Фирӯз Амонқулов, роҳбалади кӯҳнавардон аст.

“Роҳкушои қуллаҳои баланд”. Чи тавр Фирӯз аз борбардори одӣ роҳбалади кӯҳнавардон шуд

Фирӯз Амонқулов, роҳбалади кӯҳнавардон ва директори ширкати Tajikistan adventure аст. Ӯ сайёҳонеро, ки барои кӯҳнавардӣ ба Тоҷикистон меоянд, ба қуллаҳои баланди кишвар раҳнамоӣ мекунад. Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳо фаро гирифтааст, солҳои охир тавваҷҷуҳи сайёҳонро, махсусан ба сайёҳии кӯҳӣ бештар ҷалб кардааст.

Муаллифи Your.tj дар Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо – 11 декабр бо Фирӯз ҳамсуҳбат шуда буд. Мо тасмим гирифтем, ки дар Рӯзи байналмиллалии кӯҳнавардӣ ва кӯҳнавардон – 8 август қиссаҳои ҷолиби саёҳати ин фотеҳи қуллаҳоро пешниҳоди хонандагон гардонем.

Фирӯз бори нахуст ҳангоми мактабхонӣ ба сайёҳон роҳбаладӣ кардааст.

Аз борбардорӣ то роҳбаладӣ ва тарҷумони забони фаронсавӣ

Кӯҳнавардӣ, ҳарчанд, яке аз навъҳои варзиши хатарнок ва меҳнатталаб бошад ҳам, вале дӯстдоронаш онро истироҳат меноманд ва аз он лаззат мебаранд. Фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ осон нест ва малакаву донишу тавоноиро талаб мекунад. Аммо вақте шавқ ҳаст, инсон аз уҳдаи ҳама кор мебарояд. Қаҳрамони мо низ аз рӯйи шавқу ҳавас ба ин соҳа омадааст.

“Нафаре, ки дар кӯҳистон таваллуд шудааст албатта ба кӯҳҳову кӯҳгардӣ шавқ пайдо мекунад. Ҳарчанд роҳбаладиро аз солҳои донишҷӯӣ оғоз карда бошам ҳам, вале таҷрибаи аввалинро дар ин самт ҳанӯз дар давраи мактабхониям буд. Вақте мо дар синфи 8-ум мехондем, як гурӯҳ сайёҳони хориҷӣ барои кӯҳгардӣ бо аспҳо ба деҳаи мо омаданд ва ману дӯстонам хару аспҳоро оварда, давоми 12 рӯз ба онҳо хизматрасониву роҳбаладӣ намудем. Шавқ ҳам аз ҳамон вақт пайдо шуд”, – мегӯяд Фирӯз.

Яке аз малакаҳои асосии роҳбалад забондонист. Фирӯз Амонқулов низ ҳамчун донандаи забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла фаронсавӣ бо сайёҳон кор мекунад, вале чуноне ки худаш мегӯяд, фаъолияти ӯ дар ин соҳа боркашонӣ оғоз кардааст.

“Дар солҳои аввали донишҷӯӣ ҳанӯз бо сайёҳон кор намекардам. Корро аз соли 3-юми таҳсил оғоз намудам, вале он ҳам ҳамчун мутахассиси забондон неву ҳамчун борбардор. Ниҳоят аз курси 4-ум фаъолиятро ҳамчун роҳбалад ва тарҷумони забони фаронсавӣ оғоз намудам”.

Фирӯз ҳамроҳи сайёҳон.

Кӯҳнавардӣ мавсимист

Аз рӯйи гуфтаҳои Фирӯз Амонқулов, кӯҳнавардӣ дар кишвари мо мавсимист ва танҳо муддати 3,5 – 4 моҳ давом меёбад. Ҳарчанд, ки дар кишварҳои дигар дар фасли зимистон ҳам барои лижарониву саёҳат кӯҳнавардӣ мекунанд, вале дар мо ин гуна нест.

“Дар Тоҷикистон кӯҳнавардӣ мавсимист ва аз охири моҳи май оғоз ёфта то миёнаҳои моҳи сентябр давом мекунад. Дар моҳҳои дигар аллакай хунукии ҳаво барои кӯҳгардӣ имконият намедиҳад, зеро дар баландии зиёда аз 3000 метр шамол бениҳоят сард аст”.

Кӯҳнавардон ҳангоми фатҳи қуллаҳо.

Кӯҳҳои Тоҷикистон – мафтункунандаи сайёҳони хориҷӣ

Фирӯз асосан сайёҳону кӯҳнавардони хориҷиро роҳбаладӣ мекунад, махсусан аз кишварҳои Аврупо. Онҳо хоҳишу ҳаваси зиёд доранд. Мардуми худамон бошанд ба кӯҳнавардӣ кам шавқманданд, онҳо бештар сайёҳати нақлиётиро ба соҳили кӯлҳо меписанданд, ки ин ҳам барои рушди сайёҳии дохилӣ хуб аст.

“Меҳмонони мо асосан аз Фаронса, Олмон, Белгия, Швейтсария ва Британия ҳастанд.  Мардуми мо он қадар ба ин соҳа шавқ надоранд. Албатта, буданд дархостҳо аз ҷониби мардуми маҳаллӣ, вале танҳо сайёҳатҳои якрӯза, масалан, аз Душанбе то Искандаркӯл, ки ин ҳам қадами бузургест барои рушди сайёҳии дохилӣ. Аммо ягон дархосте аз ҷониби кӯҳнавардони маҳаллӣ ё нафарони шавқу ҳавасашон барои кашф кардани ҷойҳое, ки дар бораашон шунидаанду ҳаргиз надидаанд, набуд. Манзараҳое, ки Тоҷикистони мо дорад, шояд дар ягон кишвари дунё набошад, аммо боварӣ дорам, ки бисёри мардуми мо дар бораи онҳо ҳатто маълумот надоранд”,- мегӯяд Фирӯз ва тахмин мекунад, ки шояд ин аз серкориву набудани вақт ё имконият бошад.

Меҳмонон нисбат ба меҳмонхонаҳову нуқтаҳои махсуси истироҳат хаймаро меписанданд.

Normal track ва extreme track

Ширкатҳои сайёҳӣ барои кӯҳнавардӣ барномаҳои гуногунро пешниҳод мекунанд, ки онҳо мувофиқи табъу хоҳиш ва тавоноии мизоҷон тарҳрезӣ шудаанд. Интихоб дар дасти худи сайёҳ аст.

“Масалан, махсус барои сайёҳоне, ки танҳо кӯҳгардӣ мекунанд, аз 3500 км болотар намебароем. Инро дар англисӣ “normal track” мегӯянд, ки душворӣ надорад. Боз “extreme track” ҳаст, ки барои ин мебояд аз 4000 м баландтар баромада, пиряху қуллаҳоро фатҳ кард”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Фирӯз Амонқулов кӯҳнавардӣ кори мушкил аст ва мутобиқшавӣ ба иқлиму душвориҳои он вақтро талаб мекунад, ки ин дар тарҳрезии барномаи сафар бояд ба назар гирифта шавад.

“Масалан, як гурӯҳ сайёҳон мехоҳанд, ки се қуллаи 5000 м кӯҳҳои Фонро фатҳ кунанд. Барои онҳо махсус барнома ба муддати ду ҳафта таҳия мешавад, ки як ҳафтаи он пурра барои мутобиқ шудан ба иқлиму баландиҳои Тоҷикистон сарф мегардад. Мутобиқшавӣ кӯҳнавардонро аз ҳар гуна бемориҳои кӯҳӣ эмин медорад”,- илова кард ӯ.

Бештари меҳмонон нисбат ба меҳмонхонаҳову нуқтаҳои махсуси истироҳат хаймаро меписанданд, зеро лаззати кӯҳнавардӣ дар боду ҳавои тоза, манзараҳои дилфиреб ва шабҳоро дар хайма гузаронидан аст.

Кӯҳҳои Помиру шоҳроҳи он ва кӯҳҳои Фон диққати сайёҳонро бештар ҷалб мекунанд.

Кӯҳҳои Помир ва Фон – ду бренди асосии Тоҷикистон

Тоҷикистонро дар соҳаи кӯҳнавардӣ дар арсаи байналмилалӣ асосан ду бренд муаррифӣ мекунад – кӯҳҳои Помир ва кӯҳҳои Фон.

“Кӯҳҳои Помиру шоҳроҳи он ва кӯҳҳои Фон диққати сайёҳонро бештар ҷалб мекунанд ва дархостҳо ҳам асосан маҳз ба ҳамин ду самт меоянд. Вале барои дидани кӯҳҳои Помир хоҳишмандон зиёдтаранд. Инчунин, таърихнависону рӯзноманигорон низ, ки таърихи қадимаи сарзамини мо диққаташонро ҷалб кардааст, барои дидану омӯхтани кӯҳҳо ва шоҳроҳи Помир ба ин минтақа бисёр меоянд”,- илова намуд Фирӯз.

Таассуроти сайёҳон аз кӯҳҳои Тоҷикистон нотакрор аст.

Оилае, ки аз Белгия се маротиба ба Тоҷикистон омад

Манзараҳои Тоҷикистон мафтункунанда аст. Чуноне ки қаҳрамони мо мегӯяд, ба баъзе сайёҳон табиати диёри мо то ҳадде писанд меояд, ки онҳо боз чандин маротиба ба Тоҷикистон бармегарданд.

“Оилае аз Белгия се маротиба ба муддати як моҳӣ ба Тоҷикистон омада буданд. Бори аввали омаданашон ба қисмати шарқии мамлакат сафар карда будем, дафъаҳои баъдӣ қисматҳои дигарро бозбинӣ кардем. Барномаи сайёҳатамон омехта – қисман фарҳангиву қисман кӯҳгардӣ буд ва ба онҳо хеле писанд омад”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Саёҳати фаромӯшнашаванда

Дар солҳои аввали фаъолияташ, ки он вақт ҳанӯз ба сифати борбардор кор мекард, Фирӯз Амонқулов ба ҳодисаи аҷибе дучор омадааст, ки онро ба мо нақл кард.

“Тобистони соли 2009 мо бо се хонуми солхӯрдаи фаронсавӣ саёҳате доштем. Ҳамон рӯз бояд яке аз ағбаҳои 4000 метриро мегузаштем. Вақте ба гарданаи ағба расидем, бориши барф шиддат гирифт. Ҳаво хунук буду бод чунон мевазид, ки фикр мекардӣ тамом, поёни ҳаёт ҳамин аст. Чун ба меҳмонон нигоҳ кардам, ҳарсеяшон якдигарро сахт ба оғӯш гирифта мегиристанд.

Лаҳзаи бисёр душвор буд. Ниҳоят ба болои ағбаи Казнок баромадему бояд 1500 м  ба поён мефуромадем, вале он тарафи ағбаро барф пурра пӯшонда буд. Мо ҳамроҳ як хар доштем. Харамон ҳарчанд аз он тарафи ағба баромада бошад ҳам, аз ин тараф аз сабаби бисёрии барф фуромада натавонист. Хонумҳо боз ба гиристан сар карданд. Бо душворӣ роҳ ёфта аз ағба фуромадем.

Вақте то расидан ба кӯл 1 – 2 соат роҳ монда буд, ҳаво тағйир ёфту офтоб баромад. Замони ба кӯл расиданамон бошад аз барфу сардӣ нишонае ҳам намонда буд. Бубинед, мо дар миёни 2 соат шоҳиди ду саҳнаи аҷиби зиндагӣ гардидем. Аз ин рӯ, ҳар дафъа ба меҳмонон пеш аз ба сафар баромадан доим мегӯям, ки дар Тоҷикистон шумо метавонед дар як рӯз чор фасли солро бубинед”,- бо шавқ нақл намуд роҳбалад.

Дар Тоҷикистон дар як вақт чор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст.

“Аз Тоҷикистон дил кандан душвор”…

Ҳамсуҳбати мо ҳамеша шоҳиди он мешавад, ки сайёҳон пас аз омадану Тоҷикистонро шинохтан кишварамонро бисёр дӯст медоранд ва аз ин ҷо бо душворӣ дил канда мераванд.

“Ҳамин сол мо гурӯҳеро аз Швейтсария қабул намуда, 11 рӯз ҳамроҳашон сайёҳат кардем. Шаби охирин, ҳангоме ки бо онҳо хайрбод мекардем, ҳамаашон аз барои рафтанашону бо чунин мардуми меҳмоннавози дилкушод ҷудо шуданашон мегиристанд. Умуман, меҳмоннавозӣ, дасткушодӣ ва чеҳрахандонии мардуми мо дар хотираи меҳмонон таасуроти аҷиб мегузорад”,- гуфт бо ифтихор Фирӯз.

Ба гуфтаи ӯ дар кишвари мо сайёҳӣ сол аз сол карда истодааст ва ин самараи ба сайёҳони хориҷӣ бештар дастрас кардани маълумотҳои бештар дар бораи Тоҷикистон аст.

“Зеро Тоҷикистон яке аз кишварҳои хурдтарини Осиёи Марказӣ аст ва бештари сайёҳон дар бораи кишвари мо маълумоти бениҳоят кам доранд. Ҳангоми ба ин ҷо омадан ҳатто дақиқ намедонанд, ки ин чӣ хел кишвар асту чӣ гуна шароитҳо дорад”,- зикр кард ҳамсуҳбати мо.

Дар Помир қуллаҳои зиёди фатҳнашуда ё фаромӯшшуда мавҷуданд.

Қуллаҳои фаромӯшшуда

Ба гуфтаи ӯ ҳарчанд соҳаи сайёҳии мо имрӯз ба дараҷаи ҳамсояҳоямон, ки аллакай солҳои шӯравӣ дар ин самт пешқадам буданд, рушд наёфта бошад ҳам, вале мо дар айни ривоҷем ва дар ин ришта қадамҳои устувор гузошта истодаем.

“Имрӯзҳо, вақте сайёҳон омада ватани моро мебинанду бо мардум шинос мешаванд, ақидаашон дар бори Тоҷикистон ба куллӣ тағйир меёбад. Махсусан, ҳамаи ташрифовардагон, аз кадом гӯшаи дунё, ки набошанд, ҳамон меҳмоннавозии хосаи тоҷиконаро аз рӯзи аввали буду бошашон дар кишвар ҳис карда, ба мардуми маҳаллӣ дил мебанданд”,- афзуд Фирӯз.

Дар ҳоли имрӯз кӯҳнавардӣ яке аз самтҳои рушдёбанда ва маҳбуби соҳаи сайёҳӣ буда, дӯстдорони он аз тамоми гӯшаву канори дунё ба Тоҷикистон меоянд.  Дар ин шароит ба меҳмонон ба ҳадди зарурӣ муаррифӣ намудани кишвар басо муҳим аст.

“Тоҷикистон барои рушди соҳаи кӯҳнавардӣ ҳамаи шароитҳоро дорад. То имрӯз дар Помир қуллаҳои зиёди фатҳнашуда ё фаромӯшшуда мавҷуданд, ки онҳоро мебояд аз нав эҳё кард. Умедворам, ки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар солҳои наздик ба дараҷаи рушди кишварҳои ҳамсоя мерасад ва ҷойи махсусеро дар соҳаи кӯҳнавардии Осиёи Марказӣ пайдо мекунад”,- ибрози ақида кард Фирӯз

Меҳрангез СУЛТОНЗОДА

Skip to toolbar