзҳои 26-27 декабр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ эҳтимолияти ба амал омадани боришоти шиддатнок (борон, барф) дар назар аст.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ин рӯзҳо часпидани барфи тар дар шохи дарахтон ва ноқилҳои барқӣ аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
“Рӯзи 26 декабр ҳарорати рӯзонаи ҳаво 6-80 паст мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол бо шиддатнокии то 12-17м/с пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ дар назар аст”, – омадааст дар маълумоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, давоми рӯзҳои 25-27 декабр дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд (километрҳои 48 то 79-ум), Хоруғ-Ҷолондӣ (Бидур-Вер) фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.