Рақси фолклории тоҷикӣ

Рақси пантамимои тоҷикӣ. Раҷаби табақбоз барои эҳёи рақси фолклорӣ мекӯшад

Раҷаби табақбозро дар вилояти Хатлон бо рақси ғайриодияш мешиносанд. Ӯ бо рақси табақ мардумро ба хӯрдани оши палов даъват мекунад. Маҳмадраҷаб Рустамов бо ин ҳунараш натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар саҳнаҳои бузурги давлатҳои Русия, Полша, Беларусия, Туркманистон ва ғайра ҳунарнамоӣ кардааст. Муаллифи Your.tj бо Раҷаби табақбоз ҳамсуҳбат шуда, аз нозукиҳои ҳаракатҳои ҷаззоб аз вижагиҳои рақси табақ нақл кард.

“Ошпазиро тамошо карда, рақс бо табақро ба саҳна гузоштам”

Маҳмадраҷаб Рустамов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон буда, хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аст. Аз даврони донишҷӯйӣ то кунун рақсҳои фолклории мадуми кӯҳистон, хусусан рақс бо табақро иҷро мекунад. Ҳамин аст, ки ӯро дар Хатлон бо тахалуси Раҷаби табақбоз мешиносанду ба чорабиниҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ даъват мекунанд.

Ҳаҷву шӯхӣ, рақсу сурдхонӣ ва навохтани доираву таблак аз айёми наврасӣ шуғли дӯстдоштаи ин ҳунарманд буд ва касе аз аҳли хонавода монеи ин кораш намешуданд. Соли 1985, аёми донишҷӯйӣ устоди рақс Баҳром Темиров ҳаракатҳои Маҳмадраҷабро дида, барояш маслиҳат медиҳад, ки дар жанри пантамимо, яъне рақс бо табақро иҷро намояд.

“Сухани устодро дар замин намондам. Вай гуфт, ки чунин ҳунари қадимии халқи тоҷик аз байн рафта истодааст. Барои иҷрои ин рақс маҳорати актёрӣ низ лозим аст.

Мазмуни ҳаракатҳои ин рақс мардумро ба хӯрдани оши палов даъват кардан аст. Моҳҳо назди ошпаз истода, вижагиҳои пухтани оши паловро омӯхтам ва рақс бо табақро рӯйи саҳна овардам”,- мегӯяд Раҷаби табақбоз.

10 табақро шикаст ва устоди рақс шуд

Нахустин ҳунарнамоии ӯ дар зодгоҳаш, ноҳияи А.Ҷомии имрӯза дар замони шӯравӣ сурат гирифт. Қаҳрамони мо дар як фестивал баромад кард. Тамошобинон рақси ӯро хуш пазируфтанд, вале ба аъзои ҳакамон чандон писанд наомад ва ба ӯ 8 хол доданд. Ба гуфтаи вай он замон худи ҳакамон аз таърихи рақси пантамимо воқиф набуданд.

Соли 1987 ӯро барои иҷрои рақси табақ ба чойхонаи машҳури ҳамонвақтаи Мушфиқӣ дар шаҳри Қурғонтеппа, ҳозира Бохтар даъват карданд ва рақсро бо камоли майл иҷро намуд.

Худи ҳамон сол аз тарафи ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамзия Бакал барои иштирок дар фестивали умумииттифоқии эҷодиёти халқ ба шаҳри Мокваи Федератсияи Русия даъват шуд. Аз ҳамон сол ин намуди рақс дар Тоҷикистон шинохта ва маъмулу машҳур гашт.

“Дар як вақт бо се табақ рақсидан хеле мушкил аст. Ҳангоми рақсидан табақро аз болои сар ба пушт мефарорам. Барои ин рақсро аз худ кардан, ду сол дар хона машқ карда, 10 табақро шикастам. Қариб маро аз хона пеш кунанд. Ҳоло табақе, ки бо он мерақсам, 37 сол умр дорад”,- бо табассум ба ёд овард Раҷаби табақбоз.

Пантамимо, рақси ҳазломез, мардона ва рақс бо табақ дар натиҷаи экспедитсияи мардумшиносӣ ва фарҳангшиносии кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда, дар китоби  “Фарҳанги ғайримодии халқи тоҷик” (Душанбе: «Истеъдод», 2019) низ сабт гардидааст.

Табақ афтоду ба домани тамошобин рафт

Соли 1987 дар қасри Кремли шаҳри Москва дар доираи фестивали  умумииттифоқии эҷодиёти халқ анҷуманҳо доир гардид, ки қаҳрамони мо низ он ҷо иштирок дошт. Ӯ ҳамон вақт ҷоизаи умумииттифоқиро соҳиб гардид.

Соли 1988 низ дар фестивали байналхалқии фолклорӣ, ки он ҳам дар шаҳри Москва доир гардид, бо рақси табақ ҳунарнамоӣ кард. Аъзои ҳакамони рақси ӯро ҳамчун беҳтарин рақси эҷодиёти мардумии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфтанд ва он дар хазинаи сабти тиллоии шаҳри Москва то кунун маҳфуз дошта шудааст.

Маҳмадраҷаб Рустамов дар даҳҳо чорабинии сатҳи ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

“Вақте дар Ҷумҳурии Туркманистон ҳунарнамоӣ кардем, ҳангоми рақсидан табақ аз нӯги ангуштам париду дар бағали як духтараки тамошобин афтод. Рақскунон ба наздаш рафтаму бо имову ишораи шӯхиомез гуфтам, ки Шумо табақи маро гирифтед ва аз дасташ табақро бозпас гирифтам. Тамошобинон пай набурданд, ки табақ аз дасти ман афтидааст. Ҳама хандиданду қарсак заданд”,- бо завқ нақл кард раққос.

Кори хайр аз рақси табақ

Дар шаҳри Закомпанияи Ҷумҳурии Полша ҳангоми ҳунарнамоӣ кардан тамошобинон табақҳои Маҳмадраҷаб Рустамовро пур аз пул карданд ва ӯ пулҳоро ба масҷид супорид. Имомхатиб кори хайри ӯро дида, аҳсану офарин хонд ва аз сабабашро пурсон шуд.

“Гуфтам, ки мо мардуми тоҷик дасти хайр дорем, ба масҷидҳову мардуми нодор ҳамеша кумак мекунем”,- афзуд ӯ.

Маҳмадраҷаб Рустамов, бо нишониҳои сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии маориф ва илми Ҷумуҳрии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.

Амонҷон Муҳиддинов, журналист

Skip to toolbar