Раиси Агентии омор ва вазири меҳнат нав шуданд

Раиси Агентии омор ва вазири меҳнат нав шуданд

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, Раиси Агентии омори Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар ин курсӣ ба ҷойи Ҳасанзода Гулнора Кенҷа нишаст.

Тибқи иттилои “Азия-Плюс” тағйирот имрӯз, 5-уми январ, ба амал омада, Гулнора Кенҷа ба ҷойи Ширин Амонзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъйин гардидааст.

Субҳи имрӯз хабари аз курсии вазирӣ озод гардидани Ширин Амонзода расонаӣ шуда буд.

Ҳоло маълум нест ки Ширин Амонзода ба чӣ мансабе таъйин шудааст.

Аз Хадамоти матбуотии президент ба “Азия-Плюс” қаблан хабарҳо дар бораи тағйироти кадриро тасдиқ карда, вале гуфтаанд, ки “ҳоло расман фармонҳоро ба даст нагирифтем ва аз ин рӯ, мушаххасан чизе гуфта наметавонем”.

Дар назар аст, ки баъди зуҳри имрӯз фармонҳо дар хусуси тағйироти кадрӣ дар сомонаи расмии президент интишор шаванд.

Гуфта мешавад, ки дар баробари Ширин Амонзодаву Гулнора Ҳасанзода, ҳамчунин чанд мансабдори дигар низ аз вазифа озод ва чандеи дигар ба вазифаҳои нав таъйин шудаанд.

Skip to toolbar