Вафо Изатуллоев беш аз 20 сол боз ба ром кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ машғул аст. Ӯ мегӯяд, нисбат ба инсон бо ҳайвон унс гирифтан ва забон ёфтан осонтар аст. Хосса, агар аз хурдӣ бо навозиш парвариш намоӣ, бе ҳеҷ муҳобот итоат мекунад.
Дар сӯҳбат бо муаллифи Your.tj ӯ аз махсусиятҳои ром кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ, усулҳои барқарор намудани робита бо онҳо, роҳҳои омӯзонидани ҳар гуна машқу ҳаракатҳо ва дуруст дарк намудани хоҳишу талаботи онҳо қисса кард.
“Муносибатам бо ҳайвонот мисли падар бо фарзандон аст…”
Агар ҳашти субҳ барои аксарият оғози рӯзи корӣ аст, аммо барои қаҳрамони мо не. Зеро ӯ корро аз ҳафти саҳар оғоз мекунад ва як соат бо “шогирд” – онаш машқ мекунад. Мо низ ӯро вақте дарёфт кардем, ки дар утоқи кориаш аллакай тағйири либос мекард.
Вафо Изатуллоев ромкунандаи ҳайвонҳо аст ва дар ин ҷода собиқаи хеле зиёд дорад. Дар давоми солҳои кориаш даҳҳо ҳайвонро ром карда, амалҳои сиркӣ омӯзонидааст. Имрӯз “шогирд” – они ӯ чанд ҷуфт маймун, асп, хирс, енот,буз ва шутурмурғ мебошад. Онҳо “устод” – и хешро хеле дӯст медоранд ва ҳар рӯз омаданашро интизорӣ мекашанд.
“Вақте ба коргоҳ ворид мешавам, ҳайвонҳо садои маро шунида, беқарор мешаванд. Овозҳои гуногун мебароранд, таку дав мекунанд, яъне ба таври худ пешвоз мегиранд. Ин монанди он аст, ки падар ба хона меояд ва фарзандонаш ба истиқбол мешитобанд”,- нақл кард бо шавқ Вафо.
Қаҳрамони мо мегӯяд, ки ин амали ҳайвонҳо ӯро шод мекунад. Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ назди онҳо бо дасти холӣ намеояд. Ҳамеша бо худ ширинӣ ё чизи дигар мегирад.
“Вақте ҳайвонҳо хуш истиқбол мекунанд, барояшон савғотӣ медиҳам. Яъне, онҳоро ҳавасманд мегардонам, ки агар минбаъд чунин рафтор кунанд, подошашро мебинанд. Чунин тарзи муносибат имкон медиҳад, ки ҳайвонҳо дар муддати кӯтоҳ ром шаванд”,- афзуд ӯ.
“Тарсидед – бохтед, натарсидед – бурд кардед…”
Вафо Изатуллоев хислати ҳар як ҳайвонро медонад ва бо ҳар яке алоҳида кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки мақоли халқии “Бо сухани нағз мор аз хонааш мебарояд” ҳақиқат дорад.
“Агар бо ҳайвон муносибати хуб кунед, ӯ низ бо шумо чунин муносибат мекунад. Яъне, вақте ба сари ӯ дод задед ё ҷанг кардед, дигар ба суханатон итоат намекунад. Аҷиб, ки аксари ҳайвонҳо хотираи қавӣ доранд ва то дер чизеро фаромӯш намекунанд. Масалан, вақте барои ягон нағмааш хирсро ҷанг мекунам, боз зуд навозиш мекунам, зеро вай то 40 сол метавонад инро ба хотир гирад ва рӯзе аз ман қасдашро ситонад”,- шаҳр дод ҳамсуҳбати мо.
Қаҳрамони мо мегӯяд, ки ҳисси ҳайвон баланд аст ва ӯ дарк мекунад, ки чӣ мехоҳед. Барои бо вай гуфтугӯ кардан ягон забон лозим нест, ҷуз таваҷҷуҳи амиқ зоҳир кардан.
“Ҳайвон баръало ҳис мекунад, ки шумо метарсед ё дар ҳолати афсурдагӣ қарор доред. Агар вай ҳис кард, ки метарсед, аз болои шумо фармонфармоӣ мекунад. Агар аз аввал худро қавӣ гиред, вай ба шумо итоат мекунад ва аз фармонҳоятон сарпечӣ намекунад. Ба як маъно, агар ба ҳайвон мисли як кӯдак муносибат кунед, ҳатман бурд мекунед”,- гуфт Вафо.
“Таваккал омадам, рост баромад…”
Вафо Изатуллоев мегӯяд, ки барои ба ин соҳа омоданаш бародаронаш сабаб шудаанд. Зеро онҳо дар Сирки Душанбе фаъолият мекарданд ва гоҳ – гоҳ ӯро бо худ мебурданд.
“Вақте ба ром кардани ҳайвонҳо шурӯъ кардам, ҳамагӣ 20 сол доштам. Касе набуд, ба ман фаҳмонад, ки корро чӣ тавр шурӯъ кунам, чиҳоро бояд донам. Зеро хоҳ – нохоҳ бо ҳайвон, хосса ваҳшӣ кор кардан хеле хатарнок аст. Масалан, агар хирс як мушт занад, шикастани устухон ва ё сахт зарб хӯрдан аз эҳтимол дур нест”,- ба ёд овард ӯ.
Қаҳрамони мо мегӯяд, машқи ҳаррӯза имкон дод, ки зудтар бо ҳайвонҳо унс гирад. Зеро ҳайвон танҳо ба сухани нафаре итоат мекунад, ки бештар бо вай кор мекунад.
“Машқро аз амалҳои оддӣ сар карда, оҳиста-оҳиста, то амалҳои мураккаб мерасонем. Масалан, аввал бе мусиқӣ, баъд бо мусиқӣ, бо садоҳои гуногун ва ғалоғулаи одамон. Яъне, зина ба зина ҳайвонро барои ба саҳна баромадан омода мекунем, то натарсад”,- шарҳ дод Вафо.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, омӯзонидани як амал баъзан як моҳ, баъзан то як сол тӯл мекашад. Ин аз ҳайвон низ вобастагӣ дорад. Баъзеи онҳо зуд, баъзеи дигар дер меомӯзанд.
“Ҳайвон мебинад, ки омӯхтани ин ё он машқ барояш душвор аст, саркашӣ мекунад. Вале вақте забонашро меёбӣ, маҷбур мекунӣ, ночор итоат карда, амалро иҷро менамояд. Масалан, вақте хирсро аз дохили ҳалқаи оташ гузарониданӣ шудам, бовар накарданд. Аммо шукр, ки маро ноумед накард, вақте дар саҳна гузоштем, ба ҳайрат омаданд”,- бо ифтихор гуфт ҳамсуҳбати мо.
“Тими мо ба саҳнаҳои сирки ҷаҳонӣ қадам ниҳодааст..”
Вафо Изатуллоев мегӯяд, ки маҳз зиракӣ ва чолокии ҳайвонҳояш боис гардид, ки онҳо ҳатто дар саҳнаи сиркҳои ҷаҳонӣ ба эҳсос дода нашуда, хуб ҳунарнамоӣ карданд.
“Вақте дар кишвари Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кардем, бархеҳо бовар накарда пурсиданд, ки оё ҳайвонҳоямон воқеан ҳайвонҳои зинда ҳастанд ва ё бозичаанд. Ҳатто пешниҳод карданд, ки бар ивази хирс дилхоҳ ҳайвонро метавонам бигирам.
Дар як сафари дигар пас аз ду соати ба манзил расидан, ҳунарнамоӣ кардем. Аслан ин кор мумкин нест. Зеро ҳайвон бояд ду – се рӯз ба муҳити бегона мутобиқ мешуд”,- ба ёд овард ҳамсуҳбати мо.
Қаҳрамони мо ҳайвонҳояшро эҳтиром мекунад ва ҳамчун ҳамкасб муроҷиат мекунад. Маймунҳо – Лолита ва Раҷик, аспҳо – Генерал, Геракл ва Рахш, хирс – Принсеса, енот – Гоша, буз – Миша ном дорад ва ягона ҳайвони то ҳол беном шутурмурғ аст.
“Инҳо дар баробари ҳайвон будан, ҳунарманд низ ҳастанд, яъне шиноснома доранд. Вақте ба хориҷи кишвар, ба сафари ҳунарӣ мебароем, ҳатман шиноснома мепурсанд. Аз ин рӯ, аз хурдӣ ба онҳо номи мувофиқ мемонем, то дар хотираашон нақш бандад”,- шарҳ дод Вафо.
Қаҳрамони мо ва тими ӯ аз ягон сафари ҳунарӣ бо дасти холӣ барнагаштааст. Утоқи кории ӯро диплому грамота ва ҷоизаву мукофотҳои гуногун зеб медиҳанд. Аммо барои ӯ ва тимаш дастоварди арзанда ин табассум ва хушҳолии бинанда аст.
“Носазо мегӯянд, дилгир мешавем…”
Барои қаҳрамони мо ҳар як ҳайвон мисли фарзандаш азиз аст. Онҳоро дӯст медорад. Вақте касе таъна мезанад, озурда мешавад ва ҳатто суханҳои носазо мегӯяд.
“Вақте дар ҳаққи ҳайвонҳои ман сухани қабеҳ мегӯянд, қаҳрам меояд, асабӣ мешавам. Зеро барои он ки инҳоро омода кунам, чӣ қадар азоб кашидаам, танҳо худам медонам. Ба ҳайвон ту аз ӯҳдаи ин ё он машқ набаромадӣ гуфта садо баланд кардан мумкин нест. Вай ҳарчанд ҳайвон аст, ҳама чиро мефаҳмад, аммо забон надорад, ки ҷавоб диҳад”,- афзуд Вафо.
Ӯ аз он нигаронӣ мекунад, ки бархе бинандагон фарҳанги тамошо кардан надоранд. Дар ҷараёни намоиш халал мерасонанд, мағал мебардоранд, вазъро ноором месозанд.
“Як сухане баде, ки ман ва ҳамкасбони маро озурда мекунад, ин таънаи мардум. Гӯё сирк бӯйи бад мекунад ва дар ин ҷо бароҳат нишаста, тамошо кардан номумкин аст. Агар дар ягон ҳавлӣ чанд сар мурғ бошад, чӣ қадар бӯй мекунад, ба ҳама маълум аст.
Дар ин ҷо хирс, асп, буз, мор, енот, маймун, шутурмурғ ва даҳҳо ҳайвони дигар ҳаст. Ҳарчанд таҷҳизоти ҳавокашӣ шабонарӯз кор мекунад, аммо хоҳ – нохоҳ як бӯйи хос ҳаст”,- изҳори ҳайрат кард қаҳрамони мо.
“Ба тозагии ҳайвонҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳем…”
Ба қавли ӯ, онҳо ҳамеша пеш аз намоиш ҳайвонҳоро оббозӣ медоронанд. Танашонро тоза мекунанд, либосҳои озода мепӯшонанд, то зебову хушнамуд шаванд.
“Аксарият гумон мекунанд, ки мо ин ҳайвонҳоро аз қади кӯча гирифта, инҷо овардаем. Охир инҳо ҳарчанд ҳайвон ҳастанд, вале аллакай мисли инсонҳо зиндагӣ мекунанд.
Агар хирс дар табиат ҳама намуди ғизоро хӯрад, хирси ман танҳо ғизои тоза мехӯрад. Шояд бовар накунанд, аммо ҳамин зимистон вай ба бемории зуком гирифтор шуд. Оби биниаш рафт, доруву дармон кардем. Шукр, боз ба пой хест ва аз пайи машқ шуд”,- нақл кард қаҳрамони мо.
Вафо Изатуллоев умед дорад, дар ояндаи наздик нафароне пайдо мешаванд, ки хоҳиши идома додани кори ӯро доранд. Зеро ӯ намехоҳад, ки ин касб дар кишвар аз байн равад.
Амони Муҳаммад