fbpx

Соҳиби “Калашников”-е, ки дар Ҷайҳун боиси марги наврас шуд, боздошт гардид

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Соҳиби "Калашников"-е, ки дар Ҷайҳун боиси марги наврас шуд, боздошт гардид
Акс аз "Азия плюс"

Дар Русия қонуне қабул мешавад, ки бар муқобили шахсони бо роҳи никоҳи қалбакӣ шаҳрвандӣ гирифта амал мекунад

Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи қонунеро омода кардааст, ки мувофиқи имкони қонунӣ кардани мақоми шаҳрвандӣ дар ин кишвар аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ бо роҳи издивоҷи қалбакӣ ва муқаррар кардани падарии сохтакорӣ аз байн меравад.

Дар Русия қонуне қабул мешавад, ки бар муқобили шахсони бо роҳи никоҳи қалбакӣ шаҳрвандӣ гирифта амал мекунад

Дар ин бора ба ТАСС намояндаи расмии мақомот Ирина Волк рӯзи чоршанбе хабар дод.

«Дар ҳоли ҳозир Вазорати корҳои дохилии Русия лоиҳаи қонуни федералиро таҳия кардааст, ки ба такмили қонунгузории муҳоҷират дар самти рафъи истифодаи ақди никоҳи қалбакӣ ва муқаррар кардани падарии қалбакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд барои ғайриқонунӣ гирифтани мақоми муҳоҷират дар қаламрави Федератсияи Русия равона шудааст”,- гуфт ӯ.

Манбаъ кайд намуд, ки дар айни замон аз рӯи лоиҳаи қонун тартиби мутобиқкунии байниидоравӣ ба амал бароварда мешавад. Дар давоми 11 моҳи соли гузашта

«Мақомоти дахлдори Вазорати корҳои дохилии Русия дар минтақаҳои гуногуни он тақрибан 400 қарори бекор кардани иҷозатномаҳои қаблан ба шаҳрвандони хориҷӣ барои истиқомат дар Федератсияи Русия додашударо бинобар беэътибор донистани ақди никоҳи онҳо баровардаанд», – қайд кард ӯ.

Қонуни амалкунанда “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия” пешбинӣ мекунад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд метавонанд барои қабули соддакардашуда ба шаҳрвандии Русия муроҷиат кунанд, агар онҳо бо шаҳрванди Русия на камтар аз се сол издивоҷ карда бошанд, инчунин бидуни риояи ин мӯҳлат, агар соҳиби фарзанд шуда бошанд.

Соҳиби “Калашников”-е, ки дар Ҷайҳун боиси марги наврас шуд, боздошт гардид

Автомати «Калашников», ки охири моҳи декабр аз тири он як хонандаи мактаб дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) кушта шуд, ба Собир Тӯйчиеви 47-сола тааллуқ доштааст.

Соҳиби "Калашников"-е, ки дар Ҷайҳун боиси марги наврас шуд, боздошт гардид
Акс аз “Азия плюс”

Ин мардро баъд аз марги хонандаи синфи 9-ум, Фирӯзҷони Фирдавсӣ, боздошт карданд. Ҳодиса шоми 26-уми декабри соли гузашта рӯй дод.

Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ дар ноҳияи Ҷайҳун менависад, ки

«Собир Тӯйчиев падари ҳафт фарзанд буда, пас аз фирори Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1997 ва пароканда шудани қисми низомии зери роҳбарияш автоматро бо худ овардааст».

Мақомот дар вилояти Хатлон нисбат ба ӯ бар асоси қисми дуи моддаи 195 (расондан, ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ) парванда кушодаанд. Ба иттилои манбаъ, навраси кушташуда аз хешовандони дури Собир Тӯйчиев будааст.

Дар робита ба марги Фирузҷони Фирдавсӣ, ҳамчунин як ҷавони 18-сола ва ду ноболиғи дигар дастгир шуданд.

Намояндагони ниҳодҳои интизомӣ гуфтанд, тири автомат ба чашми чапи навраси 15-сола расид.

Муроҷиати электронӣ ба ВКД оиди ҷиноят дар шаҳри Душанбе имконпазир шуд

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе қабули аризаҳои аҳолӣ дар робита ба содир гардидани ҷиноят ба таври электронӣ аз тарафи ВКД ба роҳ монда шуд. Акнун сокинони пойтахт метавонанд, ба шуъбаи корҳои дохилӣ нарафта, ба воситаи барномаи махсус, оид ба содир гардидани ҷиноят ва арзу шикоятҳои худ тариқи электронӣ ариза супоранд ва раванди баррасии онро назорат кунанд.

Акнун сокинони пойтахт метавонанд тариқи электронӣ ариза супоранд.
Акс аз сомонаи cetrn.org

Аз ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар гуфтанд, он дар доираи “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025” роҳандозӣ гардида, дар назди Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД фаъол шудааст.

“Сокинони шаҳри Душанбе метавонанд маълумоти иловагиро дар бораи истифодаи барномаи мазкур тариқи рақами содаи 19 00 ё линки мазкур дастрас намоянд”, – гуфтанд аз ВКД.

Аз ин ниҳод гуфтанд, айни ҳол бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла суст будани суръати Интернет, линк ва рақами соддакардашуда фаъол нест, вале мутахассисони онҳо барои бартараф кардани мушкилиҳо кор карда истодаанд ва он рӯзҳои наздик фаъол мешавад.

Гуфта мешавад, ки он дар марҳилаи аввал танҳо барои сокинони пойтахт роҳандозӣ шудааст ва дар сурати татбиқи муваффақона дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ мегардад.

Манбаъ мегӯяд, мақсади асосии ислоҳоти милитсияро ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имконияти аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода шавад.

“Маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоат, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, бахусус донишҷӯён метавонем бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, ки имрӯз моро ба ташвиш овардаанд, мубориза барем”, – гуфтанд аз ВКД.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025” қабул гардид.

Сокинони Кӯлоб талаб карданд, ки сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов таҳқиқ шавад

Даҳҳо сокини шаҳри Кӯлоб дар назди сардхонаи бемористони шаҳр ҷамъ омада, аз мақомот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва муҷозоти омилони онро талаб намуданд.

Дар К=лоб аз мақомот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва муҷозоти омилони онро талаб намуданд.
Акс аз Радиои Озодӣ

Тавре Радиои Озодӣ менависад, ӯ дар пайи шиканҷаи кормандони милисаи шаҳр ба ҳалокат расидааст, аммо ВКД изҳор менамояд, ки ин ҷавон аз “истифодаи зиёди амфетамин” ба вафот намуд.

Ин расона менависад, ки Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола ва соҳиби ду фарзанд шаби 2-юми январ аз тарафи маъмурони милиса дастгир ва дар шароити мармуз ҷон додааст. Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа даргузашт.

Сафар Гиёев, тағои Абдуқаҳҳор Розиқов, рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “дар дасташ изи дастбанд аст” ва “баданаш пур аз осори шиканҷа” мебошад. Бинобар ин, ба гуфтааш, дар назди сардхона ҷамъ шуда, талаб карданд, то сабабгорони марги ҷиянаш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

“Милисаҳое, ки шаб ӯро бурда буданд, бояд ҷавоб диҳанд”, – гуфтааст Сафар Гиёев.

Дар ҳамин ҳол, ВКД бо нашри изҳорот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истифодаи зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин номид.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки 2-юми январи соли 2023 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милисаи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Пиронов Акбар Самадқулович, соли таваллудаш 01.10.1986, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ки қаблан бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст, ҳангоми ба муомилот баровардани маводи нашъадор дастгир ва аз ӯ 356 гр ҳашиш дарёфт карда шуд.

“Аз нишондодҳои дастгиршуда Пиронов А.С. маълум карда шуд, ки номбурда маводи нашъадори мазкурро аз шаҳрванд Розиқов Абдуқаҳҳор Исроилович, соли таваллудаш 28.02.1986, миллаташ тоҷик, сокини шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Даминзода, хонаи 289, муҷаррад, соҳиби 2 фарзанд, пеш бо моддаи 200 қисми 3 КҶ ҶТ суд шудааст, ба маблағи 5000 сомонӣ харидорӣ намудааст”, – менависад ВКД.

Дар изҳороти ВКД таъкид мешавад, ки 3-юми январи соли 2023, Розиқов А.И. дар манзили истиқоматиаш дастгир шуда, аз хонаи ӯ маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

“Пеш аз дастгир шудан шаҳрванд Розиқов А.И. маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) истеъмол намуда буд ва дар вақти ба Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон дастрас намудан дар роҳ номбурда бинобар сабаби истеъмол намудани теъдоди зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл) ба ҳалокат расид”, – менависад ВКД.

Наздикони Абдуқаҳҳор Розиқов бошанд, иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон додааст ва қазия бояд мунсифона таҳқиқ шавад.

Барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур прокуратураи минтақаи Кӯлоб парванда боз кардааст.

Гуфта мешавад, ки Абдуқаҳҳор Розиқов чанд сол пеш ба гумони муомилоти маводи мухаддир боздошт ва 12 сол зиндонӣ шуда буд. Ба қавли наздикон муҳлати ҷазояш тамом нашуда, аммо шартан дар озодӣ буд ва ҳар ҳафта дар борааш ба пулис гузориш медод.

Амакаш Ромиш Розиқов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, маъмурони милиса шаб хонаашонро кофтукоб карданд, вале “Милисаҳое, ки ӯро бурданд, мешиносем. Ба беморхона бурдаанд, духтурон гуфтаанд, аллакай мурдааст, ба МОРГ баред. Мошинааш то ҳол пушти дари милисахона аст,” – афзудааст ӯ.

Дар гузашта низ дар Тоҷикистон дар ҷараёни бозпурсии мақомоти милитсия ё Агентии назорати маводи нашъаовар чанд ҳодисаи ба ин монанд рух дода буданд. Мақомот чунин ҳодисаҳоро ба ногаҳон бозистодани кори дил, истеъмоли аз меъёр зиёди маводи мухаддир ё кӯшиши фирор аз ҷониби боздоштшудаҳо рабт медиҳанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend