fbpx

Раққоси тоҷик: “Рақс натанҳо хоси занон, балки мардон низ ҳаст ва он шахсро ҷавон нигоҳ медорад!”

Дар ҷомеаи суннатӣ баъзе нафарон раққос шудани мардро чандон қабул надоранд, гӯё рақсидан на кори мард, балки зан аст. Вале қаҳрамони мо ба ин фикр розӣ нест.


-1
-1 points

Султон Қурбонзода, сокини вилояти Хатлон тайи солҳои зиёд ки ба шогирдонаш ҳунари рақс меомӯзад. Ӯ яке аз хореографҳои варзида ба шумор меравад ва ба ақидаи “рақс касби занона аст” розӣ нест. Қаҳрамони мо айни замон дар театри мусиқӣ- мазҳақавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар фаъолият дорад. Муаллифи Your.tj ба коргоҳи ӯ рафт то аз зиндагиву фаъолияташ қисса кунад.

Раққос бояд ҳаракатҳои мардона дошта бошад

Султон Қурбонзода зодаи ноҳияи Ёвон аст. Соли 1979 баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии санъати ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дохил шуда, соли 1983 онро бо муваффақият хатм мекунад. Худи ҳамон сол бо роҳхати Вазорати фарҳанги кишвар ба шаҳри собиқ Қӯрғонтеппа, ҳозира Бохтари вилояти Хатлон ба кор меояд.

Дар ҷомеаи суннатӣ баъзе нафарон раққос шудани мардро чандон қабул надоранд, гӯё рақсидан на кори мард, балки зан аст. Вале қаҳрамони мо ба ин фикр розӣ нест. Мегӯяд, ки дар интихоби касб миёни марду зан тавофут гузошта намешавад.

«Касб умуман занонаву мардонагӣ надорад. Ҳунар танҳо доди Худо аст. Мардҳое ҳастанд, ки аз занҳо дида беҳтару хубтар мерақсанд. Дар саҳнаҳои касбӣ баъзан вақт рақкос лозим мешавад, лекин мард бояд ҳаркатҳои мардона дошта бошад, на занона. Рақси мард аз занҳо бо ҳаракатҳои кӯшоду фаррох фарқ мекунад ва он ҳеҷ ҷои бадӣ надорад”,- мегӯяд, Қурбонзода.

Ҳамсафари зиндагияшро аз саҳна дарёфт

Дар интихоби санъати рақс ба Султон Қурбонзода касе аз хонавода монеъ нашуданду баръакс барои ҳунарманди касбӣ шуданаш дастгирияш карданд. Ба гуфтаи худаш, бародарону хоҳаронаш низ санъати рақсро меписанданд. Ӯ ҳамсафари ҳаётии худро аз саҳнаи рақс пайдо кард ва шукр мегӯяд, ки то ба имрӯз ишқашон побарҷост.

«Баъди хатми донишгоҳ корро шурӯъ кардам. Дар як базм мерақсидам, ки як ҷавондухтари зебо рақси маро дида ошиқам шуд. Бо вай вохӯрда, ҳарду бо ҳам изҳори муҳаббат кардем. Падару модарамро ба хонаашон хостгорӣ равон кардам. Онҳо низ розӣ шуданду мо бо ҳам арӯсӣ кардем. Алъон соҳиби 3 фарзанду 5 набера ҳастам», – нақл мекунад раққос.

Фарзандон аз раққос ва ҳунарманди касбӣ будани падарашон ифтихор мекунанд, зеро маҳз ҳамин рақси падар сабаб шуду онҳо аз деҳаи Заркамари ноҳияи Ёвон ба маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар омаданд. Дар инҷо таҳсил карданду соҳиби маълумоти олӣ ва ҷойи кор гардиданд. Онҳо ҳунари падарро хеле дӯст медоранд. Дар баъзан маврид барои беҳтар рақсиданаш тавсия низ медиҳанд. Вале касе аз онҳо санъати рақсро аз худ накардааст. Мисли падарашон дар интихоби касб озод ҳастанд.

Садои тир ба гӯш мерасид

Қаҳрамони мо дар дохилу хориҷи кишвар сафарҳои ҳунарии бисёре дошт. Ба нақли худи ӯ даҳшатбортар сафараш дар Афғонистон будааст.

“Сафарҳои хуби ҳунарӣ ба вилояти Суғд, Бадахшон, Русия, Полша, Олмон ва Афғонистон доштем, ки санъати рақси халқи тоҷикро дар саҳнаҳои калон ба мардум нишон додем. Соли 1986 вақте дар Афғонистон баромад мекардем, низомиён дар гирди мо ҷамъ мешуданд, то ҳодисаи нохуб ба миён наояд. Садои тир ба гӯшамон мерасид. Каме ҳисси тарсу ваҳм вуҷудамонро фаро мегирифт. Бо вуҷуди ин мо ҳунари асили халқи тоҷикро дар он ҷо муаррифӣ кардем”, – ба хотир меорад, Султон.

“Ҷавонон бояд ба рақси худамон таваҷҷӯҳ кунанд, на ғарб”

Ба гуфтаи Султон Қурбонзода нисбат ба замони Шӯравӣ имрӯз талабот ба санъати рақси хориографӣ дар мамлакат хеле кам аст. Ҷавонон майл ба санъати рақси минтақаи ғарбро доранд. Аз ҷавонон хоҳиш мекунад, ки рӯ ба санъати милати худ оварда, санъати рақси хориографиро пос доранд.

Дар ансамбли «Хутал»-и шаҳри Бохтар беш аз 10 нафар писар санъати рақси мардонаро меомӯзанд. Қаҳрамони мо да тӯли фаъолияти чандинсолаи худ ба даҳҳо нафар писару духтар ҳунари рақсро омӯзонда, онҳоро рӯи саҳнаҳои калони касбӣ баровардааст.

Азиза Қудусоваи 22 сола аз шогирдони фаъоли Султон Қурбонзода аст, ки аз айёми наврасӣ ба санъати рақс шавқи беандоза дошт. Тӯли 7 сол аст, ки ӯ дар назди устодаш нозукиҳои ин касбро меомӯзад. Азбаски волидайни санъаткор дорад, мехоҳад ояндаи худро дар саҳнаи санъат бипайвандад.

«Таҷрибаи устод дар санъати рақс хеле зиёд аст, ба кишварҳои зиёд сафар кардаанд ва диди тоза доранд. Қариб ҳар рӯз ҳаракатҳои наву ҷолибро ба мо ёд медиҳад. Моро аз саҳнаи кӯчак ба саҳнаҳои касбӣ ва бузург овард»,-гуфт Азиза Қудусова.

«Ҳамсинфонам мӯйсафед шуданд»

Санъати рақс Султон Қурбонзодаро ҷавон нигоҳ дошт. Ҳар гоҳе, ки ба зодгоҳаш деҳаи Заркамари ноҳияи Ёвон меравад, ҳамсинфонаш ба ӯ бо тааҷуб менигаранд ва мегӯянд, «дар миёни гулдухтарон рақсу сурудхонӣ карда, ҷавон мондаӣ”.

-Вақте ба деҳа мераваму ҳамсинфони худро мебинам, зоҳиран нисбати онҳо хеле ҷавон вонамуд мешавам. Аксарияти онҳо риш мондаанду мӯйсафед шудаанд. Санъат инсонро пир намекунад”, – бовар дорад ин раққос.

Амонҷон Муҳиддинов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend