Мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 21-уми апрел рост меояд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як нишаст, имрӯз, 18-уми апрел чунин тасмим гирифтааст.
Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози Иди Рамазон рӯзи 21-уми апрел, соати 6:30 дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон хонда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар нишаст гуфта шуд, ки имомхатибон вазифадоранд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намоянд ва дар ин самт худашон намуна бошанд.
Тибқи қарори Шӯрои уламо имсол фитри рӯза 7 сомонӣ, нисоби закот аз 32 ҳазор сомонӣ, ки аз ин маблағ 800 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.
Соли гузашта, моҳи Рамазон 2-юми апрел оғоз гардида, 2-юми май Иди Рамазон таҷлили гардида буд. Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад.
Имсол дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия Иди Рамазон рӯзи 21-уми апрел таҷлил мешавад. Русия ва Қазоқистон аллакай, эълон кардаанд, ки рӯзи 21-уми апрел дар ин кишварҳо Иди Рамазон таҷлил мешавад.
Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳам гуфтанд, ки тибқи ҳисоби пешакӣ Иди Рамазон 21-уми апрел таҷлил хоҳад шуд.
Туркманистон ҳоло рӯзи таҷлили иди Рамазонро эълон накардааст.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.