fbpx

Русия гуфт, омадааст, ки барои ҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон кумак кунад

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз хадамоти матбуотии Қушунҳои сарҳадии Қирғизистон

Соли 2021 Чин ба Тоҷикистон 210 млн доллар сармоягузорӣ кард

Соли 2021 ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҳама бештар Чин сармоягузорӣ кард, ки маблағи он дар як сол 210 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар идома Туркия – 25 млн, Швейтсария – 21 млн, Фаронса – 19 млн, Кипр – 10 млн ва Британияи Кабир – 6 млн доллар қарор доранд, хабар дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода.

Ба иттилои вай, вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 1,7 баробар афзуда, зиёда аз 700 млн долларро ташкил додааст, ки 280 млн бештар нисбат ба соли пешин (соли 2020) аст.

Зимнан зикр шуд, ки дар баробари ин ҳаҷми сармоягузории мустақим 2,1 баробар зиёд шуда, 340 млн долларро ташкил додааст.

Ба қавли раиси Кумита, сармоягузориҳои мустақим ба бахшҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – 56,9%, саноати коркард – 9,9%, сохтмон – 2,1% ва дигар соҳаҳо – 31,1% равона шудааст.

Қодирзода зикр кард, ки айни замон дар кишвар 78 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 42 млрд сомонӣ (зиёда аз 3,7 млрд доллар) амалӣ мешавад, ки аз ин миқдор то ин дам 5 млрд сомониаш азхуд шудааст.

Аз ҷумла 160 млн доллар ба таъсиси корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, гармхонаҳои инноватсионӣ, истеҳсоли гӯшт ва коркарди канданиҳои фоиданок равона шуда, боз дар 6 лоиҳа таъсиси корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмон пешбинӣ шудааст. Амалисозии лоиҳаҳои мазкур таъсиси 3500 ҷойҳои нави кориро таъмин мекунад.

Соли 2021 барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бо шарикони рушд ба маблағи зиёда аз 6 млрд сомонӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки 80%-и онҳоро грантҳо ташкил медиҳанд.

Русия гуфт, омадааст, ки барои ҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон кӯмак кунад

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия, Андрей Руденко гуфтааст, ки “Русия омода аст, ки таҷрибаи бойи худро дар мавриди таъйини хати марз бо Қирғизистон ва Тоҷикистон дар миён гузорад”.

Ин нуктаро Руденко, дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфтааст. Вай рӯзи 10-уми феврал гуфт, “мо таҷрибаи бой дорем, бахусус бо ҳамсояи муштараки онҳо – Қазоқистон”.

Руденко таъкид кардааст, ки вазъ дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар водии Фарғона ноором мондааст ва мояи нигаронии ҷиддии Русия мебошад.

“Мо ҳамеша ҷонибдори ҳалли баҳсҳо бо роҳи осоишта ҳастем. Яъне, риояи қатъии созиши оташбас, берун бурдани нерӯҳо ва техникаи низомӣ ва пешгирӣ аз барангехтани кинаю адовати миллӣ, аз ҷумла дар расонаҳо,” – афзудааст ӯ.

Ба қавли Руденко, “то ҳалли мушкили таъин ва нишонагузории марз, такрори муноқишаҳо дар сарҳад аз эҳтимол дур нест.”

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия, инчунин, зикр кардааст, ки Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз майли Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли баҳсҳо дар рӯҳияи ҳамсоядории нек пуштибонӣ мекунад.

Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад.

Дар охири моҳи январи имсол дар марзи миёни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз тарафи Тоҷикистон ду тан кушта шуданд.

Президент дар Хуҷанд ҷашни Садаро таҷлил намуда, як қатор иншоот боз кард

 Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 феврал дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, як қатор иншооти нав боз кард ва ба шаш оилаи ниёзманд манзил тақдим кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба ин муносибат дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳ ташкил шуда, гӯшаи аслии онро маҳсулоти ҳунармандии хос ба кишту кор ва деҳқониву чорводорӣ, монанди маҳсулоти оҳангарӣ, маҳсулоти деҳқонӣ, бахусус тухмии зироатҳо, меваҳову полезиҳо ва хушкмеваҳои хоси Тоҷикистон ташкил дод.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин асал ва маҳсулоти аз асал омодашуда, маҳсулоти нониву қаннодӣ, таомҳои хос ба халқи тоҷик ҷойгир карда шуд. Дар як қисмати ҷашнгоҳ намоиши бошукӯҳи либосу газворҳо ва матоъҳои миллии тоҷикон, аз қабили алоча, бекасаб, атлас, адрас, чит, сатин ва навъҳои дигари ҳунармандӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, бурёбофӣ, сабадбофӣ, армуғонсозӣ ва дигар намуди ҳунарҳо ташкил карда шуд.

Умуман саҳнаи чорабинии идона ба муносибати ҷашни Сада мувофиқи суннатҳои аҷдодӣ оро дода шуда, дар ду гӯшаи он ба таври сунъӣ оташи баланд, ки хос ба ин ҷашни бостонист, афрӯхта шуд.

Ҳамаи инро сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллат ташкил намуданд.

Дар Шаҳритус як раиси ҷамоат худро ба дор овехтааст

Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҷасади як раиси ҷамоаттро овехта пайдо кардаанд. Ин ҳодиса шаби 11 феврали соли 2022 рух додааст. Як манбаъ аз ҳукумати Шаҳритус рух додани ҳодисаро таъйид кард.

Манбаъ гуфт, ки шаби 11 феврал соли 2022 Хушқадам Нодиров раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияро овехта пайдо карданд. Сабабу омилҳои ҳодисаи рухдода бо раиси ҷамоат маълум нест.

Ин манбаъ мегӯяд, ки “мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ доранд”.

Хушқадам Нодирови 34-сола то вазифаи раиси ҷамоат, ба унвони нотариуси давлатӣ ва сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ҳамин ҷамоат кор кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend